НАВРӮЗ – ИДИ УМУМИХАЛҚӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти унвони “Наврӯз - иди муштараки мардуми сермиллати мо” намоиши таомҳои наврӯзӣ ва дар пайи он нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Суфраҳои идона бо таомҳои миллии тоҷикӣ, туркманӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ оро ёфта буданд.
Аён аст, ки дар сарзамини мо асрҳо боз мардуми ӯзбек, тоҷик, туркман, қазоқ ва қирғиз паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ карда меоянд. Хусусан, дар солҳои истиқлолияти кишвар решаҳои дӯстиву рафоқати ин мардум боз ҳам мустаҳкам гардид, иду санаҳои гуногуни фарҳангиву таърихӣ, расму ойин ва анъанаҳои зиёд барои миллатҳои маскуни кишвар аҳамияти муштаракро касб намуд.
Намоиши таомҳои наврӯзӣ ва нишасти хабарӣ аз тарафи  Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона, бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирон ва дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии матбуоти ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин намоиш вакилони маркази Миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ бо ороиши суфраи беҳтарини наврӯзӣ ширкат карданд ва сазовори баҳои баланд гардиданд.
Раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ Рустам Қурбонов изҳор кард, ки тантанаҳои расмии иди Наврӯз бори аввал дар қасри навбунёди «Ҳумо арена» ва бо иштироки Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Вай афзуд, ки дар ин маросим  дар баробари меҳмонон аз ҳар як маркази миллӣ-фарҳангӣ ба теъдоди зиёд вакилон ширкат карданд. 
– Ӯзбекистон кишвари сермиллат мебошад. Дар ҷумҳурии мо 137 маркази миллӣ-фарҳангӣ фаъолият мекунад. Намояндагони ҳар як қавму миллат дар иди Наврӯз  ба пухтану тайёр кардани таомҳое машғул мешаванд, ки бо ин ё он хусусияти худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ӯзбекону тоҷикон дар пухтани таоми наврӯзии «Суманак» хеле усто мебошанд. Нуктаи дигар аз он иборат аст, ки қадру қимати иди Наврӯз сол аз сол боло меравад ва доираи таҷлили он фарохтар мегардад, – изҳор кард Рустам Қурбонов.
Мавсуф афзуд, ки Ассамблеяи генералии СММ 21-уми мартро «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» унвон кардааст ва ҳамвора барои дар саросари олам оммавӣ гардидани он ҳиссаи арзандаи худро мегузорад. Ба таъкиди Рустам Қурбонов Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ  21-24 март бо ширкати дастаҳои ҳунарии назди марказҳои миллӣ-фарҳангӣ барномаҳои зиёди консертӣ намоиш дод. Вай боз тазаккур дод, ки рақсу таронаҳои миллии тоҷикӣ, туркманӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, тоторӣ, бошқирдиву мардуми славянтабор иди Наврӯзро беш аз пеш гуворову ба он шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дар нишасти хабарӣ  қайд карда шуд, ки намояндагони кумита дар ташкил ва баргузор намудани иду тантанаҳои наврӯзӣ дар як қатор кишварҳои хориҷӣ низ ҳамкорӣ карданд. Ба гуфтаи Рустам Қурбонов роҳандозии чунин ҷашнҳои наврӯзӣ дар Муғулистон, ИМА, Финландия, Литва, Ветнам ва амсоли он дар тасдиқи ин ҳарфҳои ӯ мисол шуда метавонанд.
Гуфта шуд, ки зимни ин сафар ва ҳамкориҳо вакилони кумита роҷеъ ба салоҳияти сайёҳии кишварамон низ корҳои таблиғотӣ пиёда намуданд. Рустам Қурбонов ишора кард, ки фиристодаҳои кумита дар баробари баргузор кардани намоишгоҳҳои мухталиф, ҳамчунин филмҳои мустанаде  намоиш доданд, ки дар ин мамлакатҳо фарҳанг ва санъати мардуми гуногунмиллати моро тарғибу ташвиқ менамоянд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: