Дар иҷрои қонун камбудиҳо мавҷуданд

Аз ҷониби Кумитаи оид ба масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиши Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба натиҷаҳои омӯзиши иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар низоми Вазорати таълими халқ «Дар бораи ҳифзи бачагон аз маълумоте, ки ба саломатии онҳо зарар мерасонад» ҷамъомад баргузор шуд.

Тавре ки қайд шуд, дар ҷараёни омӯзиши иҷрои  қонун, ки сенаторон ва аъзои гурӯҳи корӣ, Вазорати таълими халқ баргузор карданд, ба мақсади ба ҷомеаи васеъ расонда додани аҳамият ва моҳияти ҳуҷҷати мазкур, пурра иҷро гардидани вазифаҳои дар он муайяншуда чорабиниҳои васеъмиқёс гузаронида шуданд.
Аз ҷумла, моҳонаи «Маърифат бар муқобили ҷаҳолат» ташкил гардид, ки ба минбаъд солимгардонии муҳити иҷтимоиву маънавӣ дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ, пурзӯр намудани дониши мафкуравии толибилмон нигаронида шуд. Дар доираи моҳонаи мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти ҳуқуқу тартибот, имом-хатибҳо, фаъолони маҳаллаҳо, пирони баобрӯйи ҷомеа дар 9 ҳазору 628 мактаби таълими ҳамагонӣ беш аз 50 ҳазор машварат, суҳбатҳои «мизи мудаввар», шабнишиниҳои тарғибу ташвиқи ҳуқуқ бино бар Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, пешгирӣ кардани тамаъгарӣ ва савдои одам, ҳуқуқҳои инсон, тарзи солими ҳаёт, мубориза ба муқобили экстремизми динӣ ва терроризм баргузор гардиданд. Дар онҳо зиёда аз 1,7 миллион толибилмон иштирок карданд.
Вале дар ҷараёни омӯзиши иҷрои қонун дар макотиби вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Намангон, Самарқанд, Сирдарё, Сурхондарё, Тошканд, ҳамчунин шаҳри Тошканд дар кори тарғибу ташвиқи ҳуҷҷати мазкур як қатор камбудиҳо ошкор гардиданд. Аз ҷумла, дар машварат ва суҳбатҳои «мизи мудаввар», ки дар муассисаҳои таълимӣ ба мақсади маънидодкунии аҳамият ва моҳияти қонун ташкил гардиданд, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва аъзои Сенати Олий Маҷлиси  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, депутатҳои шӯроҳои ҳудудӣ, ҳамчунин намояндагони шуъбаҳои вилоятӣ ва ноҳиявии Вазорати адлия, Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ ҷалб карда нашуданд.
Зикр шуд, ки бино бар ин аксар чорабиниҳо танҳо хусусияти расмӣ доштанд, дар онҳо мақсади асосӣ – дарки амиқи моҳияти қонуни мазкур аз ҷониби бачагон, ҷавонон ва омӯзгорон, дар насли наврас ташаккул додани иммунитет ба маълумоте, ки ба шуури ӯ зарар мерасонад, ба даст наомад.
Зиёда аз ин, маълум гардид, ки дар баъзе мактабҳои навоҳии Асака, Шаҳрихони вилояти Андиҷон, ноҳияи Мирзоободи шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ нестанд, ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ бино бар иҷрои қонун ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Баробари ин дар ҷараёни омӯзиш ошкор шуд, ки мактабҳои ҷумҳурӣ ба 278 нафар рӯҳшиносон эҳтиёҷ доранд.
Дар ҷамъомад аз хусуси зарурияти беҳтар кардани назорат бино бар татбиқсозии чораҳои маҷмӯӣ оид ба тайёр кардани кадрҳо барои иҷрои босифати вазифаҳое, ки дар қонун муайян шудаанд, ба ҷараёни таълим ҷорӣ намудани фанҳои дахлдор, дар омӯзгорон ва падару модарон ташаккул додани масъулияти ҳифзи кӯдакон аз иттилооте, ки ба саломатии онҳо зарар мерасонанд, сухан рафт.

Нурулло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: