ҚАБУЛИ САЙЁРИ РОҲБАРИ СЕКТОР

Ташкили қабули сайёр ва мулоқот бо аҳолӣ, ки роҳбарони мақомоти идораи давлатии маҳаллӣ ва секторҳо баргузор менамоянд, бобати ошкор намудани мушкилоти мардум ва ҳаллу фасли онҳо нақши муҳим доранд.

Роҳбари сектори чоруми вилояти Намангон, сарвари вилоятии  раёсати андоз  А. Тилловолдиев дар ноҳияҳои ба ӯ вобастакардашудаи Уйчӣ ва Чортоқ қабули навбатии сайёр баргузор намуд.
Дар чорабиние, ки дар ноҳияи Уйчӣ сурат гирифт, ба мушкилоти шахсию муштараки аҳолӣ ва ҳаллу фасли онҳо эътибори алоҳида дода шуд. Аз ҷумла, муроҷиати соҳибкор А. Абдувоҳидов оиди вусъат додани  фаъолият мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба ӯ кӯмаки амалӣ расонда шуд. Ҳамчунин сокини маҳаллаи Боғ З. Файзуллоев изҳор дошт, ки дар як хона бо ду писару келинҳояш ба сар мебарад, аз ин рӯ, ба хона ниёз дорад. Ба ӯ маслиҳат дода шуд, ки хаттӣ муроҷиат намояд. Яке аз хонаҳое, ки барои оилаҳои камтаъмин бунёд мегарданд, ба ӯ дода хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти  шуъбаи вилоятии раёсати андоз, дар қабули сайёре, ки дар ноҳияи Уйчӣ баргузор шуд, 20 намуди муроҷиати 100 нафар шаҳрванд, ки ба масълаҳои хонаву ҷой, роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ ва гирифтани кредит аз бонк иртибот доранд, мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт. Дар рафти вохурӣ 2 муроҷиат дар ҷояш ҳал гардид, муроҷиатҳои боқимонда  барои омӯзиш ба мақомоти дахлдор ва созмонҳову ҳокимияти маҳаллӣ интиқол дода шуданд.

А. САТТОРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: