ИСЛОҲОТИ ТАЪЛИМ АМАЛӢ МЕГАРДАД

оё натиҷаҳо қонеъкунандаанд?

Дар даҳ-дувоздаҳ соли охир таҳти шиори «Эътибор ба мактаб – эътибор ба оянда» ба соҳаи таълим эътибор пурзӯр гашт. Ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудани ғамхориҳо дар ин самт, албатта, самараи худ бахшиданд ва бахшида истодаанд. 
Як-ду сол аст, барои ба зинаҳои боз ҳам баланд бардошта шудани сифати таълим лоиҳаҳо кор карда бароварда мешаванд. Буҷаи давлатӣ дар ин самт ба дараҷаи лозимӣ маблағ ҷудо менамояд. Хуллас, барои бо асосҳои илму дониш мусаллаҳсозии фарзандонамон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Бо ифодаи дигар, барои татбиқи ислоҳот дар соҳаи таълим таҳтидилона кор кардан лозиму халос. Муаллимони фидоӣ барои самаранок истифода бурдани ҳар як сонияи дарси худ ҳаракат намуда, шогирдони сазовор омода менамоянд.
Бале, муаллимони фидоӣ. Дигарон-чӣ? Дар бораи ислоҳот дар соҳаи таълим батакрор ҳарф мезанем. Вале аз натиҷаи онҳо қонеъ ҳастем?
Мактаб ва муаллим. Бешак, ин ду мафҳум ба қалби ҳар яки мо қарин. Ва ҳар кадомамон, аз ҷиҳате, алоқаманд ба даргоҳҳои маърифатем. Фарзанд, набера, абера, ҳеҷ набошад ҳамсояи «кӯчаки» мо дар мактаб мехонад. Ба қавли маъруф бачаи бегона намешавад. Бад-ин маънӣ, кулли донишандӯзон дар ин гуна масканҳо «аз они худӣ», аз шодона таронахонии булбулакони боғи дониш дили ҳар яки мо мешукуфад.
Бо як сухан, ғамхорӣ дар ҳаққи мактаб ва муаллим – ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамаи онҳоест, ки дар ин мулк зиндагӣ ва ба тақдири халқу Ватан худро дахлдор меҳисобанд.
Дар бораи обрӯ ва нуфузи муаллим, зарурати баланд бардоштани он роҳбари давлатамон дар баромадҳои худ борҳо таъкид намуд. Бале, муаллим берун аз мактаб низ чун нафаре, ки бо савияи дониш, дараҷаи маданият, маърифати инсонигарӣ аз касҳои оддӣ бартарӣ дорад, бояд дар мадди таваҷҷӯҳи умум ва курсии иззат бошад. Вай чароғдори ирфон, ливобардори маънавият. Аз ирфон ё маънавият бархурдор бошию аз ҷиҳати моддӣ душворӣ кашӣ, паррандаеро монӣ, ки бол дораду пар не. Аз ин хотир вақтҳои охир маоши муаллимон тақрибан даҳ маротиба ба таври алоҳида бардошта шуд. Ба замми ин, муаллими ташаббускор ва устоди касби худ, ки ба дигарон намуна аст, рағбатонида мешавад. Иловапулӣ ва мукофотҳо – кирои гуфтан.
Дар тамоми гӯшаю канори мамлакат биноҳои замонавии таълим қад рост карданд ва мекунанд. Биноҳои мавҷуда бо таъмиру тармим симои худ тағйир дода ва кулли дабистонҳо бо замонавитарин воситаҳои аёнию техникӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Толорҳои барҳавои варзишӣ, китобхонаҳо, ошхона ва хонаҳои истироҳат дар ихтиёри хонандагону омӯзгорон.
Чанд сол пеш аҳвол чӣ гуна буд?
Солҳое, ки дар мактаб кор мекардам, синф намерасид, парта намерасид. Шароит душвор, вале... кори таълиму тарбия назар ба рӯзҳои ҳозира, фикр мекунам (дабистонҳои таълими умумии ноҳияи Сӯх дар мадди назар аст), хубтар буд. Муаллимоне, ки бо амри виҷдон кор мекарданд, аксариятро ташкил менамуданд. Дуруст, он солҳо низ норасоиҳо ба чашм мерасиданд, вале азхудкунии хонандагон, сифат ва самаранокӣ дар ин самт ин дараҷа ногувор набуд...
Ман дар деҳа ва дар кӯча гурӯҳ-гурӯҳ сайркунии талабагонро мебинам. Вақти дарс чӣ кор мекунанд дар ин ҷо? Мегӯянд: «Мактаб пир шудааст». Аҷиб, ҳоло март ё апрел, чӣ хел мактаб пир шудааст? Дарсҳо бояд то 25 май мувофиқи ҷадвал давом кунанд.
Вале мавзӯъҳо дар вақташ ба журналҳои дарсӣ қайд мешаванд. Маоши муаллимон дар вақташ дода мешавад.
Пештар чӣ хел буд?
Агар хато накунам, соли дуҳазору як, дар Сӯх бо собиқ мудири шуъбаи таълими ноҳия суҳбат мекардам. Дари кабинетро нафаре асабонӣ кушод, барои бе рухсат даромаданаш узр пурсид ва худро шиносонд.
– Хӯш, хидмат? – ба вай рӯй овард мудир.
– Як ҳафта боз писарам бинобар надоштани пойафзор ба мактаб намеравад. Пул нест, ки харам. Маошамонро намедиҳанд. Илтимос, кӯмак кунед. Дарсамро партофта омадам...
Ана, чӣ ҳол дошт муаллиме, ки маошро дар вақташ намегирифт. Маош ночиз – ба хариди ду ё дуюним ҷувол орд мерасад, онро ҳам дар вақташ намедоданд. Ёд дорам, нимаи дуюми солҳои навадум директорони мактабҳо қариб ҳар рӯз барои гирифтани маоши муаллимон ба шуъбаи таълим меомаданд.
Ҳоло вазъ дигар аст. Ду-се сол пештар тамоми моҳона ба картаҳои пластикӣ гузаронида шуда, дар истифодаи он омӯзгорон ба муаммоҳо дучор шаванд, ҳоло ин муаммо аз байн рафтааст. Дар як мактаб танҳо ду-се нафар мошин дошта бошанд, ҳоло қариб ҳама мошинсавор. Ин бисёр хуб аст. Барои дар ҳаёт мавқеъ доштан, аз кулли неъматҳо баҳраманд зиндагӣ ба сар бурдан омӯзгор ҳақ дорад! Шукри давр, шукри замон. 
Вале кор дар дабистонҳо чӣ тавр? Омӯзгорони фидоӣ чаро кам?
Раиси яке аз кумитаҳои ба таълим алоқаманди Сенати Олий Маҷлис дар маърӯзаи ҳисоботӣ (соли 2018) мувофиқи матлаб набудани сифати таълим дар як қатор вилоятҳои ҷумҳуриро бо таассуф таъкид кард. Дар ҷамъомади умумии XVIII Сенат низ ногуворӣ дар мактабҳо, пастии азхудкунӣ, муаммоҳои китоби дарсӣ мавриди гуфтугӯйи ҷиддӣ қарор гирифт. Дар ҷамъомади яке аз кумитаҳои ба таълим алоқаманди Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, айни замон, қайд гардид, мониторинге, ки дар 1035 дабистони таълими умумии ҷумҳурӣ баргузор шуд, нишон дод, ки азхудкунии умумии хонандагон – 67, сифатнокӣ танҳо 22 фоизро ташкил менамояду халос. Ҳол он ки дар тарбияи маънавию интеллектуалии авлоди баркамол вазифаи аввалиндараҷае, ки ба зиммаи сохтори таълими халқ гузошта шудааст, ин баланд бардоштани нишондиҳандаи сифатист.
Муаллимони хуб ҳастанд, мактабҳои пешқадам ёфт мешаванд, вале, ба қавли маъруф, бо як гул баҳор намешавад. Давру замон куллан ва баробар баҳаракатоии мактабу муаллимон, ба дараҷаҳои нав бардоштани сифату самаранокии таълимро тақозо менамояд.
Модоме Президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешбурди соҳа ҳамин гуна имкониятҳо офарид, барои аз ҳаёт розӣ шуда, зиндагии муносиб ба сар бурдани алоқамандони мактаб чунин ғамхориҳо зоҳир намуд,  маоши муаллимон назар ба ибтидои солҳои дуҳазорум чандин баробар афзуд, омӯзгор чаро ду баробар хубтар кор накунад?

М.ШОДИЕВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: