ТАМАРАХОНУМ АФСОНАИ САҲНА

Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Тамара Артёмовна Петросянро , ки дар байни мардум бо номи Тамарахонум машҳур аст, наметавон дигар хел тавсиф намуд.

Гузашти солҳо ин овозхон, раққоса, балетмейстер ва омӯзгорро, ки солҳои 30-юми садаи гузашта дар Париж, Лондон ва дигар кишварҳо ба ҳунараш аҳсант хондаанд, аз хотири мо зудуда наметавонанд.
– Ӯ ҳамеша бо мост, бо садҳо шогирдони худ ва бо онҳоест,ки ба таърихи навини ҳунари овозхонӣ ва рақс сарукор доранд, – изҳор дошт дар гирдиҳамоие, ки дар  маҷлисгоҳи Мактаби олии миллии рақс ва хореографияи пойтахт ба хотири зодрӯзи Тамарахонум баргузор шуд Ходими хидматнишондодаи санъат Қӯрқмас Соатов. – Хидмати бебаҳои Тамарахонум дар он аст, ки ӯ бо ҳамроҳии устоди рақси мардумӣ Юсуф-қизиқ Шокирҷонов ва Усто Олим Комилов рақсҳои  оммавии саҳнавиро гузоштааст. Тамарахонум аз соли  1936 комилан ба жанри  консертии рақсу суруд , ки дар асоси жанри мардумии «ялла» ва «лапар» офарида шудааст, мегузарад.
Ба сурати Тамарахонум, ки  хандаи ҷаззоб дошт, яке аз шогирдони охирини ӯ Гулчеҳра Юсупова нигариста, гуфт: «Аҳсант мегӯям ба хонандагону донишҷӯёне, ки ҷодаи ҳунарии устоди манро, ки бо ҳунари худ ба шукӯҳу шаҳомати ҳунари сарояндагиву рақсии ӯзбек афзудааст, пеш гирифтаанд. Тамарахонум дар саҳнаҳои ҷаҳон беш аз 500 суруд ва 86 рақси халқҳои гуногунро иҷро кардааст. Вай фаъолияти худро дар Театри опера чун яккахон оғоз намуд, дертар дар Маскав омӯзишгоҳи театриро хатм мекунад, таҳти роҳбарии Муҳиддин Қориёқубов дар созмон додани труппаи консертӣ дар Ӯзбекистон саҳм мегузорад».
29 марти соли равон дар назди нимпайкараи Тамарахонум, ки дар хона-музейи ӯ қад рост кардааст, суханони самимӣ бисёр гуфта шуданд. Аз ин ҷойи таърихӣ, меҳмонон, мухлисони ҳунарпеша ва аҳли ҳунар ҳамеша дидан мекунанд.

Флора ФАХРУДДИНОВА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: