БОРОНИ ҲАМАЛ...

Азбаски солҳои тӯлонӣ маскуни шаҳр ҳастам, зодгоҳамро, ки дар бағали кӯҳсор ҷойгир аст, хеле ёд мекунам.

Хусусан, рӯзҳои ид, ҷашну базмҳои ҷамшедии мардуми деҳаамро пеши назар оварда мебинам, ки аз он симоҳои дурахшони айёми бачагӣ қариб аз ҳар як хонадон ин дунёро хайрбод гуфтаанд...
... Мана, ҳамсояи он тарафи сой момои Иқбол дар даст косаи пур аз олу ба сангҳои калони даруни об, ки барои гузаштан чида шуда буданд, пой ниҳода, домани куртаи дарозу фарохашро дошта ба тарафи боғи мо мегузарад. Чеҳраи момои  хушгуфтор ва тозакору ҳамеша шукуфон буд саришта буд.
– Хосият, дар хонаӣ? Боғро давр зада баромадам, меваҳо ба замин рехтаанд, бачаҳо аз мактаб оянд мечиндагиянд. Эҳ, кадом як корро кунам, беҳтараш бо ту каме чақ-чақ кунам гуфта гузаштам,– гуфту косаро ба модарам дароз кард. 
– Оед, оед, янгаи Иқбол, хуб кардед омадед, ман нон пухтам, ҳозир чой ҷӯшонда бо нони гарм мехӯрем, – модарам моморо бо хушнудӣ пешвоз гирифт.
– Ба ҳамин ҳамсояам ҳайронам, намаду гилемашро ба тарафи хонаи ман меафшонад, ҳавлию хона пури чанг шуд. Чанд бор гуфтам, илоҳо барака ёбӣ, ба баландӣ, ба болои шахҳо бароварда афшон, гӯш намекунад...
... Ана, ҳамсояи девордармиёни мо апаи Нурбӣ даричаи чӯбинро, ки миёни девори ду ҳавлӣ гузошта шудааст, кушода медарояд.
– Хосият, хушдоманатро дидам, дар даст ресмон ба боғ мефароянд, шояд алаф банданд. Дар набуданашон хостам бо ту андак суҳбат кунам. Охир, чанд бор шунидам, ки мегуфтанд: «Ҳамин ҳамсояҳо кор надоранд магар, омада калинамро аз кору бораш мемононанд...».
– Апаи Нурбӣ, хафа нашавед, хушдоманам — одами пир. Рӯзҳои вазнини ҳаётро паси сар кардаанд,  ғаму ғусса ва душвориҳои зиндагӣ дар пиронсолӣ  асар карда истодаанд магар, вақтҳои охир хеле инҷиқ шудаанд...
... Симои ҳамсояи дасти ростамон янгаи Ойбӣ пеши назарам намудор мегардад, ӯ зане буд болобаланд, гандумгун, гуфтору рафтораш мардонавор. Дар даст чӯб аз дарвоза медарояд. Ҳамон замон модарам дар таги деги шир алов даргиронда, ҷурғотро ба гуппӣ меандохт.
– Ҳамсоя, гову бузҳоро ба кӯҳ ҳай кардам, аз саҳарӣ дар ҳавлӣ кор меҷӯшад. Ин келин ҳам фақат писар зоид, ақаллан як духтарак  мебуд, аз рӯбучини ҳавлӣ халос мешудам. Агар писари калонам домани як русдухтарро надошта, арӯси интихобкардаамро мегирифт, зану бачаҳои ӯ низ дар пиронсолӣ роҳати ҷонам мешуданд, – ҳасрат мекард янгаи Ойбӣ...
Оре, он рӯзгор меҳру оқибат, равуо миёни ҳамсояҳо мустаҳкам буд. Нони гарм, равған, хӯроки пухтаашонро баҳам медиданд. Дар ҳавлии ҳар яки онҳо тӯрбаҳои калони айрон, чакка ва ҷурғот овезон буд. Алҳол чунин манзара, ба назарам, аз байн рафтааст. 
Дар ёдам, 30-40 буз ва 2-3 сар гови ҷӯшоӣ доштем. Бо меҳр онҳоро парвариш мекардем, чунки дар оила танҳо падарам кор мекард, даромади зиндагӣ аз паси чорвою боғдорӣ буд. 
Бузро «шайтон» мегӯянд, он аз санг ба санг ҷаҳида то қуллаи баланди кӯҳ мебарояд. Рӯзе намозишом баъди омадани рама дидем, ки як бузи сиёҳамон нест.
– Пагоҳӣ ҳамин буз ба назарам вазнин-вазнин роҳ мегашт, нигоҳ дорам мешудааст, мумкин аст дар куҷое зоида бошад. Зуд либосҳоятонро пӯшида ба дарёфти он бароед, набошад бачааш тӯъмаи паррандаву ҳайвонҳои ваҳшӣ мегардад, – моро ба куҳ раҳсипор намуд модарам. 
Борон шиддат мекард, ҳаво оҳиста-оҳиста торик мешуд. Бо хоҳарам камзӯлҳои куҳнаи падарамро ба сар андохта, аз пайи ҷустуҷӯйи буз шудем.
«Ҷигӣ-ҷигӣ, маҳ-маҳ» гӯён то қуллаи баландтарин баромадем. Ногоҳ аз зери шахи калоне овози моро шунида бузак «ма-а-а» гӯён тохта баромад. Вай аллакай бачаашро лесида, хушк карда буд. Хоҳарам бузғолачаро ба латтакуҳна печонда ба бағал гирифт ва ҳар ду роҳи хонаро пеш гирифтем. Бузак аз пасамон давон-давон меомад. 
Вақте ба ҳавлӣ наздик шудем, дидам, ки модари меҳрубонам аз мо хавотир гирифта, дар дами дарвоза раҳпоӣ мекард...
Модарам дар сабадҳои калон қурут хушк мекард. Ману хоҳарам қурутҳои нимхушкро дӯст медоштем. Момоям, ки рӯзгори қаҳтию гуруснагиро бисёр дидаам мегуфт, намемонд, ки чизҳоро (хоҳ либосу хоҳ хӯрокворӣ) исроф кунем. 
Рӯзе хоб мондани момоямро интизор шудем ва дидем, ки хобаш бурдааст, ба сабадҳо даст дароз карда аз қурутҳо гирифтанӣ шудем.
– Ана, ба даст афтодӣ, қурутҳо чаро кам шудаанд гӯям, модарат аккаҳо бурдаанд мегӯяд. Охир, ҳаминҳо хушк шаванд, худатон мехӯред,– ғур-ғур кард момоям. Падарам ин манзараро дида гуфт:
– Оча, мон бачаҳо хӯранд, медонам азобу уқубати он рӯзҳои вазнин мағз-мағзи устухонат ҷойгир шудаанд. Шукр, ҳоло замонаамон серию пурӣ...
... Дар ҳавлии падар 8 духтару 2 писар паси ҳам калон шудем. Модарам мӯйҳои ҳар яки моро майдабофӣ мекард. Рӯзҳои боронии фасли баҳорро дӯст медорам. Вақте борон меборид, дар таги борон духтаракони деҳ мӯйҳоро сар дода, суруд мехонданд:
Борони ҳамал,
Ба мӯям амал.
Мӯям дароз кун,
Дарози соз кун.
        ***
Борон борад ба ёбон,
Алаф шавад ба говон.
Говони мо сер шаванд,
Шираша хӯранд бачагон.
***
Борон бор, борон бор,
Додом дар чӯл гандум кор.

Алҳол дар ҳудудҳои кишвари офтобрӯяи мо  корҳои деҳқонӣ дар авҷ аст. Бигузор, борони баҳорӣ бисёр бораду чорвои мо аз алаф ва кӯдаконамон аз ширу ҷурғот сер шаванд.

Саодат БЕКНАЗАРОВА.
Деҳаи Эҷи 
вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: