АСКАРОНИ САРҲАДБОН САВГАНД ХӮРДАНД

Дар қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Хизмати бехатарии давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Сурхондарё маросими қабули савганди тантанавии аскарони ҷавоне, ки барои адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ омадаанд, баргузор шуд.

Дар тадбире, ки намояндагони ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, сарҳадбонҳо, волидайни аскароне, ки барои хизмати муддатноки ҳарбӣ даъват шудаанд, ширкат варзиданд, таъкид гардид, ки таъмини осоиштагии кишвар, дахлнопазирии сарҳадҳоямон ва фаровонии халқ барои ҷавонони мо ба кори бошараф табдил ёфтааст. 
Дар мамлакати мо офарида шудани низоми самараноки дастгирӣ ва муносиб рағбатноксозии хизматчиёни ҳарбӣ барои таъмини ҳаёти орому осоишта, барқарории иҷтимоиву иқтисодии кишвар омили муҳим мегардад. Дар давраи хизмати муддатноки ҳарбӣ барои ҷавононе, ки бо хулқи намунавӣ, тайёрии ҷанговарӣ ва салоҳияти зеҳниашон ба ҳамсафони худ намунаи ибрат мешаванд, бобати шурӯъ кардани бизнеси худ низоми ҷудо кардани воми имтиёзнок роҳандозӣ шуд. Барои ба кор ҷойгир кардан имтиёзҳо муайян гардиданд. Озмун-азназаргузарониҳои гуногун, қувваозмоӣ ва мусобиқаҳои варзишие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд, барои устувор намудани донишу малака, намоиш додани салоҳияти зеҳнӣ ва муайян кардани ҳаёти ояндаи онҳо кумак мерасонанд.
Яке аз ҷавононе, ки бо мақсади чун гавҳараки чашм ҳифз кардани сарҳадҳои ҷанубии мамлакатамон ба хизмати муддатноки ҳарбӣ омадааст, Иброҳим Қурбонов мебошад, ки дар вилояти Тошканд ба воя расидааст. Ӯ баъди хатми коллеҷ ба хизмати ҳарбӣ аз таҳти дил тайёрӣ дид. Ботантана савганд хӯрдани ӯ дар дили модараш Муҳайё Қурбонова боиси ҳисси ифтихор гардид.
–Барои модар болотар аз дидани бахту камоли фарзанд бахте нест,– мегӯяд М. Қурбонова. – Ман хурсандам, ки орзуи ҳарбӣ шудани писарам амалӣ мегардад. Ҳанӯз аз давраи талабагӣ ҳимоягари Ватан шуданро дар дил мепарварид. Бубинед, ба писари ман либоси ҳарбӣ зебидааст. 
Аскари оддӣ Абдуҷалил Комилҷонов, ки соли ҷорӣ ба синни 20 қадам мегузорад, дар вилояти Олтиариқи вилояти Фарғона таваллуд шудааст. Баъди муваффақиятнок тамом кардани литсейи академии Фарғона барои бошарафона иҷро кардани вазифаи конститутсиявии худ аҳд кард. Бо чунин мақсад аз таҳти дил омодагӣ гирифта, дар давраи хизмати муддатноки ҳарбӣ барои ҳимояи сарҳадҳои ҷанубии мамлакат роҳхат гирифт. Барои содиқ будан ба вазифаи бошарафи худ дар қатори дигар ҳамсафони худ ӯ низ тантананок қасам хӯрд.
–Ба савганди ҳарбии худ як умр содиқ мемонам, – мегӯяд А. Комилҷонов. – Барои боз ҳам соҳаро дар қисми ҳарбӣ амиқ аз худ кардан ҳама шароити замонавӣ муҳайё карда шудааст. Кӯшиш мекунам, ки вазифаи конститутсионии худро бо садоқат иҷро намуда, боварии падару модар, устодон ва дӯстонамро сазовор шавам. 
Дар чорабинӣ баромадҳое  бинобар тайёрии ҷисмониву ҷанговарии сарҳадбонҳо ба иштирокдорон таассуроти амиқ гузошт. Сурудҳое, ки тинҷӣ, Ватан ва садоқатро тараннум мекунанд, садо доданд.

Холмӯъмин 
МАМАТРАЙИМОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: