ШАРОФАТИ ХАЙР ВА ДУО

Ривоят мекунанд, вақте Мансури Уммор (р.а) дар минбар ваъз мегуфт, гадое омад ва гуфт: «Ё шайх, чаҳор дирҳам бидиҳед, ниҳоят муҳтоҷам».

 Мансур ба ҷамоат рӯй овард: «Касе ба он ночор чаҳор дирҳам диҳад, ба ҳар дирҳам яктоӣ, ҷамъ чаҳорто дар ҳаққи ӯ дуо мекунам».
Зангие аз ҷой хест: «Ё шайх, чаҳор дирҳам дорам. Онро диҳам, ба ваъда вафо мекунед?»
Ин гуфт ва чаҳор муддаои худ арз кард: Якум, дуо кунед, аз ғуломӣ озод шавам. Дуюм, хоҷаам ғайридин аст, дуо кунед, мусулмон шавад. 
Сеюм, дуо кунед Аллоҳ субҳонака ва таоло бароям бойигарӣ ато кунад.
Чаҳорум, дуо кунед Аллоҳ таоло гуноҳҳои маро мағфират созад.
Шайх дуо кард. Ва ғулом вақте рафта ин ҳодисаро ба хоҷааш гуфт, хоҷа ӯро озод кард ва калимаи шаҳодатро гуфта, ба Ислом мушарраф гардид. Баъд ба зангӣ гуфт: «Ба ҳамаи молу дунёи худ туро чун бародар шарик кардам». Се дуои шайх ҳамин тавр қабул гардид. 
Хоҷа илова намуд: «Афсӯс, аз ҷониби Аллоҳ бахшида шудани гуноҳҳои ту дар дасти ман нест». Ин асно аз ғоиб садо омад: «Аллоҳ субҳонака таборак ва таоло гуноҳи дуятонро ҳам мағфират намуд ва шуморо аз оташи дӯзах халос кард».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: