МАҲАЛЛА – ВАТАНИ ХУРД АНДАР ВАТАН

Мувофиқи қарори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15-уми феврали соли равон «Дар бораи тайёрӣ дидан ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоатҳои шаҳрвандон» моҳи май интихоботи онҳо мегузарад.

Бо ҳамин муносибат мо бо раиси Бунёди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла» ва иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини якуми раиси шӯрои мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандони вилояти Самарқанд Бадриддин Насриев суҳбат оростем.
– Мардуми сермиллати забону эътиқодашон гуногуни маҳалла чун фарзандони як оила аҳлу тифоқ умр ба сар мебаранд, – гуфт Бадриддин Насриев. – Дар Самарқанд аз ҷониби шуъбаҳои ҳудудии бунёди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла» бобати тарғибу ташвиқи муттасили арзишҳои миллию маънавии халқамон, оммавигардонии беҳтарин анъанаҳо ва афзудани фаъолнокии мақомоти худидоракунӣ эътибори махсус дода мешавад. Воқеан, маҳалла ватани хурд андар Ватан аст. Хушбахтона, маҳз тӯли солҳои истиқлолият маҳалла нафақат шаклан тағйир ёфт, балки аз ҷиҳати мавқеаш дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ низ дигаргун шуд. Бо қабул шудани қонунҳо дар бораи мақомоти худидораи маҳалла нуфузи он ҳам зиёд гардид. Хусусан, бо эътибор пайдо кардани қонунҳо «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрвандон» ва «Дар бораи тайёрӣ дидан ва гузаронидани интихоботи раисон (оқсақолон)-и ҷамоати шаҳрвандон» доираи ваколати онҳо боз ҳам васеъ гашт. 
– Муҳтарам Бадриддин Насриевич, тайёрӣ ба маъракаи интихоботи раисон чӣ хел аст?
– Ин масъала дар сессияи навбатии шӯрои намояндагони халқи вилоят баррасӣ гардид ва иборат аз 21 нафар комиссияи кӯмакрасон таъсис ёфт. Раиси комиссия узви Сенати Олий Маҷлис, директори коллеҷи ҳунари шаҳрвандони имконияташон маҳдуди Самарқанд Нигора Раббимова мебошад. 
Ситоди мо дар бинои «Маркази ҷавонон» ҷойгир аст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ комиссияҳои интихоботӣ ташкил гардида, аллакай фаъолият мебаранд.
– Дар Самарқанд дар ин маърака чанд нафар иштирок мекунанд?
– Дар ин маъракаи муҳим беш аз 2,5 миллион нафар шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи интихоб кардан доранд, иштирок мекунанд. Дар Самарқанд ба ҷамоати шаҳрвандони 1089 маҳалла раисон (оқсақолон) интихоб карда мешаванд. Номзадҳо ба вазифаи раисӣ аз ду нафар кам нахоҳад шуд. 
Боз як масъала. Минбаъд ба номзадӣ шахсоне пешбарӣ мешаванд, ки дар байни мардум обрӯву эътибор ва қобилияти ташкилотчигӣ, маълумоти олӣ доранд, беш аз 5 сол муқими маҳалла мебошанд.
– Дар интихоботи соли 2016 (моҳҳои май-июн) ба бисёр хато ва камбудиҳо роҳ дода шуда буд...
– Дуруст. Аз сабаби суст будани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар баъзе ҳудудҳо вайроншавии қонун мушоҳида гардид. Гурӯҳбозӣ, маҳалгароӣ, рӯбинӣ авҷ гирифта, баъзе номзадҳои номуносиб ба қайд гирифта шуда буданд. Мо натиҷаҳои интихоботи гузаштаро таҳлил карда, аз онҳо хулоса баровардем. 
Чанде пеш дар вилоят анҷумани матбуотӣ ба вуқӯъ пайваст ва мо, вакилони бунёди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла» ба пурсишҳои хабарнигорон ҷавобҳои қаноатбахш додем. Дар ҷараёни тайёрӣ ва ҳангоми интихобот низ кормандони расонаҳои ахборро расман даъват мекунем, то ки ин маъракаи муҳими сиёсиро дар матбуот пурра ва дуруст инъикос намоянд. Зеро нуфузу аҳамияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон дар ташаккули ҷамъияти пурқудрати шаҳрвандӣ сол то сол меафзояд. 

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: