СОҲИБКОРОНИ ТУРКИЯ ДАР НАМАНГОН

Ҳайат бо сарварии директори генералии ширкати «Kanimed Alles Sag`lik Cozumleri A.S»-и Туркия хонум Филиз Эрдуғон бо сафар ба вилояти Намангон омад.

Дар вохӯрие, ки дар ҳокимияти вилоят ба ин муносибат баргузор шуд, ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр сохт, ки шартномаҳои ҳангоми сафарҳои дараҷаи олӣ ба имзорасида, ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳаҳои савдову иқтисодиёт ва фарҳангро ба сатҳи сифатан нав бардоштанд. 
– Алҳол халқҳои ӯзбек ва турк, ки ягонагии забон, таърих ва маданият онҳоро муттаҳид менамояд, дар  соҳаи шарикии тиҷоратӣ низ ба натиҷаҳои баланд муваффақ мешаванд, – гуфт Х. Бозоров. – Инак, танҳо як мисол. Соли гузашта бо иштироки ширкатҳои Туркия ба маблағи 400 миллион доллари ИМА муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла, мунтазам ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба бо мутахассисони пешқадами турк дар соҳаҳои ташхис ва табобати бемориҳо муҳокима гардиданд. Бобати ҷалби сармояҳо ба иқтисодиёти мамлакати мо, татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои пешомаднок табодули афкор ба амал омад.
Тавре ки Филиз Эрдуғон таъкид кард, ширкати «Kanimed Alles Sag`lik Cozumleri A.S» дар шаҳри Тирмиз лоиҳаро бо ҷалби сармояҳои бевосита ба маблағи беш аз 1 миллион доллари ИМА татбиқ менамояд. Сармояҳои мазкур ба корҳои хайр, аз ҷумла бунёди Маркази лабораториву диагностикӣ, равона мешаванд. Дар ин самт дар вилояти Намангон низ корҳо идома доранд. Беш аз 2 миллион доллар барои вусъат додани имкониятҳои дар вилоят мавҷудбуда бинобар хидматҳои босифати тиббӣ ба аҳолӣ равона хоҳад шуд.
Ҳангоми сафараш ба вилояти Намангон, ки 28 феврал – 1 марти соли равон ба вуқӯъ омад, Президенти кишвари мо Шавкат Мирзиёев бобати дар ноҳияи Учқӯрғон бунёд намудани Маркази ҳозиразамони гемодиализ ва лабораторияи ташхисӣ таклиф пешниҳод карда буд. Дар ҷараёни мулоқот пешомади ҳамкориҳо дар самти мазкур баррасӣ шуданд.
Меҳмонон ба ноҳияи Учқӯрғон рафтанд ва масъалаи татбиқ намудани лоиҳаи бунёди Маркази гемодиализ ва лабораторияи ташхисиро омӯхтанд.

Акрамҷон САТТОРОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: