ДАР БОРАИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛОВАГӢ ДОИР БА ДАСТГИРИИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНЕ, КИ НУҚСИ ШУНАВОӢ ВА НУТҚ ДОРАНД

Дар солҳои охир дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои муттасил андешида мешаванд, ки ба пурзӯр намудани мадади тиббиву иҷтимоӣ ба шахсони ногиро ва дигар қишрҳои аҳолии аз лиҳози иҷтимоӣ заиф нигаронда шудааст.

Ҳамзамон ногузирии минбаъд такмил додани низоми мутобиқсозии шахсони аз ҷиҳатҳои шунавоӣ ва нутқ нуқсдошта ба шароити мавҷудаи ҳаёт аз ҳисоби комилан таъмин намудани онҳо ба дастрасии захираҳои иттилоотӣ ва имконоти робита доштани онҳо бо хидматҳои таъҷилии фавқулоддаи давлатӣ вуҷуд дорад.
Бо мақсади таъмини ҳамгароии комили иҷтимоии шахсони аз лиҳози шунавоӣ ва нутқ нуқсдошта бо ҷамъият, ба ҷанбаи расондани мадади тиббиву иҷтимоӣ барои қишрҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ заифи аҳолӣ татбиқ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ҳамчунин ба вуҷуд овардани ҳимояи бовариноки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони тоифаи мазкур:
1. Бо пешниҳодоти Вазорати вазъиятҳои фавқулодда, Вазорати тандурустӣ, Вазорати рушди инноватсионӣ ва Вазорати молия дар бораи аз 1 июли соли 2019 дар ниҳоди Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис додани Хидмати танзимгар оид ба ҳамроҳии иҷтимоии шахсоне, ки нуқси шунавоӣ ва нутқ доранд, (минбаъд – Хидмати танзимгар) бидуни мақоми шахси ҳуқуқӣ мувофиқа карда шавад.
2. Вазифаи асосии Хидмати танзимгар шабу рӯз таъмин намудани зуд дар ҳамоҳангӣ бархӯрд намудани хидматҳои таъҷилии фавқулодда (101, 102, 103, 104, 1050) ба муроҷиатҳои аз шахсони нуқсони шунавоӣ ва нутқ дошта ва ҳамчунин аз намояндагони онҳо аз тариқи воситаҳои техникӣ расида (даъвати видеоӣ, хабари матндор, даъват аз тариқи барномаи таъминоти махсус ва ғайра) муайян карда шавад.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
Хидмати танзимгар аз ҳисоби барои Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар марҳалаи ибтидоӣ ҷудо намудани 10 воҳиди иловагии штат (як нафар хидматчии ҳарбии таркиби сержантӣ, нӯҳ нафар хидматчӣ) бо баъдан то 22 воҳид расондани миқдори онҳо вобаста ба ҳаҷми хабар ва муроҷиатҳои расида ташкил мегардад;
харҷ вобаста ба ҷиҳозонии ибтидоии техникии Хидмати танзимгар (таҷҳизоти сервер, техникаи компутерӣ ва оргтехника, таъминоти барномавӣ) аз ҳисоби маблағи Фонди рушди кумаки таъҷилии тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарпур карда мешавад;
нигоҳдории ҷорӣ ва фаъолияти молиявии Хидмати танзимгар аз ҳисоби маблағи буҷа, ки ҳар сол ба Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо карда мешавад, ба амал оварда мешавад.
Ба Вазорати вазъиятҳои фавқулодда ҳуқуқи мувофиқсозӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳолати ногузир пешниҳод намудани воридсозии тағйирот ба миқдори штати муқарраргардидаи Хидмати танзимгар бо назардошти талаби сархати дуюми банди мазкур вогузор карда шавад.
4. Ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар муддати як моҳ якҷоя бо Ҷамъияти карҳои Ӯзбекистон ба Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон номзадҳоро аз ҷумлаи мутахассисоне, ки забони ишораҳоро баладанд, бо мақсади пурра намудани таркиби Хидмати танзимгар бо мутахассисони соҳибмалака, ки дар дараҷаи касбӣ иҷрои вазифаҳои гузошташударо барои таъмин намудан қодиранд, пешниҳод намояд;
дар муддати се моҳ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷавии худ пойгоҳи электронии маълумоти хусусии шахсони молики нуқсҳои шунавоӣ ва нутқиро таъмин намояд.
5. Ба Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар муддати ду моҳ якҷоя бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дигар вазорат ва идораҳои манфиатдор регламенти Хидмати танзимгарро тасдиқ намояд;
дар муддати ду моҳ якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳозонидани техникии Хидмати танзимгар (таҷҳизоти сервер, техникаи компутер ва оргтехника, таъминоти барномавӣ)-ро таъмин намояд;
дар муддати се моҳ чорабиниҳоро доир ба ҷойгирсозӣ, ҷиҳозонӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои ташкилиро дар заминаи таъмини фаъолияти комили Хидмати танзимгар бо назардошти махсусияти фаъолияти он андешад;
дар муҳлати то 1 июли соли 2019 якҷоя бо Вазорати рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Вазорати рушди инноватсионӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар идораҳои манфиатдор низоми информатсиониро таҳия ва татбиқ намояд, ки бепул пешниҳод намудани хидматрасониро ба шахсони соҳиби нуқси шунавоӣ ва нутқ дар бобати ҳамдастӣ бо хидматҳои таъҷилии фавқулодда, аз он ҷумла зимни истифода аз сервисҳои алоқаи мобилӣ пешбинӣ менамояд;
дар муддати ду моҳ якҷо бо вазорат ва идораҳои манфитдор ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳодотро дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ бино бар қарори мазкур пешниҳод намояд.
6. Ба Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телерадиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар воситаҳои ахбори оммавӣ матолиб ва барномаҳои дахлдори телевизиониро дар заминаи равшан намудани мақсад ва вазифаҳои қарори мазкур ташкил намоянд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. А. Худайбергенов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов  гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
18 марти соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: