СЕМИНАР ОИДИ ТАРБИЯИ НАВРАСОН

Ба қарибӣ дар ноҳияи Шофиркон таҳти унвони «Аз тарафи собиқадорон ба кафилӣ гирифта шудани ноболиғоне, ки майли қонуншиканӣ доранд ва дар рӯҳи итоаткорӣ ба талабҳои қонун тарбия намудани онҳо, инчунин ҷорӣ кардани амалиёти низомноки тарбияи авлоди солим» семинар ба амал омад.

Тадбирро шуъбаи ноҳиявии Бунёди «Нуроний» якҷоя бо ташкилотҳои ҳамкор гузаронд. Дар кори он мушовирон оид ба куҳансолон ва собиқадорони меҳнат, мутахассисон оиди кор бо бонувон ва мустаҳкам кардани арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар оилаи маҳаллаҳо, ҷонишинҳои директори мактабҳо доир ба маънавият ва маърифат ва дигарон иштирок карданд. Раиси шуъбаи ноҳиявии Бунёди «Нуроний» Ботур Олимов, ҷонишини мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Дилшод Ҷӯраев, раиси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонон Хуршед Давлатов, котиби масъули комиссияи кор бо ноболиғон Ҷавоҳир Шодмонов бобати тарбияи наврасон дар мактаб ва оила, масъулияти падару модар, нақши маҳалла оиди пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, вазифаҳои пешистодаи якҷоя ва ғайра таваққуф карданд.
Аён гардид, ки дар ноҳия 28 нафар ноболиғоне, ки майли қонуншиканӣ доранд, ба қайд гирифта шудаанд. Ба онҳо омӯзгорон – собиқадорони меҳнат вобаста гардидаанд. Иштироккунандагони семинар баҳри беҳбудии кор изҳори ақида карданд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: