«БАҲОР»-И БАҲОРОНАИ ҶАННАТ

Ҷаннат на фақат парвардаи фазои ҳунари Душанбешаҳр аст, балки ӯ дар мактаби мусиқӣ ва санъати 23-юми шаҳри Тошканд низ таҳсил намудааст.

Аз ин лиҳоз дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон консерт гузоштани Ҷаннат Ҳусейнзода аз як ҷиҳат бозгашт ба даврони кӯдакӣ низ буд. Ва он замон, ки падараш чун сафири Тоҷикистон дар Тошканд маъмурият дошт, Ҷаннат дар мактаби мусиқии №23 сирри ин ҳунарро фаро мегирифт.
Ҳоло дар синни чордаҳ ӯ аллакай чун фортепианонавоз, дирижёр ва оҳангсоз барандаи ҷоизаҳои байналхалқӣ низ гаштааст.
Консерти Ҷаннат аз «Консерти №1»-и Ф.Менделсон оғоз ёфта, пасон бо асари Р.Аддинселл идома ёфт ва ӯ баъдан дар фортепиано мусиқии «Баҳор»-ро навохт, ки худ эҷод намудааст. Барнома сипас бо асарҳои С.Раҳманинов идома ёфта, дар охир ба иҷрои оҳангҳои Ҷ.Рамо ва П.Чайковский худаш дирижёрӣ намуд. Иҷрои оркестр зери роҳбарии Муборак Лутфуллоева якҷоя бо Ҷаннат чун гулчине буд аз боғи ҳунари мусиқӣ дар иҷрои намояндагони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон.
Т. МИРҲАЁЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: