ҶАМЪОМАДИ ШӮРОИ ФАРМОНДЕҲОНИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ

Дар Тошканд 28 март ҷамъомади навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба амал омад.

Дар он ҳайати қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ иштирок карданд.
Котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. Маҳмудов, раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ С. Лебедев иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, ба фаъолияти Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ оид ба таъмин кардани дахлнопазирии сарҳадҳои давлатҳои ИДМ баҳои баланд доданд. 
9 масъалаи аз рӯзномаи ҷамъомад ҷойгирифта мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино бар онҳо аз ҷониби роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳои иштирокдори ИДМ беш аз 20 қарори Шӯро қабул гардид. 
Дар ҷамъомад вазъияти сарҳадҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ-и минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоюли рушди он дар пешомади наздик ҳамаҷониба таҳлил гардиданд. 
Лоиҳаҳои Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ бино бар мустаҳкам кардани амнияти сарҳадҳои хориҷӣ дар солҳои 2021-2025 ва Қарори Шӯрои сарони давлатҳо дар бораи он, инчунин Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ оиди Рӯйхати қисмҳо барои дохил намудан ба таркиби гурӯҳҳои сарҳадӣ ва дигари идоравии мамлакатҳои иштирокдори ИДМ, ки барои танзими вазъияти буҳронии сарҳадҳои хориҷӣ нигаронда шудааст, маъқул дониста шуданд. 
Дар чорабинӣ рафти тайёрии амалиётҳои муштараки махсуси сарҳадӣ бино бар пешгирӣ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ ба воситаи сарҳадҳои берунии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар самтҳои Шимолу Ғарб, Ғарб ва Осиёи Марказӣ дар соли 2019, инчунин масъалаҳои ташкилии баргузор намудани онҳо дар соли 2020 баррасӣ гардиданд. 
Дар ҷамъомад силсилаи ҳуҷҷатҳо бинобар масъалаҳои банақшагирии фаъолияти Шӯрои фармондеҳон ва иҷрои корҳои муштараки илмиву тадқиқотӣ, ки ба такмил додани шакл ва усулҳои ҳифзи сарҳадҳои берунии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод нигаронда шудаанд, қабул гардиданд. 
Баробари ин, оиди дар соли 2020-ум баргузор намудани эстафета қад-қади сарҳадҳои берунии давлатҳои иштирокдори ИДМ бахшида ба 75-солагии Ғалаба ва Ҷанги бузурги ватанӣ аҳду паймон шуд. Масъалаҳои кадрӣ ва ҳаракати ба сарҳадчиёни собиқадор алоқаманд баррасӣ гардиданд.
Иштирокдорон дараҷаи баланди тайёрии ҷамъомади Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадиро дар Тошканд таъкид намуданд. Дар нимсолаи дувуми соли 2019 дар Ҷумҳурии Белорус баргузор намудани ҷамъомади навбатии Шӯро ба нақша гирифта шуд.

А. МУСОЕВ, 
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: