ВУСЪАТИ ТОЗАИ МЕТРОПОЛИТЕНИ ТОШКАНД

Хусусан ду-се соли охир дар мамлакатамон навсозиву бунёдкориҳо авҷ гирифтанд.

Тамоми қаламрав, ба маънои воқеӣ, ба майдони азими бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Тошканд низ симои худро тағйир дода, бо тарҳи замонавӣ эътибори умумро ба худ мекашад. Хусусияти ба худ хоси сохтмонҳо дар пойтахт он ки нафақат дар рӯи замин, балки дар нуқтаҳои ҷудогонаи зери замини он, ҳамчунин, корҳои васеъмиқёси бунёдгарона пеш мераванд. Яъне метрополитени Тошканд бо илова гардидани хатҳои нав ва истгоҳҳое, ки арзи вуҷуд мекунанд, мукаммалӣ касб менамояд. 
Дарозии умумии метрополитени пойтахти кишвари мо 37,5 километрро ташкил менамояд. Дарозии эксплутатсиониаш – 35 километр.
29 истгоҳ мавриди истифода мебошад.
Соли 2007, ба муносибати 30-солагии кушода шудани метро дар Тошканд, тантанаҳо рӯи кор омаданд ва дар бораи ояндаи наздик бунёд гардидани самти чаҳоруми метро хушхабар доман паҳн намуд. Оиди омода гардонда шудани лоиҳаи самти «Сергелӣ-Отчопар» институти Тошметролоиҳа маълум намуд. Барои ба якдигар пайваст гардидани ҳамаи самтҳо ва ҳосил шудани роҳи яклухти ҳалқавӣ ба кор андохта шудани боз якчанд хатти нав таъкид гашт. Қароқамиш, кӯли Роҳат, Қӯйлуқ, заводи трактори Тошканд барин мавзеъ ва ҳудудҳо ба роҳи бузурги зеризаминӣ хоҳад пайваст, изҳор гашт дар гуфтушунидҳо, лоиҳаи метрополитен барои 70 километр омода аст, танҳо барои ба эксплуататсия супурда шудани самти Сергелӣ бошад 156 миллион доллари амрикоӣ лозим аст. Ин ҳама гапу корҳои 12-сол пештара.  Нақшаҳо кашида шуда бошанд ҳам, иҷрои онҳо, бо сабабҳои маълум ва номаълум, ба таъхир гузошта мешуд. Самти Юнусободи метрополитен ба истифода супурда шуда бошад ҳам, сохтмони се истгоҳи охирин бинобар нарасидани маблағ, қатъ ёфт. Самтҳои пештараи Чилонзор ва Ӯзбекистони метро ҳамеша серодам. Қатораҳо то 12-и шаб дар ҳаракатанд. Вале дар самти Юнусобод, бинобар дар истгоҳи «Шаҳристон» қатъ ёфтани ҳаракатҳо, одамҳо кам. Вагонҳо, ки холӣ, «дахлу харҷ» мувофиқат намекунанд. Хароҷоти барзиёди самти Юнусобод ба метрополитени Тошканд, ҳамин тавр, зарари моддӣ мерасонд.
Баъди ба давраи нави таърихӣ ворид шудани мамлакатамон ва шурӯъ ба корҳои азими бунёдгарона то охир расонидани сохтмони роҳҳои зеризаминӣ дар самти Юнусобод яке аз вазифаҳои муҳим қарор гирифт. То охири соли равон ба охир расонидани корҳои асосии сохтмонӣ дар ин самт ба нақша даромад ва бунёдкориҳо дар ин мавзеъ суръат мегиранд. Ба болои нақбҳое, ки 1600 метр дарозӣ доранд, рӯйпӯшҳои бетонӣ устувор карда мешаванд. Дар ин бобат қисми асосии корҳои сохтмонӣ ба охир расонда шудаанд. Дар як шабонарӯз 10-12 метр нақб канда ва дар ин самт техникаҳои замонавитарин мавриди истифода қарор меёбанд. Ҳар сония таҳти назорати нақбкан ва мутахассисон. Назар ба таъкиди онҳо, мошинҳои нақбкан дар як дақиқа 33 миллиметр пеш мераванд.
Техникаи замонавӣ баробари кофтани замини пешорӯ хокҳои ҷамъшударо берун мебарорад. Идоракунии техникӣ пурра автоматиконидашуда, корҳо бетанаффус, яъне дар як шабонарӯз 24 соат идома меёбанд.
Сохтмонҳо дар самтҳои дигари метрополитени пойтахт айни замон ҷадалнок суръат доранд. Воқеан, лоиҳаҳо дар давраи нав то андозае тағйир ёфтанд. 52 километр тӯлкашии хатҳои нави метро ба нақша гирифта шудааст. 
Бунёдгариҳо дар хатти «Дӯстлик» – «Қӯйлик» вусъат ёфта, қисми асосии корҳо аллакай ба анҷом расонда шудаанд. Ин самт аз 7 истгоҳ таркиб ёфтааст. Аз он чаҳор стансия рӯизаминӣ ва се стансия зеризаминист. Дарозии умумии хат 11 километрро ташкил менамояд.
Мураккабии барпои роҳҳои филизӣ, ба кор андохта шудани самтҳои тозаи метро ба касе сир нест. Он баробари маблағи калон ва қувваи корӣ таҷрибаи бойи роҳсозию нақбканиро тақозо менамояд. Дар бунёди роҳҳои зеризаминию рӯизаминии метро мутахассисон аз Олмон ба сохтмончиёни мо аз наздик кӯмак мерасонанд. 
Чанд сухан дар бораи таърихи барпои роҳҳои филизии зеризаминӣ дар Тошканд. Мегӯянд, баъди ба 1 миллион нафар расидани аҳолии Тошканд чораҳои ба кор дароварда шудани воситаҳои нақлиётии зеризаминӣ андешида шуданд. Раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Тошканд Аслиддин Асомов ба Маскав муроҷиат сохта (соли 1963) ва ғояи бунёди метрополитен дар Тошкандро пеш гузошт.
Ҷамъомади умумии кумитаи банақшадарории буҷаи давлатии собиқ иттиҳод таклифро муҳокима ва маъқул намуд. Вале дар Тошканд рӯй додани зилзилаи сахт (соли 1966), ба харобазор табдил ёфтани як қисми шаҳр, андак таъхирёбии барпои метрополитенро сабаб гашт. Бо вуҷуди ҳамин то соли 1971 мутахассисони институти метрогипротранси Маскав корҳои лоиҳасозиро анҷом доданд. Нимаи аввали солҳои ҳафтодум сохтмонҳо оғоз ёфтанд. Назар ба фактҳо,солҳои 1976-1977 дар барпои роҳҳои зеризаминӣ 1700 нафар коргарону хидматчиён дар пойтахти Ӯзбекистон заҳмат кашиданд. Аз онҳо соли 2007 108 нафарашон ҳамон дар метрои Тошканд кор мекарданд. Кам бошанд ҳам, имрӯз низ собиқадоронеро, ки роҳи шарафнокро тай кардаанд, дар метрополитен диданамон мумкин. 
Соли 1977 аввалин самт – Чилонзор ба истифода супурда шуд ва барои бунёди он бо пули ҳамонвақта 50 миллион рубл сарф гашт. Арзиши умумии самти Ӯзбекистон бошад, 80-90 миллион рублро ташкил намуд. Тошканд ҳамин тавр, дар собиқ иттиҳод ҳафтумин шуда, дар сафи шаҳрҳои миллионери метродор (баъди Маскав, Ленинград, Киев, Харков, Тбилиси, Боку) қарор гирифт. Вале ҳар як истгоҳи метрои пойтахти мо аз метроҳои шаҳрҳои гуногуни дунё бо шаҳомату зебоӣ ва озодагии  худ фарқ мекард ва имрӯз низ ҳар як истгоҳ қасрҳои азими зеризаминро монда ва бо шукӯҳу дилрабоӣ ба дилҳо завқ мебахшад. Ҳанӯз чанд сол қабл аз ин рӯзномаи «Известия» навишта буд, метрои Тошканд бо дилкашию озодагӣ, ороишу хушнамудӣ, ҳамоҳангии меъмориҳои миллию замонавӣ, бешубҳа, метроҳои Лондон, Берлин, Токио  ва Пекин барин шаҳрҳои азими дунёро қафо гузоштааст. Истгоҳҳои метрополитени Тошканд бо чароғонии худ низ ҷудо шуда меистанд. Аз ҷумла, дар истгоҳи «Мустақиллик» аз баробар шуълапошии 1650 қандил ва чароғакҳои гуногунранг нуре дар чашмҳои равуокунандагон медурахшад, ки онҳо рӯзе тақрибан 250-300 ҳазор нафарро ташкил менамоянд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: