БЕҲТАРИНҲОРО ИНТИХОБ НАМОЕМ

Ҳамаи мо шоҳиду иштирокчии дигаргуниҳои ҳаёти имрӯзаи кишварамон мебошем.

Аз насими навигариҳо ва бунёдкориҳои мамлакатамон фараҳмандем. 
Фаъолнокӣ ва созандагии ҳамдиёронамон рӯз ба рӯз меафзояд. Ин ба мо умедҳои калон мебахшад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд имрӯз баҳри равнақи ин сарзамини бостонӣ ба қадри имкон ҳисса гузорем. Чорабиниҳои давлату ҳукумат фақат бо иштироки фаъолонаи мо самаранок амалӣ мегарданд. Ҳаракати сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ба ҳар яки мо намунаи ибрат аст.
Дар мамлакатамон барои барпо кардани ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ду соли охир бисёр чорабиниҳои ҳуқуқӣ андешида мешаванд. Ҳимояи манфиати шахс дар мадди аввал гузошта шуд. Ба ин кушода шудани қабулхонаҳои Президент, идораҳои ягонаи хидмати давлатӣ, ислоҳоти соҳаи суд ва дигарҳо мисол шуда метавонанд. Фаъолияти идораҳои худидоракунии шаҳрвандон – ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо пурзӯр гардида истодааст. Ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо бояд макони асосии ҳаллу фасли муаммоҳои деҳаю маҳалла гардад. Дар ин ҷода саҳми раисону мутасаддиёни ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо калон аст. Аз ин рӯ, дар маъракаи интихоботи раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо, ки моҳҳои май-июни соли ҷорӣ гузаронида мешавад, бояд ба сифатҳои кордонӣ, ташаббускории номзадҳо эътибор дода, номзадҳои сазоворро интихоб намоем.
Пӯшида нест, ки солҳои пеш дар интихоби раисон манфиатпарастӣ, гурӯҳбозӣ, хешгароӣ барин нуқсонҳо дар баъзе ҷойҳо дида шуда буд. Дар натиҷа шахсони ноӯҳдабаро, бетаҷриба ба мансаби раисӣ интихоб шуда буданд.
Бинобар ин, лозим аст, ки дар интихоботи пешистода номзадҳои лоиқро нишон дода, аз байни онҳо беҳтаринашонро интихоб кунем. Ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: