СУҲБАТ АЗ ХУСУСИ ЗАБОН БУД

Мактаби ҳамагонии рақами 36-уми ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд дар мавзеи зебоманзар ҷойгир аст.

Он соли 1983 ташкил шуда, алҳол дар он 284 нафар фарзандони ҳудуди Юсуфхона ва Навобод ба забони тоҷикӣ таҳсил мегиранд. Таҳти роҳбарии директори мактаб Тӯлавой Ҳасанов корҳои маърифатию илмӣ ба роҳ монда шудааст.
Чун анъана дар мактаб бо ташаббуси муаллимони фидоӣ моҳонаи фанҳои математика ва информатика, биология, забони модарӣ ва ғайра мунтазам гузаронида мешаванд. Сараввал тестҳои ибтидоӣ гирифта мешаванд, баъдан мувофиқи нақша дар давоми моҳ ҷиҳозонидани синфхонаҳо, дарсҳои кушод, бозиҳои интеллектуалии «Заковат», вохӯриҳо бо аҳли илму адаб, КВН-ҳо, намоишҳои корҳои маҳфилҳои фаннӣ гузаронда шуда, дар охири моҳ натиҷаи тестҳои интиҳоӣ ва ҳисоботи ҷамъбастӣ ба шӯрои педагогии мактаб тақдим карда мешаванд.
Пӯшида нест, ки сатҳи тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ ба талаб ҷавобгӯ нест. Гумон мебаред, ки тарҷумонҳо гӯё фақат толибилмони маҳалли худашонро ба назар гирифтаанд. Аз тарафи дигар, тарзи баёни баъзе мафҳумҳои математикӣ мураккабанд. 
Мо тасмим гирифтем, ки бо номзади илмҳои филология, муаллифи чандин китоби дарсии забони тоҷикӣ ва адабиёт Малик Кабиров вохӯрӣ ташкил намуда, ба баъзе мушкилоте, ки дар китобҳои дарсӣ вомехӯранд, рӯшанӣ андозем. 
Ба ҷамъомад маъмурияти мактаб, кумитаи падару модарон, меҳмонон, омӯзгорон таклиф шуданд. Хонандагони синфҳои болоӣ дар ду тарафи толор саф кашида, даъватшудагонро пешвоз гирифтанд. Сипас онҳо савту суруд ва саҳнаҳои бо устодон тайёркардаашонро ба ҳозирон пешкаш намуданд. Толибилмони мактаб аз шеърҳои Умари Хайём, Хоҷа Ҳофиз, Шайх Саъдӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ қироат карданд.
Малик Кабиров дар хусуси ҳодисаи ҷамъиятӣ будани забон ибрози назар намуд. Баъд дар бораи забони қадима будани забони тоҷикӣ ва давраҳои инкишофи он сухан ронда, дар бораи таърихи забони тоҷикӣ мухтасаран маълумот дод. Ӯ аз навиштаҷоти хати мехӣ, ки дар кӯҳи Бесутун ҷой дорад, як ҷумларо аз ёд қироат кард. Баъд дар хусуси забони миёнаи тоҷикӣ ибрози назар намуд. Ӯ дар бораи асарҳои ба пӯсти гов навишташудаи «Дарахти Асурик», «Худойнома», «Зарирон», «Корномаи Бобакон» сухан карда, аз асари «Корномаи Бобакон» ҷумлаеро ба самъи ҳозирон расонид. Сипас, перомуни забони нави тоҷикӣ (забони дарӣ) фикрҳои хотирмон баён намуд. Ӯ хидмати Малик-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қайд кард ва чанд шеъри ӯро қироат кард, ки боиси кафкӯбии ҳозирон гашт. Аз гуфтаҳои устод толибилмон хеле мамнун шуданд.
Дар охир ӯ бо хоҳиши иштирокдорон дар бораи шеъру шоирӣ, тасвири бадеӣ ва ҳусни баёни аҳли адаб сухан карда, фарқи забони асари бадеиро аз забони муқаррарӣ ба тарзи соддаю равон ва фаҳмо ба самъи толибилмон расонид. Барои мисол чанд ғазали ба тозагӣ эҷодкардаашро қироат кард. Ин ҷо овардани матлаи яке аз онҳоро ҷоиз шуморидем:
Қадри модар ман надонистам, ки воло будааст,
Ин ҷавонӣ чун ҷунунӣ даври савдо будааст.
Баъдан устодони мактаб ва дигар меҳмонони даъватшуда суханронӣ карданд. Аз ҷумла, Дилором ва Меҳрҷон Сиддиқоваҳо, Тоҷинисо Ашӯрова, Неъматулло Расулов, Йӯлчӣ Мирзоев, Беҳзод Ҳасанов ва дигарон иброз доштанд, ки Малик Кабиров ба онҳо низ ҳаққи устодӣ дорад.
Чунин вохӯриву ҷамъомадҳо, пеш аз ҳама, дар хонандагон ҳисси эҳтиром ба забони модариро бедор менамояд.

Комилҷон ҲАКИМОВ,
омӯзгори математикаи мактаби рақами 36-уми ноҳияи Бӯстонлиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: