ОЛИМАИ ПУРКОР ВА МУРАББИИ ҒАМХОР

Забонеро, ки имрӯз мо бо он гуфтугӯ дорем ва мубодилаи афкор менамоем, забони тоҷикӣ ё забони модарӣ меноманд.

Дар тӯли таърихи дароз аз шикасту рехтҳои зиёд яке аз муқаддасоте, ки боқӣ мондааст, забони мост. Бешубҳа, хидмати модарон дар инкишофу такомули забон беандоза бузург буда, онҳо поягузори бинои сухан мебошанд. Биноан, мо бояд, хоссатан, сатҳи забондонии духтарон — модарони ояндаро баланд бардорем. Зеро дар забондон гардидани  насли ҷавон модарон нақши муҳим доранд. Дар байни поягузорони бинои сухан модароне ҳастанд, ки омӯзишу тадқиқи илми забонро шуғли дӯст-доштаи худ қарор додаанд. Модарони забондону нуктасанҷ, баробари тарбияи фарзандон, дар роҳи тадқиқу тадриси забон шабҳоро рӯз мекунанду рӯзҳоро шаб, қатрае аз хуни ҷигар кам мекунанд ва бад-ин  васила забони шевоямонро пурғановату суфтатар мегардонанд.
Яке аз чунин модарони мушфиқу меҳрубон ва заҳматписанд, забоншиноси шинохтаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, Аълочии маорифи халқ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мукаррама Қосимова  мебошад. 
Соли 1972, ҳангоме ки дар курси аввали факултаи филологияи тоҷики собиқ Донишкадаи давлатии ба номи Садриддин Айнии Самарқанд таҳсил мекардем, дар «Газетаи муаллимон» доир ба китобҳои дарсии забон чанд мақола ва тақризи муфассали Мукаррама Қосимова ба табъ расида буд. Забони пуробуранг ва дониши густурдаи олима моро мутаваҷҷеҳ сохт, ба ҳисси кунҷковиамон афзуд. Ҳамин тавр, шиносоии ғоибонаи мо бо устод оғоз ёфт. Вале мо тасаввур карда наметавонистем, ки сарнавишт  минбаъд маро бо ин инсони ориф ва забоншиноси  шинохта рӯ ба рӯ месозад. Вақте вуҷуди устодро ҳисси ифтихор фаро мегирифт, аз абёти пешинагон доир ба бузургдошт ва фасоҳати забони дарӣ (форсӣ,тоҷикӣ) мисолҳо меовард. Инак, чанд намуна: 
Агар бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
***
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огаҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.
Дертар мо мақолаву китобҳои гуногуни  Мукаррама Қосимоваро доир ба паҳлӯҳои гуногуни забоншиносӣ бисёр мутолиа намудем ва аз онҳо баҳра бардоштем. 
Зиндагиномаи олима басе оддист. Ӯ 16 январи соли 1933 дар шаҳри Конибодоми Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ дида ба дунё кушудааст. Падараш Набӣ Фахрӣ аз аввалин рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ва бунёдгузори рӯзномаю матбааи ноҳияи Конибодом буд. Модараш Мунаввара  Қосимова аз занони фаъоли Тоҷикистон, корманди пешқадами давлатию ҳизбӣ ва ташкилотчии моҳир будааст. Ба олимаи пуркор ташкилотчигӣ аз падару  модараш мерос мондааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, мактаби таълими ҳамагонии рақами 10 - уми  ба номи С.Айнии шаҳри  Душанберо бо медали нуқра хатм кардааст. Ташнаи дониш, ки буд, пас аз хатми мактаби миёна, соли 1950 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супурд. Ӯро бе имтиҳон  ба шуъбаи филологияи тоҷик  қабул карданд ва  донишгоҳро бомуваффақият хатм намуд. Чун орзуи ягонаи Қосимова  идомаи таҳсил ва таълифи рисолаҳои илмӣ буд, тасмим гирифт, ки дар саҳрои илм бо сӯзан чоҳ мековад. Соли 1961 таҳти роҳбарии профессор  Додоҷон Тоҷиев рисолаи  номзодиашро  доир ба мавзӯи «Ҷумлаи пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик» дифоъ намуд. Олима дарк кард, ки забон ҳамчун дарёсту ба  шохобҳо ҷудо мешавад, дар роҳи сафар гоҳо камбар мешаваду гоҳе  вусъате пайдо мекунад. Забон низ аз шохобҳо иборат аст. Ин шохобҳо муттасил ба дарёи бузург рехта онро саршор мегардонанд.     
Олима соли 1982 доир ба мавзӯи «Ҷумлаҳои соддаи насри асри  XI» рисолаи докториашро дифоъ намуда, сазовори унвони доктори илмҳои филологӣ гардид. Тадқиқоти олима — «Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои соддаи насри асри XI» дар асоси забони «Сиёсатнома», «Қобуснома» ва «Сафарнома» рӯйи кор омадааст. 
Донишпажӯҳ  муттасил барои ба амал тадбиқ намудани корҳои илмиаш кӯшиш ба харҷ дода, натиҷаи онро дар шакли мақола ва монография ба донишҷӯён пешниҳод менамояд. Китобҳои дарсии ӯ барои донишҷӯён аз қабили  «Матни классикӣ», «Христоматия оид ба матни классикӣ», «Маҷмӯи машқҳо аз забони тоҷикӣ», «Маҷмӯи машқҳо аз синтаксиси ҷумлаҳои мураккаби забони тоҷикӣ», беш аз 500 мақола ва тезису дастурҳои алоҳидааш рӯйи чопро дидаанд.
Олима  шогирдони зиёдеро ба тадқиқи омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни забон ҷалб карда тавонистааст. Беш аз 12 нафар шогирди ӯ номзади илманд. Мавсуф дар омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи забон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ саҳм гузоштааст. Ба халқи ӯзбек ва ӯзбекистониён меҳри беандоза дорад. Рӯзе  нест, ки шогирдонаш ба ӯ бо суоле  муроҷиат накунанд. 
 Мукаррама Қосимова инсони фурӯтану хоксор аст. Ӯ бо донистани забонҳои хориҷӣ намеболад, лофи донистани  давраҳои қадиму миёнаи таърихи забонамонро ҳам намезанад. Вале аҷиб ин аст, ки ӯро чун забоншиноси нуктасанҷ нафақат дар саросари  Тоҷикистон, балки  дар хориҷ низ мешиносанду эҳтиром мекунанд. Бесабаб нест, ки ба навиштаҳои ӯ ховаршиносони маъруф: Н. А. Боголюбов,  В. С. Растаргуева, А. З. Розенфелд баҳои баланд додаанд. Мо гоҳо ба худ суол медодем, ки сирри ба эътирофу эътибор сазовор гардидан ва мухлисони зиёд пайдо кардани ин модари забондон дар чӣ бошад. Ниҳоят  ҷавоби онро дарёфтем: дар пуркорӣ ва дарку эҳсоси амиқи набзи забони ғанию пуробуранги мост! Оре, касе ки дафтари кору фаъолияти Мукаррама Қосимоваро варақ мегардонад, ба ин гуфта итминон ҳосил менамояд.

Ҳамроқул БЕРДИҚУЛОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: