МАРДУМИ ҶАҲОН ИН ҶАШНВОРАРО ДЕР БОЗ ИНТИЗОР БУДАНД

Алҳол шаҳри куҳану ҷавони Тирмиз рӯҳи идона дорад.

 Ба муносибати Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ ба инҷо аз як қатор кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои гуногуни кишвари мо бахшиён-ҳофизони моҳир, ҳунармандон, оҳангсозон, олимони фолклоршинос, намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ меоянд.
Ҷашнвораи мазкур, ки ба тавсифи суннатҳо ва санъати миллии мо бахшида шудааст, иштирокдоронро барои ошно шудан бо дурдонаҳои санъати шифоҳии халқ рӯҳбаланд менамояд. Хабарнигори ӮзА бо баъзеи онҳо ҳамсуҳбат шуд. 

Алексей Родин, рассом (Русия): 
– Мо аз Русия якҷо бо гурӯҳи арбобони эҷодӣ омадем. Ман мехостам, ки сокинони кишварҳои дигар низ ин сарзамини куҳанро дӯст доранд. Зеро Сурхондарё дар олам ба сифати яке аз гаҳвораҳои инсоният маълуму машҳур аст. Дар ин ҷо илм, фарҳанг ва санъат, меъморӣ инкишоф ёфтаанд. Ин воҳа аз қадимулайём бо кушодадилии динии худ маъруфият дорад.
Симои ин мавзеъ бо нотакрорӣ ва омезиши анъанаҳои гузаштаву имрӯз фарқ мекунад ва ба кас таассуроти бузург мебахшад. Мехоҳам бо урфу одат ва анъанаҳои миллии шумо аз наздик шинос шавам, мавзеи Фаёзтепа, маъбади буддоӣ, черкови русӣ ва ҷойҳои таърихии онро зиёрат кунам. Таассуроти худро дар асарҳоям, албатта, ифода менамоям. 
Рахо Лангсеп, иштирокдор (Эстония):
– Ман хурсандам, ки дар чунин ҷашни бонуфузи сарзамини зебову нотакрори Ӯзбекистон иштирок дорам. Дар олам ҷашнвораҳои мусиқии хелҳои бостонии санъат хеле каманд. Кишвари шумо иштирокдорони анҷуманро бинобар навъи нодири санъат, чун санъати бахшигӣ хайрамақдам мегӯяд. Мардуми ҷаҳон ин ҷашнвораро дер боз интизор буданд. 
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев бобати эҳтиёткорона ҳифз кардан ва инкишоф додани хелҳои санъат кор бурда мешавад. Ҷашнвораи ҳолоина ба ҳифз намудан ва инкишоф додани намунаҳои бостонии санъати бахшигӣ ва достонсароии халқҳои ҷаҳон, мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстиву бародарӣ мусоидат хоҳад кард. Дар шаҳри Тирмиз ба ҷашнвора тайёрии ҷиддӣ дидаанд. Дар фурудгоҳ моро намояндагони ҷамоаҳо, арбобони маданият ва санъат, писарону духтарони миллипӯш бо эҳтироми бузург пешвоз гирифтанд. Фикр мекунам, рӯҳияти боло ба мо ҳангоми Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ, ки панҷ рӯз идома хоҳад ёфт, илҳом мебахшад.
Соломон Гогашвили, оҳангшинос (Гурҷистон):
– Дар Ватани ман – Гурҷистон сурудҳои хамосавӣ хеле зиёданд. Дар ҷашнвора ман мехоҳам намунаҳои онҳоро иҷро карда, эътибори дӯстдорони санъати хамосасароии ҷаҳонро ба сурудҳои қадимаи мо ҷалб намоям. Барои ин ман бо худ асбобҳои қадимии мусиқиро, ки бобоям туҳфа карда буд, овардам. Мехоҳам яке аз достонҳои қадимии ҷаҳонро иҷро кунам. Умедворам, ки иҷрои ман нафақат барои созмондиҳандагону аъзои ҳакамот, балки барои дӯстдорони намунаҳои зебои эҷодиёти шифоҳии мардумӣ низ армуғони ғайричашмдошт мегардад. 
Ман пештар ҳам ба Ӯзбекистон омада будам. Дар Ҷашнвораи мусиқии «Таронаҳои Шарқ» иштирок доштам, хуб медонам, ки дар мамлакати шумо ба санъат эътибори зиёд медиҳанд. Моро он чиз илҳом мебахшад, ки дар Ӯзбекистон нафақат санъатро ҳурмат мекунанд, балки боз ба дастгирии арбобони санъат эътибори зиёд медиҳанд.
Мардуми Ӯзбекистон хеле кушодадил ва меҳмоннавоз буда, эҷодиёти даҳонакии халқро дӯст медоранд. Дар ҳар кадом оилаи ин ҷо достонҳои халқӣ месароянд, кӯдакон дар рӯҳи корнамоиҳои  абадии қаҳрамонони халқӣ тарбия меёбанд. Ман шунидам, ки дар Сурхондарё ягон суру тантана бе иштироки бахшиҳо намегузарад. Мехоҳам ҳангоми ҷашнвора чунин урфу одат ва анъанаҳоро бо чашмони худ бубинам. 
Илҳом Иброҳимов, ҳофизи халқии Ӯзбекистон:
– Мо аллакай дар вокзали роҳи оҳани Тирмиз миқёси корҳоеро, ки дар ҷараёни тайёрӣ ба ҷашнвораи байналхалқӣ анҷом ёфтаанд, мушоҳида кардем. Вокзал пурра таҷдид шуда, нав ба назар мерасад, ки моро хеле хушнуд кард. 
Эътибори махсусе, ки солҳои охир дар кишвари мо ба рушди фарҳанг ва санъат, пешниҳод намудани санъати бостонии мо ба ҷаҳон дода мешавад, моро рӯҳбаланд месозад. Соли гузашта дар Шаҳрисабз бо ташаббуси роҳбари давлат баргузор гардидани Ҷашнвораи байналхалқии санъати мақом тамоми мардуми моро хурсанд кард. 
Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ, ки дар шаҳри Тирмиз оғоз ёфт, боз як зуҳуроти равшани эътибори баланд ба соҳа мебошад. Санъати бахшигӣ, ки аз насл ба насл эҳтиёткорона дода мешавад, самти мураккаб ва нодир ба шумор меравад. Метавон иҷрогар шуд, вале бахшӣ шудан бағоят душвор аст. Аз иҷрогар танҳо хониши суруд тақозо мегардад. Аз бахшӣ бошад, санъати ровигӣ, хотираи хуб ва истеъдоди шоирӣ низ талаб карда мешавад. Ҷашнвораи мазкур, ки дар ҳар ду сол як бор дар Тирмиз баргузор хоҳад шуд, бо чунин ҷиҳатҳояш аҳамиятнок мебошад.
Нанда Монтеико, хабарнигори рӯзномаи «The Holland Times» (Нидерландия):
– Ҷашнвораҳое, ки дар Ӯзбекистон гузаронида мешаванд, дар тамоми ҷаҳон шуҳрат доранд. Ман дар бораи Ҷашнвораи мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ва Ҷашнвораи байналхалқии санъати мақом мақолаҳо навиштаам. Ғайр аз ин дар ҷашнвораҳои мусиқӣ ба сифати эксперт иштирок кардам. Бинобар ҳамин ҳам, вақте ки сафоратхонаи Ӯзбекистон маро барои иштирок ба Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ даъват намуд, бо қаноатмандӣ розӣ шудам. 
Санъати хамосасароии халқҳои Шарқ бағоят рангоранг ва ғанӣ мебошад. Соли гузашта, ҳангоми иштирок дар ҷашнворае, ки дар Озарбойҷон баргузор шуд, ман фаҳмидам, ки дар Ӯзбекистон ба ҳифзи эҳтиёткорона ва тарғибу ташвиқи навъҳои нодири санъат, тарбияи насли наврас дар рӯҳи эҳтиром ба оҳангҳои классикӣ эътибори зиёд дода мешавад. Хурсандам, ки ҳангоми буду бошам дар кишвари шумо ҳамаи инро бо чашмони худ мебинам, метавонам ба дурдонаҳои санъати миллии шумо қаробат дошта бошам. 

Мусоҳиб 
Матназар ЭЛМУРОДОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: