СУРХОНДАРЁ БА ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ОМОДАГӢ МЕГИРАД

Ҳунари нодири сароиши ҳалқӣ ё бахшигарӣ як ҷузви эҷодиёти шифоҳӣ маҳсуб меёбад.

 Мутахассисон бар онанд, ки ин усули сароиш аз иҷрогарон нерӯи зиёдеро тақозо дорад. Сароиши ҳалқӣ ё бахшигарӣ дар кишвари мо асосан дар воҳаҳои Сурхондарё, Қашқадарё ва қисман дар Фарғона густариш ёфтааст.
Дар Сурхондарё бахшиёни қадиму ҷадид  ба сар бурдаанд. Яъне ин ҳунар дар ин минтақа бесобиқа нест.
Ба мақсади ҳифзу рушди намунаҳои нодири ҳунари сароиши ҳалқӣ (бахшигарӣ) ва достонсароӣ, тарғиби васеъи он, дар дили насли ҷавон ангехтани ҳисси ҳурмату эҳтиром ба ин навъи ҳунар, бастани риштаҳои дӯстиву бародарӣ дар байни халқҳои гуногун ва вусъат бахшидани доираи робитаҳои фарҳангиву маънавӣ дар миқёси байналхалқӣ ба тасвиб расидани қарори Президенти мамлакат «Дар бораи баргузор намудани Ҷашнвораи байналхалқии ҳунари сароиши халқӣ (бахшигарӣ)» воқеаи таърихӣ гардид. 
Ҷашнвора бояд дар ҳафтаи аввали моҳи дуюми баҳори нозанин дар Тирмиз баргузор шавад. Ба ин муносибат, яъне омодагирӣ ба ҷашнвораи мазкур,  дар студияи назди ШС «O’zbektelekom» дар шакли  мулоқоти видеоселекторӣ таҳти раёсати директори ҷашнвораи «Шарқ тароналари»  Фарҳод Ҷӯраев нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар мулоқоти видеоселекторӣ аз ҷониби Сурхондарё ҷонишини ҳокими вилоят Рӯзимурод Чориев, аъзои комиссияи омодагирӣ, фаъолон ва бахшиёни номӣ ширкат ҷустанд.
Рӯзимурод Чориев изҳор дошт, ки дар вилоят ба ин ҷашнвораи бошукӯҳ, ки бори аввал баргузор мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ гирифта мешавад. Кӯчаҳо тамиз карда мешаванд, амфитеатр ба тартиб андохта мешавад, дар фурудгоҳ  ва вокзали Тирмиз корҳои тармиму таҷдид идома доранд, меҳмонхонаҳо ба қабули меҳмонон омодаанд, дар хиёбону боғҳои истироҳат корҳои кабудизоркунӣ дар авҷ. Чорабиниҳои асосӣ аз он ки дар қасри санъат ва гирду пеши он мегузаранд, барои 1700 нафар тамошобин ҷой омода карда шудааст
— Дар мактабҳои мусиқии вилоят, — гуфт дар идомаи суханаш ҷонишини ҳоким, — таҳти роҳбарии  бахшиёни шинохта ин ҳунари нодир ба насли ҷавон омӯхта мешавад. Дар вилояти мо ба оилаҳое, ки тифли навзод ба дунё меояд, туҳфа кардани китоби бузургҳаҷми «Алпомиш», ки достонҳои зиёдеро дар бар гирифтааст, ба ҳукми одат медарояд. Бигузор, онҳо аз қаҳрамониҳои бемислу монанди ин қаҳрамону паҳлавони мардумӣ огоҳӣ ёбанд ва Ватанашонро мисли ӯ дӯст доранд.
Аз ҷониби баромадкунандагон таъкид гардид, ки дар доираи ҷашнвора доир ба масоили рушди ҳунари сароиши ҳалқӣ (бахшигарӣ) ва достонсароӣ, дар фарҳангу ҳунар ҷойгоҳи худро пайдо кардани бахшиёну оқинон таҳти мавзӯи «Ҷойгоҳи ҳунари сарояндагии ҳалқӣ (бахшигарӣ) дар тамаддуни ҷаҳон» конфронси илмию маърифатӣ баргузор хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки дар ҷашнвора аз 80 мамлакати ҷаҳон 300 нафар сарояндагон, олимон ва дигар мутахассисон иштирок менамоянд. Дар баробари ин, аз 20 давлати дунё 29 нафар ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ даъват карда шудаанд, иштироки бахшӣ ва достонсароёни моҳир аз Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Сербия, Туркия, Озарбойҷон, Булғория, минтақаҳои Бошқирдистону Хакасияи Русия ва дигар мамлакатҳо дар мадди назар аст. Дар ҷашнвора аз созмонҳои бонуфузи байналхалқии ЮНЕСКО ва АЙСЕСКО (соз-мони исломӣ доир ба таълим, илм  ва фарҳанг) намояндагон, ҳамчунин, аз кишварҳои Афғонистон, Туркия, Тоҷикистон, Кувайт ва дигар давлатҳо меҳмонони ифтихорӣ иштирок менамоянд.
Куҳансолтарин иштирокдори ҷашнвора Ҳаким Ҳотамови 90 - сола аз Тоҷтикистон ва ҷавонтарин иштирокдор — бахшии 9 - сола аз Малайзия мебошад.
— Бешубҳа, Ҷашнвораи байналхалқии ҳунари сароиши ҳалқӣ ва достонсароӣ низ мисли ҷашнвораи мақомсароён ба таври боиставу шоиста мегузарад. Зеро диққату эътибор ба такрор накардани камиву кӯтаҳиҳо нигаронида шудааст, — гуфт Ф. Ҷӯраев.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: