ИДИ САРИ СОЛ

(Ҳиссае аз қиссаи «Хумор»)

Ҷашни бедоршавии табиатро мардуми воҳаи Сӯх Иди сари сол мегӯянд. Ҳанӯз пештар аз оғози Наврӯз мардҳо аввал ба тариқи ҳашар анҳору ҷӯйборҳоро тоза мекунанд, ба замини кишт пору мекашанд, шикасту рехти бому бораҳоро дуруст мекунанд. Вале ба тармими оташдон даст намезананд. Ин кор ба дӯши бонувон аст. Занҳо баъди хонатаконӣ бо гилбутта (хоки кулолӣ) оташдонҳоро андова мекунанд. Ба андешаи ман, оташ, ки рамзи гармии хонадон аст, посдори ин гармӣ маҳз бонувонанд. Одатан, дар чунин рӯзҳо барои мардони кор дар мазор ё масҷид барин ҷойҳо аз ҷувории махсус оши кӯча (кӯчаош) мепазанд. Ин ошро «кашки ҷуворӣ» ҳам мегӯянд. 
Баъд аз тармими дош (оташдони бузург) деги калонҳаҷмро рӯйи он гузошта, аз шираи сабзаи гандум суманак мепазанд, ки ин маросим қариб дар ҳама ҷо якранг сурат мегирад. Сӯхиён суманакро «Бибисуманак» мегӯянд, яъне, суманаки бибиён. Ва ин таомро бибиён бо пойи ботаҳорат мепазанд. Одатан, дар давоми даҳ-дувоздаҳ соат бибисуманак омода мешавад ва ба дастархони наврӯзӣ пешкаш мегардад. Барҳақ, бонувони тоҷик нигаҳдори урфу одат ва суннатҳои қадимианд!
Табиати кӯҳистони Сӯх нисбатан сард-гин аст, аз ин рӯ баҳману лолаву қоқу барин гулҳои наврӯзӣ дертар мешукуфанд. Назар ба гуфти бобоям, аз қадим рӯзҳои Наврӯз дар мазори Ҳазрати Алӣ, Сойбозор, Ҳойити Сангин, Сари бозори кӯҳна ё Тамошоҷо базмҳои осмонкаф барпо мешудааст. (Дар баъзе деҳаҳои Сӯх – Тӯлу Қалъачаю Ғазнов маросими чоршанбесур ҳам расм аст.) Аз рӯйи таомул, дар ин гуна сайргоҳҳо бо номи «Чаманбардорон» миёни ҷавонони соҳибҳунар мусобиқа мешудааст. Чаманбардорон ҷавонони гулгардоне будаанд, ки чаман (гулдастаи бузургҳаҷм)-и аз гулу гиёҳҳои баҳори гузашта хеле устокорона хушконида ё аз гулҳои сунъии коғазӣ дастагули сохтаашонро аз паси мирбача (мири наврӯзӣ)-и савора, ки ҳам худаш ва ҳам аспи сафед ё гулрангаш лухтаквор оро дода шудааст, бардошта меомадаанд. Калонҳо – доварони давра чамани ҳар деҳаро баҳогузорӣ мекардаанд. Соҳибони гулдастаи зеботарин дар баробари гирифтани мукофоти махсус имтиёзи оғоз бахшидани базми наврӯзиро ба даст меовардаанд. Ғолибон то Наврӯзи оянда гули сари сабади ҷашну сурҳо ҳисоб меёфтаанд.
Дар базмҳои наврӯзӣ баробари мақомҳои халқӣ, ки «Чаҳормақом» ё «Мақоми Фарғона» низ гӯянд, сурудҳои «Шашмақом», ашӯлаҳои рақсии шӯх, ёвайлохонӣ, бозии «Лайлаки қайроқбоз» иҷро карда мешудаанд. 
Ман борҳо рақси «Лайлаки қайроқбоз»-ро дар ҷашну сурҳои ҳамдиёрон дидаам. Солҳои кӯдакии мо ҷашн гирифтани Наврӯз ҳамчун иди миллӣ мамнӯъ бошад ҳам, онҳое, ки орзуву ҳавас доштанд, сури суннатии писаронашонро маҳз дар рӯзҳои Наврӯз медоданд. Ва, албатта, дар чунин маъракаҳо бе пӯшт-пӯшт ҳунарварони оилавӣ бо сарварии амаки Соҳиб аз деҳаи Чашма ҳозир мешуданд. Садои қӯшнайи сардори ин дастаи ҳунарӣ ҳанӯз аз кӯча садо медод. Кӯдакон бо шодиву мағал ба пешвози онҳо метохтанд. Мо аз ҳунари эшон олам-олам лаззат мебурдем. Нақши Лайлаки қайроқбозро писарбачаи навраси машқдида мебозид. Ӯ ҷомаи пароғдабеқасабу шалвори махмали сурх, тоқии чоргулаи тусӣ, мӯзаи хироми сурх пӯшида, ба пойҳояш ду чӯбдасти як-яку нимгазиро мебаст ва ба ду каф дутоӣ қайроқсанг гирифта, онҳоро дар ҳавои оҳанги рези нақора шараққос занонида, «пойҳо»-и чӯбинашро лаклаквор кушод-кушод гузошта мерақсид. Тифлакони шаш-ҳафтсола аз миёни пойҳои раққоси наврас тохта мегузаштанд. Одатан, падари ин бача сурнай мекашид, бародараш нақора менавохт. Дар чунин давраҳо лӯлиҳои хирсбозу чашмбанд, паҳлавонҳои сангбардору гӯштингир ҳам пасу пеш ба давра медаромаданд. Баъди онҳо дорбозҳо доди ҳунар медоданд.
Ёдам меояд, ки модаркалон маро дар баракаш шинонда тарона мехонд: 
Лайлак омадас дина
Дар ҳавлии Одина.
Одина хамир кардас,
Келинаш фатир кардас.
Бобош ба ҳезум рафтас,
Арғамчина гум кардас.
Арғамчин дар боғи мо,
Себи сурх — саломи мо.
Себи сурх овардагӣ
Кӯчангӣ —ғуломи мо.
Ду лайлаки қайроқбоз
Мехонад ба як овоз:
Соли нават муборак!
Соли нават муборак!
Барои мани хурдсол он айём ифодаҳои ин тарона берабту пароканда менамуданд.
– Бибиҷон, одатан дар иди Соли нав мардума Бобои барфӣ табрик намекунад? Лайлак дар зимистон меояд магар?
– Замона поскуно-росткуно (чаппаву роста) шудааст. Аҷаб, ки дар ин замон Соли нава дар зимистони қаҳратун пешвоз мегиранд. Ба ин тифли гӯлак моҳияти ашӯлаҳои солинавии худамоя чӣ хел фаҳмонам?– даст ба зону мезад модаркалон.
Таронаи наврӯзие, ки аз забони бибиам ин ҷо овардам, байни қариб тамоми тоҷикзабонони минтақа, ба истиснои як ё ду мисраъву ҳарфу ҳиҷояш, маъмул аст.
Аз рӯйи таомули аҷдодии мардуми Сӯх, чӣ навъ ки бибиам нақл мекард, танҳо дар рӯзҳои Наврӯз духтарони болиғ ҳаққи рӯйкушод ба сайр баромадан доштаанд. Одатан, дар субҳи солеҳон духтаракон сар мешустаанд, ки «бахтамкушо» ном дошт. Сипас онҳо зулфони хешро оро дода, ба тан куртаҳое мепӯшидаанд, ки гиребону саростину даври доманаш кашидадӯзӣ доштааст, ба сар рӯймоли ҳаштчорякии гардӣ мегирифтаанд. Дӯшизагони бахтхоҳро хоҳарбузургон, бародарзанҳо ва ё дугонаҳои наварӯсашон ҳамроҳ ба сайри бахткушоён меоварданд. Онҳо аз арғамчинҳои дароз-дароз ба шохаи мустаҳками дарахти баланди зардолуҳо арғунчак меандохтанд ва гурӯҳи духтарони наврасу наварӯсон бонавбат бод мерафтанд. Чун дар ин чанд рӯз мулоқоти ҷавонон айб ҳисоб намеёфтааст, бачамардони бахтхоҳ низ ба тамошо меомадаанд. Ҳар ҷавоне, ки духтареро маъқул дониста бошад, бо дасти кӯдаке ба ин дӯшиза себи сурх ва дигар туҳфаҳои наврӯзӣ мерасонидааст.
Бале, оне, ки дар айёми Наврӯз тавассути себи сурх ба ёри дилхоҳ салом фиристодаву як бӯса ҳалво ҷавоб гирифта бошад, як умр ғуломи он ёри мақбул ҳисоб меёфт. Оҳ, чӣ бахти бузургест ба хотири ишқ ихтиёран хештанро ба ғуломии нозанине бидиҳӣ!
«Воқеан, шикастани аҳду паймони наврӯзӣ гуноҳи кабира ҳисоб меёфт»,– мегуфт модаркалон. Шояд ӯ аз дасти бобоям дар айни қадрасӣ як дона себи намангонӣ туҳфа гирифта бошад, ки як умр аҳд нашикаст ва дар давоми шасту ду соли ҳамхонагӣ ҳамсари оқили хешро «марди калон» ном мегирифт, на «мардак».
Шумо, вақте ин таронаи «Лайлаки қайроқбоз»-ро хондед, пеши назар чӣ манзараро овардед? Омадани лайлак (лаклак), хамиру фатир кардани кадбонуву арӯси хонадони ӯ, гумшавии арғамчин, ифодаҳои себи сурху ғуломи қади кӯча ба Соли нав чӣ иртибот дорад? Чаро лайлаки қайроқбоз? Ва чаро ин ду лайлак «Соли нават муборак!» – мегӯянд? Ман он айём бо шунидани қиссаҳои бибиву бобои ширинсуханам аз равзанаи тасаввур ба манзарае чашм меандохтам, ки шояд садҳо, балки ҳазорон сол муқаддам тақрибан чунин будааст: 
Ин ангораи як рустои кӯҳистон аст. Деҳа хурд нест. Ибодатгоҳе дораду мактабе низ. 
Сарвари оила – марди деҳқон ё Бобои боғбон баъди тоза кардани чашмаю ҷӯйборҳо дирӯз шоху шиббаҳои хушкидаи дарахтонро буридаву ниҳолони навбарро ҳам бо токбур перостааст. 
Бонувон дар тараддуданд: бояд барои суфраи наврӯзӣ хӯрданиҳои махсус омода сохт. Кадбону хамир кардааст, аз гӯшаи хамир арӯси хонавода камтарак фатир карданист. Аммо ҳамсари Бобои боғбон ғур-ғур дорад, ки барои тасфондани танӯр ҳезум кифоят намекунад. Ҳич гап не, охир. Марди калони хона ба боғ меравад, то аз шоху шиббаҳое, ки дирӯз ҷамъ овардааст, як банд гирифта орад. Аммо расан нест. Кадхудо ҳамин ду рӯз пеш онро ба мехи устуни ҳезумхона овехта буд. «Арғамчин куҷост?» – мепурсад вай. Касе ҷавоб намедиҳад. 
Духтари қадраси хонадон арғамчинро ба боғи ҳамсоя бурда, дар шохи баландтарини зардолу арғунчак андохтааст. Дӯшизагони бебок бо навбат бод мераванд. Онҳо баланди баланд ҳаво мегиранд, бо шӯру қиём қию чӣ мекунанд, хандаи беғашашон ба атрофу акноф паҳн мешавад. Ин нидоҳои шодиёна ба гӯши ҷавонони навхат мерасад ва онҳоро шавқи тамошои дилбарони рӯйкушода ба паси чапаридевору болои бому бомгӯшаҳо мекашад. Рафтори онҳо дар айёми Наврӯз ноҷо ҳисоб намеёбад. Зеро дӯшизагону навҷавонон дар чунин рӯзҳо соҳибихтиёранд. Ҷавонони беқасабпӯш дар бағал туҳфаҳо доранд. Аз миёни духтаракон дилҷӯеро интихоб карда, ба воситаи кӯдакон ҳадяи хеш мефиристанд. Агар хушкардаашон армуғонро қабул кард, донед, ки то Наврӯзи оянда чанд оилаи нав барпо хоҳанд шуд. 
Ҳо, ана, духтари Бобои боғбон низ як себи беҷурми намангонӣ туҳфа гирифт, ки дили ошиқро ба хотир меоварад. Ин ҷавони сабзинаи салласаҳоб худро ба ғуломии ин нозанини беназир супурд! Мувофиқи таомули аҷдодӣ, волидайн ҳаргиз хоҳиши хостгоронро рад нахоҳанд кард, зеро андар дили муштоқи ин ду ҷавон ишқбун дар рӯзҳои Наврӯз шукуфтааст! 
Аз ҷониби сайргоҳи деҳкада садои фалаксои карнаю сурнай, данг-бадабанги таблу доира ба гӯшҳо мерасад. Пиру барно ба базми Наврӯз мешитобанд. Пеш аз он ки дорбозони ҷасуру чусту чолок рӯ-рӯйи расанҳо бо чашмони баста тозанд, ширинкорони шӯху ширингуфтор ба давра медароянд, ду ҷавони раққоси шириншамоил, ки лаклаквор пойҳои дароз-дарози маснуӣ доранд, қайроқҳои дасташонро шараққосзанон ҳунар менамоянд. Абзори бозӣ чунон маҳину дилкаш садо медиҳад: шақ-шақи шақ! Аз манораи масҷид ё сари калтути пир, ки лаклак — қосиди баҳор ошён гузоштааст, ҳамчунин садо меояд: 
Шақ - шақи шақ! 
Шақ - шақи шақ!!!
Яъне, Соли нават муборак! Соли нават муборак!!!
Имрӯз, ки хумори зодгоҳу айёми беғамиҳои кӯдакӣ гирифтааст, чашм мепӯшаму хаёлан тарона эҷод мекунам, вале гумон аст, ки ин мисраъҳои сода ҳама назокату асолати Наврӯзи хуҷастапайи Сӯхро ифода карда тавонанд:
Деҳи кӯҳӣ,
Саҳни масҷид:
Шақ-шақи шақ!
Шақ-шақи шақ!
Ин чӣ созу ин чӣ овоз?
Дар сари калтути пир
Лона монда лаклаки гардандароз, 
Пайк омад, пайки Наврӯз!
Пайки Наврӯзи дилафрӯз!
Боғи Ровон –
Боғи додом...
Сад чаман бишкуфта бодом!
Бар чаман сад ханда резад
Аз навои кабки хушхон
Сад тарона –
Ошиқона!
Пайк омад, пайки Наврӯз!
Пайки Наврӯзи дилафрӯз!
Оҳ, андар фасли гулрез
Хадраҳои пурҷавона 
Мешаванд обистану гул мекунанд.
Аз насими атромез
Зиндагонӣ файз ёбад
Бекарона,
Дар назар садранг тобад
Чун фасона.
Боди гулбез
Пайк омад, пайки Наврӯз!
Пайки Наврӯзи дилафрӯз! 
Агар гӯям, ки пайки Наврӯзи хуҷаста аз аввалватани ман – Сӯхи биҳиштосо ба тамоми олам роҳ пеш мегирад, ба ҳолам нахандед...

Марямбонуи Фарғонӣ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: