ТУҲФА БА БАЧАҲО

Дар деҳаи Нанайи ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон муассисаи таълими томактабии рақами 39-ум, ки нав бунёд гардидааст, ба истифода супурда шуд.

Дар чорабиние, ки бахшида ба ин муносибат бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамоативу давлатӣ, ҳокимияти ноҳияву вилоят ва аҳолии деҳа баргузор шуд, корҳое, ки дар роҳи баркамол тарбия намудани насли наврас иҷро мешаванд, таъкид гардиданд.
–Барпо гардидани чунин боғча барои бачаҳои деҳаи дурдасти вилоят ифодаи амалии эътибори доимӣ ба соҳибони оянда мебошад,– гуфт мудираи шуъбаи муассисаи таълими томактабии ноҳия Э. Тӯрабоева. – Саъю кӯшиши Президентамон доир ба пурра фаро гирифтани бачаҳои аз 3 то 7 сола ба муассисаҳои таълими томактабӣ корҳои соҳаро ба зинаи нав баровард. Баробари зиёд шудани муассисаи таълими томактабӣ дар асоси тамойилҳои давлативу ғайридавлатӣ, шарикии давлативу хусусӣ ҷараёни таълиму тарбия дар онҳо бо талаби замон такмил меёбад. Дар боғчаи мазкур низ ҳамаи шароит фароҳам оварда шуда, ба хурдсолон забонҳои англисиву русӣ омӯзонда мешавад.
Муассисаи таълими томактабии дорои 100 ҷойро ҶММ «Art Soft Tex Group» аз ҳисоби маблағи худ таъмиру тармим ва муҷаҳҳаз гардонда, ба Вазорати таълими халқ супурд.
Дар чорабиние, ки бахшида ба кушодашавии муассиса баргузор шуд, мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. Худойбергенов, ҳокими вилояти Намангон Х. Бозоров иштирок карданд.

А. САТТОРОВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: