ЁДГОРИҲОИ ФАРҲАНГИИ ӮЗБЕКИСТОН САЗОВОРИ ОМӮЗИШИ ХАЛҚҲОИ ҶАҲОН МЕБОШАНД

Ба Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ, ки дар шаҳри Тирмиз мегузарад, аз 74 давлати ҷаҳон бахшиён, оқин ва жировҳо, иҷрогарони фолклор, мутахассисон иштирок доранд.

Хабарнигори ӮзА бо иштирокдорон ва меҳмонони ҷашнвора ҳамсуҳбат шуд.
Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– Ман аз он ки ба Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ даъват шудам, бағоят хурсандам. Суханронии Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими кушоиши тантанавии ҷашнвора ба ман таассуроти бузург гузошт. Президент барои ҳифз ва эҳтиёт кардани санъати фолклор, ки ҳоло ба вартаи фаромӯшӣ гузошта шудааст ва ба насли баъдина дар ҳолати аслӣ расонда додани он, қадр кардани меҳнати фидоиёни соҳа, роҳи васеъ кушодан ба эҷодиёти онҳо чандин таклифҳоро пеш гузошт. Ҳифз ва эҳтиёт кардани ин мероси гаронбаҳо вазифаи ҷонии олимон, санъаткорон, тамоми аҳли фарҳанг мебошад.
Халқҳои ӯзбеку тоҷикро, ки аз азал дӯсту бародар ҳастанд, суннатҳои мадании байниякдигарӣ пайванд мекунанд. Солҳои охир муносибати байни кишварҳоямон фаъол гардида, ба зинаи нав баромад, ки аз ин халқҳои ҳар ду кишвар мамнунанд. Ҳоли ҳозир намояндагони ҳар ду халқ ба якдигар меҳрубонанд, ба меҳмонии ҳамдигар мераванд, рӯзҳои шодиро ба ҳам мебинанд. 
Чун дар Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳам пайдо кардани шахсе, ки эҷодиёти шифоҳии мардумро бо муҳаббат нашунавад, душвор мебошад. Ёдгории мадании ҳазорсола – хамосаи «Алпомиш» барои ҳар ду халқ арзишманд аст. Аз ин рӯ Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ, ки дар Тирмиз мегузарад, барои тоҷикистониён низ ҷашни бузург мебошад.
Аз шаш нафар намояндае, ки аз Тоҷикистон омадаанд, се нафарашон ҳофизонанд. Яке аз онҳо 93-сола, ҳофизи дигар 76 ва хурдтаринашон 30-сола мебошанд. Ин чорабинӣ баҳри бузургдошти суннатҳои мадании барои халқҳоямон муштарак иқдоми бузург аст.
Жан МУСИ, президенти иттиҳодияи матбуоти хориҷии Шветсария ва Лихтенштейн:
– Дер боз дар орзуи боздид аз Ӯзбекистон будам. Дар кишвари шумо солҳои охир тағйироти бузург содир мегарданд. Худшиносии миллӣ, ҳифз ва эҳтиёт кардани анъанаву урфу одатҳои қадимӣ, ки қисми ҷудонопазири тамаддуни умумибашарӣ мебошанд, ҳамчунин инкишоф додани онҳо аз ин ҷумлаанд.
Мо ба ҷашнвораи бахшигӣ, ки дар Тирмиз мегузарад, омада, гувоҳи эҳёи санъати фолклорӣ гардидем, ки аз ҷумлаи суннатҳои таърихии халқатон мебошад. Дар ин ҷо намунаҳои санъати достонсароии миллат ва халқҳои гуногуни дунёро мешунавем. Ҷашнвора бо он ки ба намояндагони миллатҳои дигар ҳам барои тарғибу ташвиқ намудани санъати фолклории худашон имконият фароҳам меоварад, хеле аҳамиятнок мебошад.
Маросими кушоиши тантанавии ҷашнвораро бо ҳайрати бузург мушоҳида намудем. Мазмуну ғояҳои достонҳои таърихӣ бо оҳангҳои замонавӣ муштарак иҷро шуданд, ки ин шаҳодати амиқ будани решаҳои санъати мардуми Ӯзбекистон мебошад. Ёдгориҳои мадании халқи соҳиби чунин санъати нодир ва бузург месазад, ки аз ҷониби халқҳои ҷаҳон омӯхта шавад. 
Лавити КУМАР, оҳангсоз (Сингапур):
– Мо бо ҷамоаи худ барои иштирок ба ҷашнвораи бахшигӣ омадем. Ҳанӯз аз фурудгоҳи Тирмиз меҳмоннавозии мардуми воҳаи куҳан ва ҷавони Сурхонро эҳсос намудем. Иштирокдорони ҷашнвора ҳамчун рамзи меҳмоннавозии халқи шумо бо нону намак истиқбол гардиданд, ки ин ҳамаи моро хушнуд кард. Мо аз дилу чеҳраи кушод, одамони самимӣ, бахусус, духтарону писарони либоси миллӣ дар бар, ки бо суханони «Хуш омадед!» истиқболамон гирифтанд, мамнун шудем.
Сурудҳое, ки мо месароем, дунёи фалсафии Шарқро ифода мекунанд. Дар Сингапур низ санъати фолклор, ки хазинаи  суннатҳои миллӣ ба шумор меравад, қадр карда мешавад. Фикр мекунем, баромади мо ба шунавандагон маъқул мегардад. 
Чжоу Янг МИНГ, журналист (Чин):
– Ман ба Ӯзбекистон бори аввал омадам. Чун дар Чин дар шумо низ эҷодиёти шифоҳии халқ таърихи ҳазорсола доштааст. Гузаштагонатон аз тариқи эҷодиёти даҳонакӣ мардӣ, саховатмандӣ, ҳалолӣ, ватанпарварӣ барин фазилатҳоро тараннум кардаанд. Аз ин нуқтаи назар ҳофизон ҳамчун булбулони халқ эъзоз гардидаанд. Ман дидам, ки ин анъанаҳо имрӯз ҳам идома доранд, бачагони хурдсол низ думбура навохта, достонҳои халқиро бо мароқи зиёд месароянд. Фикр мекунам, навиштаҳои ман дар ин хусус барои мухлисони чинӣ низ мароқовар хоҳанд буд. 
Мао ОТАЯК, иҷрогар, мусиқишинос (Сенегал):
– Баробари шунидани хабари Ҷашнвораи бахшиён дар Ӯзбекистон мо ҳам қарор додем, ки санъати миллии худро намоиш диҳем. Ман аз он ки ба чунин кишвари аҷиб омадам, хурсандам. Таассуротам зиёданд. Корҳои азиме, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин анҷуман ба сомон расидаанд, ба меҳмонон таассуроти хуб гузоштанд.
Баробари иштирок дар озмуни ҷашнвора мо ёдгориҳои нодири сарзамини Сурхон, ҷойҳои дидании онро тамошо мекунем, бо санъаткорони маҳаллӣ, вакилони эҷодиёти шифоҳии халқ шинос мешавем. Ман аз суруду оҳангҳои қадимии ӯзбек ва вакилони халқу миллатҳои дигар баҳраманд мегардам. 
Агус Сетаван БАСУНИ, намояндаи нашрияи интернетии «Warta Jazz» (Индонезия):
– Ростӣ, то имрӯз дар бораи санъати бахшигӣ маълумоте надоштам. Се моҳ муқаддам як дӯстам дар бораи ин ҷашнвораи кишваратон ҳикоя карда буд. Баъд аз ин бо рағбат аз интернет дар бораи он маълумоти зарурӣ пайдо кардам. Барои дар ҷашнвора иштирок кардан рухсатнома гирифтам. 
Меҳмоннавозии халқи шумо, анъана ва санъати қадимиатон ба ман таассуроти хуб гузоштанд. Ман дар шаҳри Ҷакарта кор мекунам. Минбаъд мехоҳам фаъолияти худро бевосита ба Ӯзбекистон пайванд кунам. Мехоҳам ҷиҳатҳои ба худ хоси кишваратонро то қадри ҳол тарғибу ташвиқ намоям. Дар мамлакати мо низ асбобҳои мусиқии ҳаммонанди думбура мавҷуданд. Аз онҳо танҳо барои рақс истифода мебаранд. Сурудҳое, ки дар ин ҷо бо думбура хонда мешаванд, шунавандагонро мафтун мекунанд. 
Айушҷав АЛИМАА, роҳбари Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти адабиёти шифоҳии Академияи улуми Муғулистон:
– Дар конфронси байналхалқии илмиву амалӣ, ки дар доираи Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ мегузарад, бо маърӯза дар мавзӯи «Ҷанбаҳои истилоҳотии хамосаҳои муғул ва ӯзбек» иштирок кардам. Бояд гуфт, ки дар мо низ чунин достонҳо мавҷуданд. Вале ман дар ин ҷо шоҳид шудам, ки ба ҳифзи эҷодиёти даҳонакии халқ ба дараҷаи давлат эътибори ҷиддӣ дода мешавад. 
Мутаассифона, насли имрӯз ба ин санъат эътибор намедиҳад, ба он хайрхоҳ нест. Дар мамлакати шумо барои инкишоф додани достонсароӣ кушода шудани мактабҳои махсус низ сазовори эътибор мебошад. Шояд барои рағбати ҷавонони кишварамонро бедор кардан дар мо ҳам кушодани чунин мактабҳо зарур бошад. Ҷашнвораи мазкур барои ҳифз намудани санъати қадимии халқҳои ҷаҳон вазифаи мактаби ба худ хосро иҷро мекунад. 
Дилфуза ҶӮРАЕВА, роҳбари Маркази тадқиқотии илмиву амалии «Оила»-и вилояти Сурхондарё:
– Ҷашнвораи мазкур, ки дар пояи ғояи роҳбари давлат баргузор мегардад, ба ҳар як хонавода шукуҳу файзи ба худ хос ворид намуд. Шаҳраки этнографии назди Қасри санъат бо меҳмононе, ки аз ҳудудҳои мухталифи мамлакат омадаанд, пур шуд. Онҳо достон ва сурудҳоро бо мароқи баланд мешунаванд, намоишгоҳҳоро бо рағбати зиёд тамошо мекунанд, ки ин ҳол касро хушнуд менамояд. Ин намунаи равшани хурмату эҳтироми халқи мо ба санъати қадимӣ, суннатҳои миллӣ ва таърихи ғановатмандамон мебошад.

Мусоҳибон
Матназар ЭЛМУРОДОВ, Холмӯмин МАМАТРАЙИМОВ, хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: