КОРҲОИ ПРОФИЛАКТИКА – САДДИ ҶИНОЯТКОРӢ

Ислоҳоти соҳаи суду ҳуқуқ, ки дар кишвари мо амалӣ мешаванд, ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон нигаронда шудаанд.

Қарори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми сифатан нави ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар шаҳри Тошканд» аз 14 феврали соли 2018-ум барои рушди минбаъдаи корҳои профилактикӣ асоси муҳим гардид. Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон чорабиниҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд, ки ба пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ нигаронида шудаанд.
Ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон бо дараҷаи маданияти ҳуқуқдонӣ дар ҷамъият вобаста мебошад. Агар ҳар кадом шаҳрванд қонунҳоро хуб донад ва дарк намояд, ҳуқуқи шаҳрвандони дигарро халалдор намекунад. Барои маънидодкунии  ин ва ба мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткориҳое, ки бино бар надонистани қонунҳо содир мегарданд, дар маҳаллаҳо ҷамъомадҳои сайёри судӣ ва вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Мақсад аз чунин чорабиниҳо баланд бардоштани маданияти ҳуқуқдонии шаҳрвандон, ҳифз кардан ва пешгирӣ намудани онҳоест, ки дар сари роҳи ҷиноят истодаанд, ҳамчунин пешгирии ҷиноятҳо мебошад. Вохӯриҳои сайёр собит менамоянд, ки саводи аҳолӣ дар ин бобат меафзояд.
Ҷамъомади сайёри судие, ки дар ноҳияи Мирзо Улуғбек баргузор шуд, нишон дод, ки дар байни хелҳои гуногуни ҷиноят беш аз пеш дуздии моликияти давлатӣ, фиребгарӣ, ғорати молу мулки шахси дигар қарор доранд. Алҳол ҳарчанд барои соҳибкорон имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд, дар байни онҳо ашхосе дучор меоянд, ки аз ин имкониятҳо ба мақсадҳои ғаразнок суиистифода мекунанд. Барои пешгирӣ намудани ин гуна ҳодисаҳо дар вохӯриҳои сайёр ба аҳолӣ корҳои маънидодкунӣ бурда мешаванд. Чунончи, дар яке аз чунин ҷамъомадҳои сайёри судӣ парвандаи Даврон Каримов баррасӣ гардид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки вай бино бар надоштани саводи ҳуқуқӣ ба таъсири соҳибкорони сохта, ғоратгарони моликияти давлатӣ монда, ба ҷинояткор табдил ёфтааст. Нисбат ба ӯ мувофиқи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Омӯзиши дақиқи парвандаи мазкур нишон дод, ки айбдоршаванда ба ин ҷиноят дахл надорад, вай танҳо ба ҳуҷҷатҳо имзо монда, моҳона гирифтааст.
Ҳангоми вохӯриҳо бо аҳолӣ барои пешгирӣ намудани ин қабил ҷиноятҳо аз ҳаёт мисолҳо оварда мешаванд. Мақсади мулоқоти судяҳо бо аҳолӣ ҳамчунин баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани онҳо аз содир кардани ҷиноят мебошад.

Ёқутхон ҲАЙДАРОВА,
судяи суди корҳои ҷиноии ноҳияи Мирзо Улуғбек.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: