«ИДОРАҲОИ ДАВЛАТӢ БОЯД БА МАРДУМ ХИДМАТ КУНАНД»

Дар маркази маъмурии ноҳияи Фарғона зери ҳамин шиор қабули сайёри роҳбари сектори якум Шуҳрат Ғаниев ва роҳбарони секторҳои дигар ба вуқӯъ пайваст.

Дар он мудири бахши вилоятии Қабулхонаи халқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сардорони садоратҳои вилоят, роҳбарони идораҳо ва ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори умум низ ширкат карданд.
 Рӯзу соати муқарраршуда дар мавзеи “Таги чинор”-и шаҳраки Водил мардуми зиёд гирдиҳам омаданд. Ҳарфҳои Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев, ки гуфтааст, “На халқ ба идораҳои давлатӣ, идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд” дар ин мулоқоти ошкоро меҳвари асосӣ қарор дода шуд. Бар асоси он иштирокчиёни қабули сайёр мушкилот ва масъалаҳои ҳалталаберо дар миён гузоштанд, ки ҳаллу фасли он барои мардуми шаҳру ноҳияҳои вилоят ногузир мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳокимияти вилоят бесабаб чунин тарзи қабули шаҳрвандонро ба роҳ намондааст. Чунки дилгармии мардум ба зиндагии босуботи фаровон, меҳнати пурсамар, кайфият ва табъи хушу гуворо сарчашмаи ҳамаи пешравиҳо, аз ҷумла, боло рафтани иқтисодиёти кишвар ва фаровонии мардум мебошад. Маълум шуд, ки  аз 310 нафар иштирокчии қабули сайёр 130 нафар роҷеъ ба масъалаҳои гуногун ба ҳокимияти вилоят ва Қабулхонаи халқ муроҷиат кардаанд. 
Бист дарсади муроҷиатҳои одамони алоҳида мавриди баррасӣ қарор гирифт  ва аз ҳалли он муроҷиаткунандагон қаноат ҳосил намуданд. Ба 18 нафар шарҳ дода шуд, ки масъалаҳои пешниҳодкардаи онҳо такмил мехоҳад ва дар ин робита мутасаддиёни идораҳои марбута ба он корҳои фаҳмондадиҳӣ пиёда карданд. Дар мавриди ҳаллу фасли 85 муроҷиати корафтодагон ҳокими вилоят роҳбарони идораву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард. Шуҳрат Ғаниев муроҷиаткунандагонро бо қатъият итминон дод, ки баррасӣ ва ҳалли ин муроҷиатҳо таҳти назорати бевоситаи ӯ ва ҷонишинонаш қарор мегиранд. 
Нуктаи дигаре, ки дар ҷараёни қабули сайёр ба мушоҳида расид, боло рафтани фарҳанги мардум ҷиҳати дар миён гузоштани таклифу дархостҳо ва мушкилоту муаммоҳои онҳо буд. Дарвоқеъ, дар муддати бештар аз як сол  мардум имкон пайдо намуд, ки масъалаҳои зиёди ҳалталаб ва солҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаро қотеъона ба гӯши роҳбарони идораву муассисаҳои давлатӣ бирасонад, ошкоро ҳаллу фасли ногузири онҳоро аз ҳокими вилоят, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ва мутасаддиён талаб кунад.
Бархе аз талабу дархостҳои мардум ҷанбаъҳои иҷтимоӣ ва маиширо касб намуданд. Ин гуна талабу дархостҳо аз тарафи як гурӯҳ сокинони ноҳияҳои Фарғона, Бешариқ ва шаҳри Фарғона дар миён гузошта шуданд. Таъмини оилаҳои серфарзанд ва камбизоат бо хонаву ҷой, пайдо намудани ҷои кор, пардохти ёрии моддӣ, бартараф сохтани монеаҳои сунъӣ ва бюрократӣ барои ривоҷи соҳибкорӣ ва тиҷорати хусусӣ, аз бонкҳо гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва амсоли он аз талабу дархостҳое маҳсуб меёбанд, ки ин сокинони шаҳру ноҳияҳоро ба мушкилии печ дар печ мувоҷеҳ кардааст.
 Сокини маҳаллаи  Гулистони ноҳияи Фарғона Нозимҷон Шокиров иброз намуд, ки роҳбари хоҷагии фермерӣ мебошад. Вай тазаккур дод, ки барои нигоҳ доштани маҳсулоташон ба яхдони калон ниёз дорад. Аммо чунин яхдон маблағи зиёдро тақозо менамояд, ки дар айни замон барои пардохти он мушкилии молӣ мекашад. Ҳалли ин муаммо аз роҳи гирифтани қарзи имтиёзнок амалӣ хоҳад шуд. Шуҳрат Ғаниев раиси бонки марказии вилоятро вазифадор намуд, ки фавран асноди барои гирифтани қарзи имтиёзноки Нозимҷон Шокиров заруриро расмӣ карда, маблағи мавриди ниёзашро  пардозад.
Ҳамчунин Шокирҷон Қосимов гуфт, ки дар мавзеи Қиргулии шаҳри Фарғона бо аъзои хонаводааш дар хонаи кироя зиндагӣ мекунад. Ба таъкиди ӯ муроҷиатҳои батакрораш дар бораи таъмин бо манзил кайҳост, ки ба дарозо кашидааст. Ҳокими шаҳри Қувасой Адҳам Зиёвуддинов барои ӯ хонаи якутоқа ҷудо намуд ва ваъда низ дод, ки дар зудтарин фурсат ҷиҳози ин хонаро низ ройгон  барояш муҳайё месозад.
Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Оқтоши ноҳияи Фарғона Содиқҷон Мирзоев дар бораи мумфарш кардани роҳи ноҳамвори маҳалла сухан ронд. Вай ҳамзамон аз мушкилот ҷиҳати равуо ба қабристони маҳаллаашон ҳарф зад, ки дар минтақаи марзии миёни ду кишвар – Ӯзбекистон ва Қирғизистон воқеъ гаштааст. Ба гуфтаи Содиқҷон Мирзоев солҳост, ки ин масъала бидуни ҳал боқӣ мондааст ва мардумро ба азияти сахт мувоҷеҳ намудааст. 
Дар ҷараёни қабули сайёр Фозилҷонота Ҳилолови 83-сола, Илҳомҷон Эшонқулов, Зиёдахон Дадаҷонова, Мақсуда Ғуломова, Абдуфаттоҳ Мамаҷонов ба ҳокими вилоят перомуни тақдими аробачаи маълӯлон, кӯмаки молӣ барои пӯшиши бом, таъмин ба ҷои кор, барҳам додани монеаҳои сунъӣ ва бюрократӣ муроҷиат карданд ва ин муроҷиатҳои онҳо низ ҳал карда шуд. Муроҷиатҳои бархе аз иштирокчиёни қабули сайёр ба беҳбуди хизматрасонии тиббӣ бастагӣ дошт. Ҳокими вилоят сардори тандурустӣ Одилҷон Умаровро муваззаф намуд, ки дар бартараф намудани ин нуқсонҳо чораҳои фаврӣ пиёда кунад. Кормандони садорати адлия ва агентии хизмати давлатии вилоят ба иштирокчиёни қабули сайёр маслиҳату машваратҳои зарурӣ доданд. 
Дар поёни қабули сайёр дар баробари ташкили ярмаркаҳои меҳнат, китоб ва ҳунармандӣ, ҳамчунин дастурхони наврӯзӣ низ ороста гардид. Ошпазҳо  зиёда аз 500 нафарро бо оши палав меҳмон карданд. Гуфта мешавад, роҳандозии чунин қабулҳои сайёр эътимоди мардумро нисбат ба роҳбарони идораҳои давлатӣ, фардои дурахшон ва зиндагии босубот беш аз пеш таҳким хоҳад бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: