Намунаи ибрат

Мақоми адади 1

Донишомӯзон оғозшавии дарсро мунтазир буданд. Ба синф устоде даромад, ки аз қиёфааш сахтгир менамуд. Ӯ ба синф нигоҳе карда, хомӯшона ба даст бӯр гирифт ва ба тахтаи синф рақами «1»-ро калон карда навишт ва гуфт:
– Нигоҳ кунед, ин рақами 1 – шахсияти шумо, чизи аз ҳама арзишманде, ки дар ҳаётатон ба он соҳиб мешавед.
Баъд аз паси 1 адади «0»-ро навишт ва гуфт:
– Ин муваффақият аст. Муваффақият 1-и шахсро 10 мекунад.
Боз якто «0» илова кард:
– Ин таҷриба аст. Соҳиби таҷриба бошед, 10-атон сад мешавад,– гуфт ӯ.
Рақамҳо ба чунин тартиб идома меёфтанд: қобилият, тартибнокӣ, малака, муҳаббат...
Вақте ки ҳар яке аз онҳо илова мешуданд, ба қафои шахс яктоӣ «0» илова мегардид, ниҳоят, муаллиме, ки шахсро 10 баробар бадавлат карда буд, ба даст латтаро гирифта рақами 1-ро, ки дар пеши ададҳо меистод, пок кард. Дар тахтаи синф чандто «0» боқӣ монд.
Муаллим ба донишомӯзон гуфт:
– Агар шахсиятатон набошад, онҳо яъне сифрҳо ҳеҷ арзише надоранд.
Вазнинӣ дар вақт аст

Профессоре, ки ба донишҷӯён дар мавзӯи изтироби рӯҳӣ дарс медод, пиёларо аз об пур карда пурсид:
– Ба фикри шумоён вазни ин пиёлае, ки аз об пур карда шудааст, чӣ қадар мебошад?
Ҷавобҳо байни 20 грамм ва 500 грамм шуд.
Профессор ҷавобро шунида гуфт:
– Вазни ҳақиқии ашё муҳим нест, вазни пиёла бо назардошти онро чӣ қадар дар дасти худ нигоҳ доштани шумо тағйир меёбад. Агар онро як дақиқа бардошта истед, мушкиле нест. Як соат бардошта истед, дар дастони солиматон дард ба вуҷуд меояд. Агар як рӯз бардошта истед, барои ҷеғ задани «ёрии таъҷилӣ» маҷбур мешавед. Вазнинӣ худи он мебошад. Аммо онро ҳар қадар зиёд нигоҳ дошта истед, ҳамон андоза вазнин мегардад.
Агар дарду ғуссаҳоямонро ҳамеша бардошта гардем, дер ё зуд онро дигар бардошта наметавонем, зеро он рӯз аз рӯз вазнин шудан мегирад. Кори иҷромекардаи мо аз пиёларо ба замин гузошта, андаке дам гирифта, баъд онро такроран бардоштан иборат аст. Баъди борамонро муддате ба замин гузошта ба хубӣ нафас рост кардан, роҳамонро идома додан маъқул менамояд.

Тарҷумаи Хусрав САЪДУЛЛОҲ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: