ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ КУЛЛАН БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ИДОРАИ МАҲАЛЛА ДАР КОР БО МУШКИЛОТИ АҲОЛӢ

Дар кори мунтазам татбиқ намудани вазифаву мақсадҳои дар назди мо бинобар таъминсозии рушди муттасили мамлакат, баланд бардоштани некӯҳолӣ ва фаровонҳолии халқ, қаноатманд гардидани шаҳрвандони мо аз ҳаёти худ, бо эътимоди қатъӣ ба фардои ҳаёташон умр ба сар бурдани онҳо гузошташуда нақш ва моҳияти идораи маҳалла ҳамчун ҳалқаи муҳимтарини ҷомеа торафт пурзӯр мегардад.

Маҳалла сохтори иҷтимоиест, ки ба халқ хеле наздик буда, ба таҳкими муҳити сулҳу салоҳ, эҳтироми ҳамдигар, меҳру мурувват, урфу одат ва суннатҳои миллӣ, таъмин шудани қаробати оила, тарбия намудани насли навраси солиму комил, ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ кӯмак мерасонад. 
Баробари ин бобати беҳтар намудани ҳамкории тарафайни ҷамоатҳои шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла бо Қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Қабулгоҳҳои халқӣ) ва секторҳо бинобар рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо (минбаъд – секторҳо) бобати назорати ҳавлигӣ, ошкор намудани мушкилот ва беҳтар кардани ҳаёти аҳолӣ, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ ва баҳои сазовор додан ба меҳнати кормандони ҷамоатҳои шаҳрвандон ба роҳ мондани чораҳои мушаххас тақозо мегарданд.
Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва самаранокии фаъолияти маҳаллаҳо дар идораи ҷомеа, ҷорӣ намудани механизмҳои замонавии ташкили кори ҷамоатҳои шаҳрвандон, ҳамчунин ба соҳа ҷалб намудани кадрҳои соҳибихтисосу фидокори дорои таҷрибаи ғании ҳаётӣ:
1. Низоми ҳамкории тарафайн бинобар кор бо муроҷиатҳо, ошкор кардан ва ҳаллу фасл намудани мушкилоти аҳолӣ дар пояи раванди «маҳалла – сектор – Қабулгоҳи халқӣ – маҳалла», ҷорӣ ва инҳо самтҳои асосии он муайян карда шаванд:
рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, қабул кардани чораҳо бобати ошкор кардан ва муштаракона ҳаллу фасл намудани мушкилот аз тариқи назорати ҳавлигӣ, омӯхтани иншооти иҷтимоӣ ва ғайра, ба роҳ мондани назорати муассири ҷамъиятӣ;
дар ҳар се моҳ барои дар ҷамъомадҳои Шӯрои депутатҳои халқӣ муҳокима кардан ворид намудани таклифҳо доир ба натиҷаҳои назорати ҷамъиятӣ, маълумоти хулосавӣ дар бораи мушкилоти ошкоршуда, ҳамчунин бинобар шунидани ҳисоботи мансабдорони  дахлдор;
ҷорӣ намудани низоми мубодилаи электронии маълумот бо мақсади хулоса баровардан ва ҳаллу фасл кардани мушкилоти ошкоршуда;
иштироки бевосита дар коркарди лоиҳаи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар маҳалҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории мунтазам бобати таъмин сохтани иҷрои онҳо.
2. Ба таклифи Шӯрои оид ба мувофиқсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони ҷумҳурӣ (минбаъд – Шӯрои ҷумҳуриявӣ), Кумитаи занони Ӯзбекистон, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Шӯрои хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигии Ӯзбекистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи:
ба мақсади такмил додани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар назди ҷамоатҳои шаҳрвандон ҳамчун вазифаи ҷамъиятӣ ҷорӣ намудани мансабҳои муовини раиси ҷамоати шаҳрвандон – мушовир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва маънавиву маърифатӣ, ҳамчунин муовини раиси ҷамоати шаҳрвандон – мушовири оид ба кӯмакрасонӣ ба соҳибкорӣ, соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ ва корҳои ободонӣ;
созмон додани гурӯҳи «Пирони маслиҳатгӯ» ба мақсади ҳадалимкон истифода бурдани таҷрибаи ғании ҳаётии куҳансолон ва нафақахӯрон аз ҷумлаи кормандони собиқи мақомоти ҳуқуқу тартибот дар нигоҳ доштани эътидоли муҳити иҷтимоиву маҳаллӣ дар маҳалла ризоият дода шавад.
3. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
раиси ҷамоати шаҳрвандон дар ҳар се моҳ бинобар мушкилоти рӯзмарраи маҳаллаи худ ба роҳбарони секторҳо ва ба Қабулгоҳҳои халқӣ маълумот пешниҳод мекунад;
мушкилоти ҷиддитарин ба роҳбарони секторҳо ва қабулгоҳҳои халқӣ барои дохил кардан ба барномаҳои дахлдор тавсия карда мешавад;
раисони ҷамоатҳои шаҳрвандон мунтазам ба роҳбарони секторҳо ва Қабулгоҳҳои халқӣ дар бораи натиҷаи корҳое, ки дар ҳудуд аз ҷониби кормандони масъули мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар, ки барои ин ҳудуд вобаста шудаанд, аъзои ситоди сектор, намояндагони соҳа-ҳои сохтмони роҳ, таъминоти электр, газ, об, хоҷагиҳои канализатсия, коммуналӣ ва иҷтимоӣ маълумоти хаттӣ пешниҳод мекунанд;
аз ҷониби Қабулгоҳҳои халқӣ мувофиқи ҳолате, ки дар маълумоти раисони ҷамоатҳои шаҳрвандон зикр шудаанд, масъалаи ба ташкилоти дахлдор дохил кардани хулоса, ба созмонҳои болоӣ – таклиф дар бораи ҳавасмандгардонӣ ё худ ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани мансабдорон ва кормандони онҳо баррасӣ мешаванд.
4. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 июни соли 2019-ум бастан ва бекор кардани шартномаҳои меҳнатӣ бо кормандони ҷамоатҳои шаҳрвандон аз ҷониби муовинони аввали раисони шӯроҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон татбиқ карда мешаванд. 
5. Ба таклифи Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва Вазорати молия дар бораи давра ба давра дар соли равон 1,5 баробар зиёд кардани бунёди моҳонаи пардохти меҳнати раисон ва котибони масъули ҷамоати шаҳрвандон ризоият дода шавад. Дар ин маврид аз 1 майи соли равон 1,25 баробар, аз 1 октябр бошад, 1,2 баробар зиёд кардани музди моҳонаи ин кормандон пешбинӣ мегардад.
Ҳайати бунёди пардохти меҳнати вазифавии раисон ва котибони масъули ҷамоатҳои шаҳрвандон, ки аз ҳисоби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешавад, мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
6. Ба Шӯрои ҷумҳуриявӣ супурда шавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
а) якҷо бо Суди олӣ дар зарфи ду моҳ лоиҳаи қонунеро кор карда барояд ва пешниҳод кунад, ки муқаррар шудани масъулияти маъмуриро барои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон, иҷро накардан ё худ ба иҷрокунӣ дахл надоштани қарори ҷамоатҳои шаҳрвандон, ҳамчунин вайронкунии кафолати фаъолияти раиси ҷамоати шаҳрвандон пешбинӣ менамояд;
б) якҷо бо Вазорати адлия дар муҳлати  се моҳ лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрвандон»-ро дар таҳрири нав кор карда барояд ва пешниҳод кунад, ки:
ҳадди аксар коҳиш додани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии ба фаъолияти мақомоти ҷамоати шаҳрвандон дахлдор, дида баромадани ҳуҷҷатҳои лаҳзавӣ, беамал ва ба ҳуқуқу тартибот дахл надоштани қонунгузорӣ, ҳамчунин аз байн бардоштани механизмҳои куҳна дахл доранд;
дар мақомоти ҷамоати шаҳрвандон ҷорӣ намудани низоми «менеҷменти кунунӣ», ҳамчунин дақиқ муайян намудани самти фаъолият, вазифа ва ҳудуди масъулияти онҳо;
мустаҳкам намудани тартиботи муҳокимаи муроҷиати ҷамоати шаҳрвандон, ки ба мақомоти ваколатдори давлатӣ фиристода шудаанд;
ҳифзи иҷтимоии раисони ҷамоати шаҳрвандон, кафолати фаъолият ва нишонҳои алоҳидаи онҳо;
в) якҷо бо Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус дар муҳлати ду моҳ тайёр кардани пешниҳоди асоснок бобати минбаъд такмил додани низоми муассири таълим бинобар баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти худидораи шаҳрвандон, ҳамчунин низоми бозомӯзонии мақсадноки кадрҳо ба ҷараёни идораи маҳаллаҳо дар пояи омӯхтани мушкилоти онҳо;
г) якҷо бо Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Кумитаи давлатӣ оид ба омор дар зарфи ду моҳ муайян кардани маҳаки баҳои рейтингии фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрвандон, ходимони онҳо ва шахсоне, ки дар пояи ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ҳамчунин тартиби ҳавасмандгардонӣ аз ҳисоби манбаъҳои буҷаи маҳаллӣ;
7. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва ҳокимияти шаҳри Тошканд супурда шавад, ки якҷо бо Шӯрои ҷумҳуриявӣ, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ, Оҷонсии оид ба идораи пулҳои давлатӣ:
дар зарфи ду моҳ инвентаризатсияи биноҳоеро, ки ҷамоатҳои шаҳрвандон истифода мебаранд ва моликияти давлатӣ ба шумор мераванд, якҷо бо заминҳои ба онҳо вобаста баргузор кунанд, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба моликияти ҷамоати шаҳрвандон табдил додани онҳоро таъмин намоянд;
дар ҳар се моҳ дар пояи ҷадвали тасдиқшуда ба Девони Вазирон дар бораи аҳволи сохтмон, тармим ва таҷдид дар асоси лоиҳаҳои намунавии маҷмуии «Маркази маҳалла» ва биноҳои ҷамоати шаҳрвандон дар марказҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва шаҳрҳо маълумот пешниҳод намоянд.
8. Шӯрои ҷумҳуриявӣ ба Рӯйхати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, созмонҳои дигари давлатии таъиноти ҷумҳуриявӣ, ки роҳбаронашон барои сабти доимии ходимон дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд мувофиқи қарори тасдиқшудаи Девони Вазирон аз 7 октябри соли 2016-ум №336 ҳуқуқ доранд, дохил карда шавад.
9. Ҷалби ходимони шӯроҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва ноҳиявӣ (шаҳрӣ) бинобар ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон, ҳамчунин ҷамоати шаҳрвандон ба маҷлисҳо ва чорабиниҳои дигаре, ки ба вазифа ва самтҳои фаъолияти онҳо дахл надоранд, ба зиммаи онҳо вогузоштани вазифаҳои махсуси онҳо набуда, ҳамчунин вобаста кардани онҳо ба ашхоси дигар ё худ мусодираи беасоси биноҳое, ки дар ихтиёри ҷамоати шаҳрвандон қарор доранд, манъ карда мешавад.
Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилоти давлатӣ дар бораи масъулияти шахсиашон барои вайрон кардани талаботи мазкур то ба ҳадди сабукдӯш шудан аз вазифа огоҳ карда шаванд.
10. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки:  
шабакаи телевизионии «Mahalla»-ро ба сифати шарики асосии иттилоотии Шӯрои ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаҳои равшанкунии фаъолияти ҷамоати шаҳрвандон муайян кунад;
якҷо бо Иттиҳодияи миллии расонаҳои ахбори оммавии электронии Ӯзбекистон, Клуби байналхалқии матбуот, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва расонаҳои ахбори оммавӣ ток-шоу, наворҳои иҷтимоӣ, барномаҳои махсус, мақолаҳо ва баромадҳо, ки ба ҳифзи сулҳу салоҳу фаровонҳолӣ, меҳру мурувват ва ҳусни тафоҳум, урфу одат ва суннатҳои миллӣ, иштироки маҳаллаҳо ба устувории оилаҳо ва ҷараёнҳои иҷтимоиву маънавӣ, ҳаллу фасл намудани мушкилот дар маҳаллаҳо нигаронда шудаанд, ташкил намояд.
11. Ба Шӯрои ҷумҳуриявӣ супурда шавад, ки:
а) якҷо бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 июли соли 2019-ум:
ба сегменти миллии маълумотҳои шабакаи баландсуръати Интернет аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои маҳаллии Шӯрои Вазирони  Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ноҳияҳо (шаҳрҳо) вобаста кардани ҷамоати шаҳрвандонро таъмин кунад;
бобати тасдиқ намудани тарифи имтиёзноки истифодаи ҷамоати шаҳрвандон аз сегменти миллии маълумотҳои шабакаи Интернет таклиф ворид намояд;
б) якҷо бо Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 январи соли 2020-ум дар доираи низоми «Ҳокимияти электронӣ» пойгоҳи электронии маълумоти «Маҳалла»-ро ба роҳ мондад.
12. Ба Шӯрои ҷумҳуриявӣ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф ворид кунад.
13. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. С. Қосимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд,
 2 апрели соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: