МОНЕАҲОИ БЮРОКРАТӢ БАРДОШТА МЕШАВАНД

Ҳама гуна қарор, бешубҳа, танҳо баъди иҷрояш дорои аҳамият мебошад.

Дар баъзе ҳолатҳо сари вақт иҷро нагардидани қарорҳо ё худ ҳуҷҷатҳои дигар метавонад ба оқибатҳои нохуш оварда расонад.
Ба мақсади аз байн бардоштани чунин ҳодисаҳо ва беҳтар намудани дараҷаи интизоми иҷро дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бюрои иҷрои иҷборӣ таъсис дода шуд. Баъд аз оғози кори Бюро ҷараёни иҷро каме беҳтар шуд, вале ҳанӯз мушкилот мавҷуданд.
Қарори роҳбари давлат «Дар бораи чораҳои минбаъд баланд бардоштани самаранокии иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар» аз 12 марти соли 2019, ба аз байн бардоштани мушкилоти ҷараёни иҷрои қарорҳо нигаронда шудааст.
Хабарнигори ӮзА бо сардори шуъбаи Бюрои иҷрои иҷборӣ Фаррух ТОШПӮЛАТОВ вобаста ба масъалаи иҷрои қарор ҳамсуҳбат шуд.
– Бино бар баланд бардоштани самаранокии иҷро чи гуна чораҳо андешида мешаванд?
– Мувофиқи қарори Президент дар ҷараёни корҳои иҷро коғазбозиҳо, монеаҳои бюрократӣ аз байн бардошта мешаванд. Аз 1 апрели соли 2019-ум ба ҷараёни иҷрои иҷбории ҳуҷҷатҳои судӣ идораи медиатсия ҷорӣ карда мешавад.
Медиатсия ин усули аз байн бардоштани зиддият бо кӯмаки медиатор дар пояи ризоияти ихтиёрии ҷонибҳо бо мақсади муваффақ шудан ба қарори барои ҳар ду ҷониб муфид мебошад. Ҳангоми  медиатсия корҳои иҷро ба муҳлати на бештар аз 15 рӯз боздошта мешаванд. Ҳангоми  бино бар иҷро расмикунонии муоҳида парванда бобати иҷрои байни ҷонибҳо боздошта хоҳад шуд. Боздоштани парвандаи иҷро ба муносибати муоҳидаи тарафайни ҷонибҳо мувофиқи қонунгузорӣ пешбинӣ нагардида буд. Минбаъд барои таъмин кардани шаффофият иштироки иҷрогари давлатӣ ва мақомоти давлатӣ дар ин ҷараён манъ карда мешавад. Ин ҳодисаҳои суиистифода аз мансаб ва тамаъгариро пешгирӣ менамояд.
– Кушодани парвандаи иҷро дар тӯли як рӯзи корӣ чӣ гуна қулаиҳоро фароҳам меоварад?
– Аз 1 июни соли 2019-ум кушодани парвандаи иҷро дар тӯли як рӯзи корӣ аз замони расидани ҳуҷҷатҳои иҷроия татбиқ карда мешавад. Ҳоли ҳозир ин муҳлат се рӯзро ташкил медиҳад. Коҳиш додани муҳлат барои ҷонибҳо бино бар корҳои иҷро, субъектҳои соҳибкорӣ, ҳамчунин беш аз пеш самарабахш ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои иҷро ба сарфа кардани вақт имкон медиҳад.
– Муайян кардани вақт барои гирифтани хулосаи мутахассис чӣ аҳамият дорад?
– Мувофиқи моддаи 20-уми Қонун «Дар бораи иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар» барои маънидодкунии масъалаҳое, ки ҳангоми содир шудани ҳаракатҳои иҷро ба миён меоянду донишҳои махсусро тақозо доранд, иҷрогари суд метавонад бо қарори худ мутахассисро таъин кунад.
Пештар муҳлати пешниҳоди хулосаи дахлдори мутахассис муайян набуд. Ин сабаби зиёд гардидани муҳлати иҷро ва эътирози дурусти талабгор мегардид.
– Низоми хидматҳои интерактивии давлатӣ кай ба амалиёти иҷро ҷорӣ карда мешаванд?
– Аз 1 октябри  соли 2019-ум дар веб-сайти mib.uz дар асоси ройгон низоми хидматҳои интерактивии давлатӣ бино бар амалиёти иҷро ҷорӣ карда мешавад. Аз тариқи низоми мазкур дар интернет талабгорон ва қарздорон метавонанд тамоми давраҳои амалиёти иҷроро назорат кунанд, ҳамчунин барои пардохти қарз дар режими онлайн ва бақайдгирии иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро имконият фароҳам оварда мешавад.
Аз 1 октябри соли 2019-ум пойгоҳи ягонаи электронии ҳуҷҷатҳои иҷро амал мекунанд, ки ба шарофати он амалиётҳои баробар ва сарфакоронаи тақсими иҷро, иҷрои босифати он таъмин карда мешавад ва аз ҳама муҳимаш, дахолати омили инсонӣ дар ҷараёни мазкур аз байн меравад. Дар ибтидо чунин амал ба сифати таҷриба аз 1 октябр дар шуъбаҳои Бюро, ки дар ноҳияи Яккасаройи пойтахт ва дар шаҳри Навоӣ ҷойгир шудаанд, татбиқ хоҳад шуд. 
Дар мақомоти Бюрои иҷрои иҷборӣ пойгоҳи ягонаи маълумоти электронӣ таъсис ёфта, тартиби ворид намудани маълумоти электронии бюро бино бар ҳуҷҷатҳои иҷро ба роҳ монда хоҳад шуд.
Минбаъд ҳам талабгор ва ҳам қарздор дар режими онлайн аз тариқи пойгоҳи электронӣ метавонанд дар бораи давраҳои ҳаракати муносибати ба онҳо дахлдори ҳуҷҷатҳои иҷро ва ҷараёни қарзситонӣ маълумот бигиранд.
Маълумот дар бораи кушодани ҳаракатҳои иҷро дар шакли sms ба почтаи электронӣ ё худ телефони мобилии талабгор ё худ қарздор фиристода мешавад. Дар ин маврид фиристодан ва гирифтани маълумот дар низоми махсуси автоматӣ ба қайд гирифта хоҳад шуд. Ин амалия сабабҳои «ман надидаам», «ман намедонистам» баринро куллан аз байн мебардорад.
Қарори мазкур ба ҷонибҳо бобати ҳаракатҳои иҷро, ҳамчунин ба субъектҳои тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ шароитҳои мусоид фароҳам меоварад. Аз байн бардоштани монеаҳои бюрократӣ дар ҷараёни иҷро хароҷоти вақт ва маблағи иловагиро пешгирӣ менамояд.

Мусоҳиб 
Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: