НАТИҶАҲОИ ИСЛОҲОТ БОВАРИИ ОДАМОНРО БА ФАРДО МУСТАҲКАМ МЕНАМОЯД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо бунёдкориҳои ҷорӣ, лоиҳаҳои бузург дар маҳалҳо ва барои мулоқот бо мардум 29-30 март аз вилояти Бухоро боздид ба амал овард.

Рӯзи дуюми сафар Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар масъалаҳои инкишофи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Бухоро ҷамъомади фаъолонро баргузор намуд. Дар ҷамъомад, ки дар намуди алоқаи видеоконфронс барпо гардид, фаъолони вилоят, депутатҳо, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳокимони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, собиқадорон, соҳибкорони ҷавон, намояндагони васеи ҷамъият иштирок намуданд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ мегардад, ки натиҷаҳои он дар тамоми ҷанбаҳо эҳсос гардида, ин бовариро ба фардо мустаҳкам месозад.
Тамоми кор, нақшаи мо барои манфиати мардуми Ӯзбекистон мебошад. Барои он ки ин дар минтақаҳо зоҳир гардад, дар ҳаёти одамон эҳсос гардад, сифат, дониш, шуҷоати баланд дар ҳалқаи поён муҳим аст. Кафкӯбӣ кардан ва суханони баландпарвоз гуфтанро бас карда, бо ҳар як хонавода, бо ҳар як одам дақиқ ва мувофиқи мақсад кор бояд кард, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки дар қатори дигар минтақаҳои мамлакат, ба рушди босуръати иҷтимоиву иқтисодӣ, афзоиши даромад ва беҳгардии ҳаёти аҳолӣ дар вилояти Бухоро низ эътибори бартаринок дода мешавад.
Бидуни низоми дақиқи молиявӣ натиҷа ба даст намеояд. Аз ин рӯ, мо ҳар як қарорро бо муайянсозии манбаи молиявӣ қабул менамоем. Ба Бухоро низ мо бо омодагии хуб омадем, гуфт Президент.
Таъкид ёфт, ки барномае таҳия гаштааст, ки солҳои 2019-2020 ба амал татбиқ намудани 625 лоиҳаи сармоягузориро ба қимати 25 триллиону 353 миллиард сӯм дар соҳаҳои саноат, хидматрасонӣ ва хоҷагии қишлоқ пешбинӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки 30 ҳазор ҷойи нави доимии кор ба вуҷуд оварда шавад.
Дар ҷамъомад вазифаҳои аввалиндараҷа доир ба инкишофи иқтисодиёти вилоят, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, афзудани ҷойҳои кор муайян карда шуданд.
Вилояти Бухоро молики потенсиали калони сайёҳӣ мебошад. Дар минтақа ду баробар афзудани мавҷи сайёҳони хориҷӣ то соли 2021 ва аз хидматрасонӣ ба сайёҳон то ба 350 миллион доллар расондани даромад ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин мавзӯъ махсус таваққуф намуда, Президент Шавкат Мирзиёев вазифаҳои дахлдорро муайян намуд. Таъкид кард, ки барои ин, пеш аз ҳама, меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд намуда, инфрасохтори нақлиётро беҳтар бояд кард.
Дар соли ҷорӣ дар Бухоро меҳмонхонаҳои «Бухоро-палас», «Варахша» ва «Зарафшон» таъмир гардида, 32 меҳмонхонаи нав, 9 мотел ва 50 хонаи меҳмондорӣ ба баҳрабардорӣ супурда мешаванд. Дар натиҷа теъдоди гунҷоиши сайёҳон ба 7 ҳазор расида, имконияти қабули онҳо ду баробар зиёд хоҳад гардид.
Инчунин кор дар бобати таъмири 122 километр роҳи Ғиҷдувон – Когон, роҳандозии ҳаракати нақлиёти замонавӣ ва шинами байни мақбараҳои «Ҳафт пир», васеъ ҷорӣ намудани стандарти байналхалқии «Ҳалол» ба амал татбиқ мегардад.
Роҳбари давлат Бухороро ба «чорроҳаи сайёҳӣ» табдил додан аз тариқи зиёд намудани парвозҳо, зиёд намудани равуои поезд ва автобусҳои байни Бухоро ва Самарқанд, Хева ва Шаҳрисабз ишора намуд.
Ҳамзамон дар бобати сохтмони музейи таърихи Бухоро, муассисаҳои шодкунанда, марказҳои ҳунармандӣ ва ташкили минтақаҳои пиёдагард дар қисми шаҳри кӯҳна супоришҳо дода шуд.
Дар ҷамъомад ба инкишофи инфрасохтори вилоят эътибори алоҳида дода шуд.
Аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ба таври кофӣ таъмин нагаштааст. Қариб 5 ҳазор километр роҳи автомобилгарди байналхалқӣ, давлатӣ ва молики аҳамияти  маҳаллӣ таъмирталаб мебошад.
Бино бар Барномаи сармоягузорӣ барои соли ҷорӣ лоиҳаҳои инфрасохтор доир ба сохтмон ва барқарор намудани шабакаҳои об ва канализатсия, роҳ ба қимати 100 миллион доллар ба амал татбиқ мегарданд. Ин лоиҳаҳо имконият медиҳанд, ки дараҷаи таъмини об ва канализатсия то 48 фоиз афзояд. Ҳаҷми таъмири роҳ аз 35 фоиз то 31 фоиз кам хоҳад гардид.
Барои беҳсозии инфрасохтори мамлакатамон чорабиниҳо доир ба ҷалб намудани беш аз 3,1 миллиард доллар аз Бонки сармоягузорӣ ва инфрасохтори Осиё ва дигар институтҳои молиявии байналхалқӣ чорабиниҳо андешида мешаванд.
Қисми зиёди ин маблағ – 1 миллиарду 300 миллион доллар барилова дар се соли наздик барои комилан беҳсозии инфрасохтори иҷтимоӣ, роҳ ва коммуналӣ танҳо дар вилояти Бухоро равона карда мешавад. Роҳбари давлат дар ин самт ба вуҷуд овардани «таҷрибаи Бухоро»-ро пешниҳод намуд.
600 миллион доллари ин маблағи ҷудошаванда дар доираи 7 лоиҳа доир ба хобондани нақли об барои бо оби ошомиданӣ таъмин намудан ва 12 лоиҳа барои хобондани шабакаи канализатсия азхуд карда мешавад.
Дар натиҷаи кашидан ва реконструксияи қариб 4,5 ҳазор километр шабакаи нақли об дар вилоят боз 889 ҳазор нафар одам бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад. Ҳамзамон, соли 2020 бо оби ошомиданӣ аҳли ноҳияҳои Бухоро, Вобканд, Ғиҷдувон, Шофиркон, соли 2021 ноҳияҳои Рометан, Пешкӯ ва Ҷондор, соли 2022 Когон, ноҳияҳои Қаровулбозор ва Когон таъмин мегарданд. Ҳамзамон аз ҳисоби хобондани 567 километр шабакаи канализатсия дар се соли наздик 275 ҳазор нафар, ки дар маркази ин ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд, пурра бо хидматҳои канализатсионӣ таъмин карда мешаванд.
Ғайр аз ин 9 лоиҳа доир ба сохтмон ва таъмири 660 километр роҳи молики аҳамияти байналхалқӣ ва давлатӣ ва 4 ҳазор километр молики аҳамияти маҳаллӣ ва дохилӣ ба амал татбиқ мегарданд. Ба ин корҳо 700 миллион доллар харҷ мегардад.
Роҳбари давлат дар доираи сафар ба вилояти Бухоро аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тараққиёт»-и ноҳияи Когон боздид намуд.
Бинои ҷамоат аз рӯи лоиҳаи нав сохта шуда, дар ин ҷо шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худгардони шаҳрвандони шӯрои ноҳияи Когон ҷойгир шудааст. Маркази мутобиқсозии иҷтимоии занон, ки дар ин ҷо ташкил гаштааст, бо ҳамдастиву мадади маънавиву психологӣ, кӯмаки тиббӣ ва ҳуқуқӣ ба занон ва кӯдакон машғул мебошад.
Китобхонаи замонавие, ки бо пойгоҳи Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ пайваст гаштааст, чун маъвои маърифатноксозии аҳолӣ, хусусан ҷавонон хидмат менамояд. Ду майдони футбол бо фарши сунъӣ ва ҳамчунин толори машқ барои вақтгузаронии муфиди бачаҳо ва наврасон дар наздикии бинои маркази маҳалла хидмат мекунанд.
Ҷамоати шаҳрвандон инчунин молики нуқтаи такягоҳии замонавии шуъбаи корҳои дохилӣ мебошад, ки ба қарибӣ дар мамлакат беҳтарин шинохта шуда, бо автомобили «Nexia 3» тақдир гардонда шуд. Инчунин статсионари рӯзона ва толори тантанаҳо дар хидмати аҳолӣ аст.
Зимни боздид таъкид гардид, ки имрӯз беш аз 35 ҳазор занон дар вилояти Бухоро бо кор таъмин нестанд, ҳанӯз ҷинояткорӣ дар байни занон вомехӯранд.
Президент таъкид кард, ки ин вазъият ба тинати миллии мо бегона буда, ва умуман ба Бухоро, ки соҳиби таърихи бой ва потенсиали калон мебошад, намезебад.
То охири соли ҷорӣ мо бояд масъалаҳои иҷтимоии занонро ҳал намуда, онҳоро бо кор таъмин намоем, вилояти Бухороро ба минтақаи намунавӣ табдил диҳем, ки дар он ҷо тамоми масъалаҳое, ки боиси нигаронии занон мебошанд, бо самар бояд ҳаллу фасл гарданд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки барои ин Кумитаи занон, Маркази тадқиқотии илмиву амалии «Оила», маҳаллаҳо ва мақомоти корҳои дохилӣ бояд аз наздик ҳамкорӣ намуда, бо ҳар як зан суҳбат намуда, ҳангоми зоҳир гардидани мушкилии он дасти ёрӣ дароз намояд.
Таъкид ёфт, ки сабаби бисёр мушкилоти аз ҷониби занон содир гардидани ҷиноят талоқ ба шумор меравад, ки барои бартарафсозии онҳо бояд масъулияти ҷавонон, падару модарон баланд бардошта шуда, қонунгузориҳои дахлдор такмил дода шаванд.
Президент бо бунёдкориҳои ҷории Бухоро, сохтмони иморатҳои бисёрошёна, лоиҳаи «Buhkara city» шинос гардид.
Вилояти Бухоро дар ҷанбаи сайёҳӣ нафақат дар мамлакатамон, балки дар тамоми минтақа молики потенсиали калон мебошад. Бо мақсади минбаъд баланд бардоштани потенсиали сайёҳии вилоят корҳои доманфарох дар заминаи ба вуҷуд овардани шароити куллан замонавӣ барои сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ, беҳсозии хидматрасонӣ ба амал татбиқ мегарданд. Маҷмӯи савдо ва хидмати маишии «Shopping center», ки дар Бухоро аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мустаҳкам қурилиш девелопмент» бунёд мегардад, яке аз чунин лоиҳаҳо ба шумор меравад.
Ин ягона маҷмӯаи чорошёна дар Ӯзбекистон мебошад, ки 90 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, шомили мағоза, бинои хидмати маишӣ, кинотеатрҳо, қаҳвахонаҳо, майдончаҳои бозии бачагон, идораи нотариус, бонкҳо мебошад. Ин имконият медиҳад, ки ба сайёҳон тамоми намуди хидмат дар як ҷо расонда шавад. Ҳатто он чиз, ки дар ин ҷо беш аз якуним ҳазор мағоза ҷойгир шудааст, аз бузургии он далолат медиҳад.
Дар назди марказ китобхона, ҷойгоҳ барои 7 ҳазор мошин сохта мешавад, ки хидматрасонӣ дар он бепул аст. Дар экобозоре, ки дар зербинои иншоот ҷойгир шудааст, ҳамзамон ба 9 ҳазор харидор хидмат расондан мумкин аст. Бо назардошти ҳудуди калони маҷмӯа барои миҷозон автокарҳо пешниҳод карда мешавад. Фаввораҳое сохта мешаванд, ки ҳудудро зеб дода, салқиниро таъмин менамоянд.
Ҳоло ҳозир дар сохтмон 1370 коргар кор мекунад. Пас аз ба баҳрабардорӣ супурдани маҷмӯа беш аз 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Қимати умумии лоиҳа 285 миллиард сӯм мебошад, ки 185 миллиарди он маблағе аст, ки ба ҶММ «Мустаҳкам қурилиш девелопмент» мансуб буда, 58 миллиард сӯм кредити бонк ва 5 миллион доллар сармояи хориҷӣ аст.
Ин маҷмӯаи тиҷоративу шодкунанда маҳалли ба худ хоси диданӣ мегардад, ки имконоти сайёҳии Бухороро меафзояд. Дар ин ҷо соле хидматрасонии тиҷоратӣ ва маишӣ ба миқдори 1,2 триллион сӯм расонда мешавад.
Ба Президент дар бораи маҷмӯи савдои «Karvon home market», ки сохтмони он дар кӯчаи Ҳофиз Таниши Бухоро дар назар дошта шудааст ва дар бораи экобозори масолеҳи сохтмони Бухоро маълумот дода шуд. Таъкид ёфт, ки  ин маҷмӯаҳои тиҷоратӣ рӯзи буду боши сайёҳонро дар шаҳр зиёд менамояд.
Роҳбари давлат ногузирии сохтмони замонавӣ ва сифатноки ин объектҳои бузург, дар онҳо роҳандозӣ намудани хидматрасонии замонавиро таъкид кард.
Якҷоя бо ширкати маъруфи турк дар ҷанбаи меъморӣ, таъмир ва менеҷменти лоиҳакашии «Studio Vertebra» консепсияи нақшаи генералии сохтмони иморати замонавии иқоматӣ ва маркази тиҷоратии «Buhkara city» дар 56 гектар ва харитаи ҷойгиршавии объектҳо дар Бухоро таҳия гаштааст.
Бино бар нақшаи генералӣ дар ин ҳудуд сохтмони объектҳои иқоматӣ ва иҷтимоӣ, идораҳо ва маҷлисгоҳҳо, меҳмонхонаҳои панҷситора, марказҳои савдо ва тиҷорат, ба вуҷуд овардани боғҳо пешбинӣ мегарданд.
Дар ду марҳала татбиқ намудани лоиҳа дар назар дошта шудааст. Дар марҳалаи аввал иморатҳои иқоматӣ, идораҳо, объектҳои ҷанбаи иҷтимоӣ, дар марҳалаи дуюм Маркази ислом ва масҷиди ҷомеъ сохта мешаванд. Ин иншоот  барои тарғиб намудани таърихи 2500-солаи Бухоро ва мероси ғании маданӣ мусоидат менамоянд.
«Buhkara city», ки сохтмони он барои ду сол ба нақша гирифта шудааст, маркази бузурги маърифатӣ ва корчаллонии мамлакатамон хоҳад гардид. Шавкат Мирзиёев бо мутахассисони турк дар бораи имконоти маркази замонавӣ, шароитҳои бавуҷудояндаи он суҳбат намуд. Дар бобати такмил додани лоиҳа супоришҳои зарур дод.
Дар ин ҷо инчунин тақдимоти корҳое ба вуқӯъ пайваст, ки дар асоси нақшаи генералии шаҳри Бухоро, аз он ҷумла, доир ба реноватсияи маркази он, сохтмони шоҳкӯчаҳо ва хиёбонҳо, бунёди иморатҳои бисёрошёна, такмили коммуникатсияҳои муҳандисӣ татбиқ мегарданд.
Дар Бухоро корҳои босуръат дар заминаи сохтмони 232 иморати бисёрошёна, объектҳои савдо ва хидмати маишӣ, инфрасохтор дар солҳои 2019-2020 оғоз ёфтааст.
Имрӯз қисми зиёди иморатҳо дар хиёбонҳои Ислом Каримов, Ибни Сино, Газлӣ, кӯчаҳои марказии Пири Дастгир, Алпомиш бунёд мегарданд, ҳусни  шаҳр куллан тағйир меёбад. Инчунин ба ҷои биноҳои кӯҳнаву безеб сохтани иморатҳои бисёрошёна тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ дар усули меъмории миллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин бунёдкориҳо ва ҳамчунин сохтмон ва реконструксияе, ки дар ҳудуди бозори Шаҳристон ба амал татбиқ мегарданд, ба куллан тағйир ёфтани ҳусни Бухоро мусоидат менамоянд.
Роҳбари давлат ба шахсони масъул дар заминаи ба вуҷуд овардани қулаиҳои иловагӣ барои аҳли шаҳр ва меҳмонони он, такомули инфрасохтор, рушди иҷтимоиву иқтисодии Бухоро супоришҳои зарур дод.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Эркин ЁДГОРОВ,
хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: