ҶОЙИ МОДАР

Шариф ХАЛИЛ (Ҳикоя)

*** 
Ҳоло...
Рӯз гашт мекард!
Офтоби шуълавар дар тараддуди расидан ба шаббоши хеш буд ва ҷисми мунираш дар панҷаи садҳо ғусса худро ба қафои кӯҳталҳои урён мегирифт. Мард... аз ин манзара бо гаронҷонӣ чашм гурезонда, дар назди дарвозаи қадима таваққуф кард ва бори синаашро бо чандин «оҳ» берун афканд,  қалбаш аз кадомин як хотираи ногаҳон рӯзада ба ғалаён омад, оҳиста як табақи дарвозаро тела дод. Дилаш мехост, ки бо овози баланд: «Ассалому алайкум, очаҷон, ман омадам!» гӯяду шоду бод худро ба ҳавлӣ занад. Албатта, ҳамон дам овози қаймоқии модарҷонаш ба гӯшҳояш хоҳад нишаст: «Биё, писаракам, биё ҷигаракам. Қудумат болои дида», мегӯяд ӯ ва аз ду бари рӯяш бӯсидаву ба оғӯш мегирад. Баъд, болои суфачаи сангини таги ҳавозаи токи ангур, аз бари худ ҷой нишон медиҳад... 
Мард аз тасаввури ин манзара як лаҳза ба ҳаяҷон омад ва зуд аз банди хаёл худро вораҳонд, қалби ҷароҳатмандаш бадтар ба андӯҳ гирифтор шуд. Бо мағзи тамоман меҳолуд, ба чӣ хаёле аз дарвоза даст ғундошта, як дам гулӯяшро молид. Низ, филфавр оби даҳон фурӯ бурд, гӯё панҷаи оҳании яъсро, ки ноаён ба гулӯяш фишор оварда буд, нарм кардан хост. Дидагонаш нам ночор боз даст ба лингаи дарвоза бурдан хост, ки ногоҳ аз паси он садои хирросии саге шунида шуд. Як қад парид! Ҳушёр шуда, ба чоки гиреҳбон «туф-туф» гуфт. Баъд:
– Бостон! Бостонҷон, ин манам! – аз садояш сагро шинохта, ба навозиш забон кушод вай.
Ҳамон лаҳза садои саги бадҳайбати хона тағйир ёфт. Нарм ва акнун шодиомезу хайрхоҳ гашт. Вай баробари ба ҳавлӣ қадам мондани ин марди барояш ошно рӯҳ гирифта, ба ҷастухез даромад ва думу гӯшҳои буридаашро хушнуд ҷунбонда, як қадам дуртар чукка зад; ин тавр, забони сурхаш кашол ва шояд пас аз реҳлати кампираки меҳраш дарёи ин кошона бори нахуст буд, ки фараҳманд шуда, чашм ба марди шинос дӯхт. Мард нигоҳи меҳр ба сӯйи саг афканд:
– Созӣ? Ҳолат чӣ хел? 
Саг гардан каҷ кард. Ба ин пурсупос чандон эътибор надод ва ғолибан, ҳушу ёдашро нонҳо рабуда буданд магар, забонаш овезону чашмонаш шуълавар шуданд.
– Ҳа-а, фаҳмо! – аз нигоҳи саг маънӣ бардошта, абрӯ боло кашид мард. – То ҳаққатро наситонӣ, маро иҷозати вуруд нахоҳӣ дод. Ма, бигир, ҷӯраҷон, бигир! Ошат шавад, – аз лаби нон порае шикаста, ба даҳони посбони хонадон гузошт. Саг оби даҳонаш чакчакон нонро газида, худро ба соядави собот расонд ва мамнун ба тановули насибааш оғоз кард.
Бостон аз худи бачагиаш дар ин макон ба воя расида, ба як саги қавипайкар  мубаддал шудааст. Дар ёд дорад, модари вайро худи мард, ки он замон бачаи бебок ва хонандаи мактаб буд, аз дасти чандин безорӣ халос карда буд. Бадбахтҳо он махлуқи Худоро ба оби ҷӯй сар дода, бо азоб обчакон ба соҳил расиданашро бо завқ тамошо мекарданд. Сагча ғел мехӯрд, дастак мезад, маҷрои обро бо почаҳои ҳанӯз нозукаш бурида, фиғонкашон бо сад талош мехост худро аз ғарқ шудан наҷот диҳад. Ҳамин ки зӯр зада ба соҳил мерасид, дубора аз он ноқобилон лагаде мехӯрд ва ба доми бало андар мешуд. Бачаҳо дасту почакзании ӯро дар об дида, чун хайли майнаҳои шӯрапушт бештар шӯру мағал мебардоштанд, хурсандӣ мекарданд… Ниҳоят, лаҳзае, ки нерӯи муқовимати сагча аз ин бедодиҳо адо шудаву дар панҷаи аҷали муаллақ метапид, дасте аз пӯсти гарданаш бардошт ва вайро аз қаъри зулматистон вораҳонд. 
*** 
Мард ин таърихчаро аз лавҳи хотир гузаронида, дар ҳоле ки гӯё садои қалби нооромашро мешунид, ба сояи ҳавозаи токи ангур даромад, ки аз худи пеши дарвоза оғоз шуда тамоми ҳавлиро фаро мегирифт. Вай гӯё айёми бачагии худро ҷуста-ҷуста вазнин қадам мегузошт. Ҳар ашёи атроф, хосса, хӯшаҳои пухтаи ангури ҳусайнӣ, ки дар партави офтоби бегоҳон аҷаб зебову иштиҳоангез метофтанд, хотироти ӯро доман мезаданд... Вай акнун дар назди айвонаки намошуста, канори суфачаи валангор, ки дар пеши он тӯдаҳои сангу хоки кандашуда мехобиданд, қарор гирифт. Ба чаҳор ҳадди ҳавлӣ чашм давонд. Баъд аз як назарсайри кӯтоҳ дар ҳавлию дари падарӣ, ки ғарқи шукуфаву сабза... буд, ҷой-ҷой тағйирот дид, боз ба суфачаи инак валангор мутаваҷҷеҳ шуд. Як замонҳо дар болои ҳамин суфаи сангин модараш нишаста, аз сари нахи дурушт дошта бо як молидан урчуқро ба тоб хӯрдан вомедошт, гоҳе пахта ва гоҳе пашм мересид, ё риштаву сӯзан дар даст кӯрпаву кӯрпача медӯхт. Асло бекор наменишаст ӯ, мудом дастони мӯъҷизаофараш ба шуғле андармон буданд. Ва ба маҳзи аз дарвоза сар халондани меҳмоне кори худро канор гузошта, мешукуфту меболид. Бо рӯйи кушод аз тозаомада истиқбол гирифта, исрор меварзид, ки як дамак нишинад, аз хони хонадон насиба бигирад. Ва худ тозон ба сари токи ангур мерафт, чанд хӯша кандаву шуста пеши меҳмон мегузошт...
Мард табассуми ба худ зебандаи модарро пеши назар овард, низ табассум кард ва баробари он аз нӯки мижгонҳояш чанд қатра ашк бар гунаҳояш таровиданд. «Магар табассумҳои ҷонбахши ту фаромӯш мегарданд, очаҷони ман! – хаёлан дар дил хитоб кард мард ва: – Ё Аллоҳи меҳрубон, маъвояшро дар хулди барин бигардонӣ!» – дар идома пич-пич дуо хонд ӯ ва бо пушти даст ашки худро пок кард.
– Эҳҳаа... Акаҷонам омадаанду мо бехабар, – дари долонро кушода ва либоси худро ба тартиб овардаву аз зинаҳо поин шуд Фирӯз. Онҳо оғӯшкашон вохӯрдӣ намуданд.
– Ба ҷуз Бостон маро касе пешвоз нагирифт, – шӯхиомез гила кард мард.
– Як лаҳза пеш мо ҳама дар рӯйи ҳавлӣ будем. Дар оинаи нилгун намоиши филми аҷоибе оғоз шуду ба хона даромадем. Ҳамин ҷияни аз телевизор қимобатонро ҳам имрӯз хумори тамошо гирифт, – сари писаракро молида гуфт соҳибхона. Бачаяк тозон омада салом дод ва аз меҳрубониҳои амакаш бархурдор шуда, дар бари падар рост истод.

Давом дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: