ИМКОНИЯТҲОИ НАВ БА СОҲИБКОРОН

Бо мақсади дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 декабри соли 2018 «Дар бораи чораҳои аз ҷиҳати техникӣ ба тартиб овардани стандарткунонӣ, сертификатонӣ ва рушди низоми метрологияи миллӣ» беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, пурқувват гардондани ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи истеъмолгарон ва мувофиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 сентябри соли 2018 «Дар бораи чораҳои ташкил кардани татбиқи ташаббусу лоиҳаҳои соҳибкорӣ дар ҳудудҳо» ба истеҳсолкунандагон ва субъектҳои соҳибко

Бо мақсади хабардор намудани соҳибкорон бо мазмуну моҳияти қарорҳои сарвари давлат, имтиёзҳои тавассути онҳо бавуҷудомада нақшаи корӣ таҳия намудем. Мувофиқи он якҷоя бо Палатаи савдою саноати Бухоро, Садорати гумрук, Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ, Инспексияи давлатии ҳифзи растанӣ, шуъбаи ветеринарӣ семинарҳо ва тавассути «оинаи нилгун» барномаҳо сурат мегиранд. 
Бинобар имтиёзҳое, ки дар бандҳои якум ва дуюми қарор акс ёфтааст, ҳангоми пешниҳодкунии сертификатҳои мувофиқи органҳои сертификатонии узви ташкилотҳои байналхалқӣ субъектҳои соҳибкорие, ки дар фонди сармоявиашон саҳми давлат аз нисф зиёд нест ҳангоми ворид кардани маҳсулот барои эҳтиёҷоти худ, ки он дар Ӯзбекистон истеҳсол намегардад, аз қабили техникаи ихтисосонидашуда ва хоҷагии қишлоқ, анҷомҳои технологӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, инчунин маводҳои ашёи хоми ғайрихӯрокворӣ аз сертификатонӣ озод карда шудаанд. Субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми овардани воситаҳои ченкунӣ  агар сертификати мувофиқатро тақдим накунанд, метавонанд дар давоми ду моҳ онро гирифта тақдим кунанд, ба субъектҳои тадбиркорие, ки низоми менеҷменти сифати ISO-ро ҷорӣ кардаанд ва аз лабораторияҳои озмоишие истифода мебаранд, ҳуқуқи бо роҳи декларатсиякунӣ тасдиқ кардани мувофиқати маҳсулоти аз ҷониби онҳо дар Ӯзбекистон истеҳсолшуда дода шудааст. Дар натиҷа ба корхонаи хусусии содиротии «BASIR STROV SERVIS», ки дар шаҳри Бухоро фаъолият дорад, барои ба 10 тонна помидор, 6,5 тонна бодиринг, 1,5 тонна лимӯ бобати гирифтани сертификатҳои дахлдор ёрии амалӣ расонда шуд. Дар натиҷа содироти ин маҳсулот ба Русия сурат гирифт. Ин корхона инчунин соҳиби стандартҳои байналхалқии комиссияи Иттиҳоди Аврупои СММ ва қолаби «Кодекс Алементариус»-и Созмони байналмилалии ҳифзи тандурустӣ гардид.
Ба матоъи аз калобаи пахта истеҳсолшудаи корхонаи ҶММ «Камалак шабнамтекс» 19 феврал бобати гирифтани сертификати мувофиқат барои истеҳсолоти серияи 2199016 кӯмак расонда шуд. Дар натиҷа маҳсулоти ин корхона ба Русия ба содирот баромад. 
Корхонаамон бобати ба амал татбиқкунии нуктаҳои қарор бо мақсади фароҳамоварии шароити қулай ба истеҳсолкунандагон бобати шабакаи иҷтимоии Палатаи савдою саноат маълумоти дахлдорро саривақт мефиристонад.
 
Абдураҳмон МУХТОРОВ, 
директори корхонаи давлатии Маркази озмоиш ва сертификатонии Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: