ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ИДОМА ДОРАД

Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ, ки дар шаҳри Тирмиз баргузор мегардад, бо савияи воло ва рӯҳияи болида идома дорад.

Дар ҷашнвораи байналхалқӣ баробари олимони фолклоршиноси ватаниву хориҷӣ, бахшиҳо, жиров ва оқинҳо, ҳунармандон, ихлосмандони санъати мазкур аз бисёр давлатҳои ҷаҳон меҳмонон низ ширкат доранд.
Мухлисоне, ки аз ҳудудҳои гуногуни мамлакат, аз ноҳияҳои вилояти Сурхондарё омадаанд, низ дар чорабиниҳое, ки дар доираи ҷашнвора баргузор мешаванд, фаъолона ширкат  доранд. Бо шаҳрчаҳои этнографӣ шинос мешаванд.
Ҷашнвораи мазкур, ки дар он арзишҳои миллӣ ва санъати нодири мо ба таври васеъ намоиш дода мешавад, натанҳо ба меҳмонони хориҷӣ, балки ба иштироккунандагони маҳаллӣ ҳам як ҷаҳон таассурот мегузорад.
— Достонсароӣ як қисми худшиносии миллии мо мебошад, шоҳраги санъати нафису нодирамон ба ҳисоб меравад, — мегӯяд роҳбари хоҷагии фермерии «Янги турмуш»-и  ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё А. Маҷидов. – Хуб дар хотир дорам, ки мо дар вақти бачагӣ рӯзона таҳсил гирифта, кор мекардем, шабона достон мешунидем. Аз чи сабаб бошад, ки солҳои баъд завқи ҷавононамон нисбати бахшигӣ хеле заиф гардида буд. Бо ташаббуси роҳбари давлатамон айнан дар кишвари Алпомишҳо барои аз нав барқарор кардани анъанаи мазкур ҳиммат гуморидан авлоди наврасро боз бо ин санъати нафис ошно месозад. Бо баҳонаи ҷашнвораи байналхалқӣ чи қадар достонҳои нодири мо чоп шуданд. Дар чорабинии бонуфуз байни ҳамдигар мусобиқа кардани бахшиҳои дунё эътибори ҷавононро ба самти мазкур қувват мебахшад. Бо бахшиҳое, ки достонҳои моро месуруданд, бори дигар ифтихор намудам.
Дар доираи ҷашнвораи байналхалқӣ тақдимоти ашёҳои ҳунармандии миллӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ, китобҳои ба тозагӣ нашршуда баргузор шуда истодааст. Ба қадамҷойҳои муқаддас, обидаҳои таърихии ҳудуди вилоят ва дигар ҷойҳои сазовори диққат саёҳатҳо ташкил карда мешаванд.
–Ба ин кишвар бори аввал меоям,– мегӯяд профессори Куриёи Ҷанубӣ Парк Сёнг Йонг. – Обидаҳои таърихии салобатноке, ки аз таърихи дур шаҳодат медиҳанд, табиати хушманзара ва зебо, санъати нотакрор ба ман таассуроти калон мебахшанд. Файёзтеппа ва Ҳаким ат-Тирмизиро зиёрат кардам. Ёдгориҳои буддоие, ки доир ба асри якуми то милод дар воҳа дидам, ҳайрати маро боз ҳам афзуд. Худам бо ёдгориҳои мадании ғайримоддӣ шуғл меварзам. Аммо агар бовар кунед, он чизҳое, ки дар ин ҷо дидам, барои ман фантастика менамояд. Дар маросими тантананоке, ки ба ифтитоҳи Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ бахшида шудааст, ба фидокориҳои халқе, ки чунин санъати бузургро дар давоми асрҳо чун гавҳараки чашм ҳифз карда меояд, тан додам.
Дар нуқтаи буриши Роҳи бузурги абрешим ба таври васеъ доман паҳн кардани санъати бахшиёна ва айнан дар ин кишвар амалӣ шудани тарғиби дурдонаҳои мазкур маънои амиқ дорад. Он ба дунё таъсири ниҳоят пурзӯр мерасонад. Ба таври анъанавӣ баргузор кардани ҷашнвораи мазкур барои амиқ дарк кардани худшиносии миллии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.
Дар доираи ҷашнвора барномаҳои шавқовари консертӣ бо ширкати ҳунармандони озмун-азназаргузаронии байналхалқии бахшиҳо, санъаткорони хориҷиву маҳаллӣ ташкил карда мешаванд.

Холмӯъмин МАМАТРАЙИМОВ, 
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: