РАМЗИ ҶАШНВОРА ТАЙЁР ШУД

Озмун барои таҳияи рамзи ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ ҷамъбаст гардид.

Дар он ширкатҳои рекламаи касбӣ, агентиҳо, донишҷӯён ва талабагони коллеҷҳои касбу ҳунар, ҳамчунин шахсони алоҳида ширкат карданд. Онҳо ба теъдоди зиёд намунаи мухталифи рамзҳоро ба аъзои доварони озмун тақдим намуданд. Иштирокчиён кӯ-шиш ба харҷ доданд, ки хусусиятҳои хоси ҷашнвора ва моҳияту мундариҷаи он дар намунаҳои пешниҳодкардаашон таҷассум ёбад.
Гуфта мешавад, ҳайати доварон барои интихоб аз байни намунаҳои пешниҳодшуда 202-торо ҷудо карданд. Натиҷаи ниҳоӣ маълум кард, ки  се нафар дар ин озмун ғолиб дониста шуданд. Бахтиёр Ишматов – ҷойи аввал, Ҷасур Ғайратов – ҷойи дувумро ишғол карданд ва Камолхон Рашидов ба гирифтани ҷойи сеюм соҳиб шуд. Ба ғолиби ҷойи якум – ҳафт миллион сӯм, ба ҷойи дуюм – ду миллион сӯм ва ба ҷойи сеюм – як миллион сӯм пардохт гардид.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Қӯқанд ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ баргузор мегардад. Дар он аз яксаду панҷоҳ мамлакат беш аз панҷ ҳазор меҳмон ба ҳайси вакил ширкат хоҳанд кард. Барои ҳамин дар шаҳри Қӯқанд  аз буҷаи маҳаллӣ ва манбаъҳои дигар тармим ва  таъмири роҳҳо, меҳмонхонаҳо, хонаву ҷой, театр, дӯкон  ва хиёбонҳо ба роҳ монда шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: