АНҶУМАНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ АНҶОМ ЁФТ

Дар доираи Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигарӣ дар шаҳри Тирмиз дар мавзӯи «Ҷойгоҳи санъати бахшигарӣ дар тамаддуни ҷаҳон» анҷумани байналхалқии дурӯзаи илмиву амалӣ баргузор гардид.

Дар он олимони фолклоршинос, муҳаққиқони илмӣ аз Фаронса, Булғория, Русия, Куриёи Ҷанубӣ, Молдова, Туркия, Эрон барин давлатҳо дар бобати рушди санъати достонсароӣ, боз ҳам афзудани ҷойгоҳи дурдонаҳои эҷоди даҳонакии халқ дар равнақ ёфтани маданият ва санъати Ғарб ва Шарқ, пажӯҳиши илмии достонҳои халқҳои ӯзбек ва ғайра, роҳандозии мулоқоти эҷодӣ барин масъалаҳо муҳокимаронӣ намуданд.
Рӯзи дуюми анҷуман низ баҳсу мунозираҳои олимону мутахассисон авҷ гирифт. Дар мавзӯъҳои «Таърих, назарияи анъанаи бахшигарӣ ва маҳорати иҷрогарӣ», «Ҳамоса – чун дурдонаи мероси маънавии  мардум», «Ҳолати имрӯзаи санъати бахшигарӣ ва муаммоҳои ҳифзи он», «Мероси эпикӣ дар партави мусиқашиносии этникӣ» ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуд. Дар бораи ҷойгоҳи мероси мадании ғайримоддӣ дар ҳаёт, рушди арзишҳои миллии мардумон ва аҳамияти онҳо дар бобати дар рӯҳи ватанпарварӣ тарбия намудани насли ҷавон мубодилаи афкор ба амал омад. Дар бобати андешидани чораҳои таъсирбахш бар зидди ғояҳои «маданияти оммавӣ», ки ҷавононро аз эҷоди даҳонакии халқ дур месозад, тавсияҳо баён гардиданд.
– Дар Ӯзбекистон қадр гардидани санъати достонсароӣ ва бахшигарӣ чун боигарии бебаҳо барои дар рӯҳи эҳтироми насли ҷавон нисбати арзишҳои миллӣ тарбия намудан хидмат менамояд, – мегӯяд директори маркази байналхалқии илмии «Мероси мадании мардумони муғул»-и Русия, доктори илмҳои филологӣ Василий Илларионов. – Дар анҷумани мазкур ин ҷиҳати масъала алоҳида эътироф гардид. Аммо имрӯз дар Русия низ ҷавонон нисбат ба ин навъи санъат таваҷҷӯҳи зиёд надоранд. Дар анҷуман ба ин масъала эътибор нигаронда шуд, ки ин айни муддао аст. Дар диёратон баргузор гардидани ҷашнвораи санъати бахшигарӣ аз он ҷиҳат низ шоистаи эътибор аст, ки ин дар маркази диққати мутахассисон буда, барои ҳалли ин муаммоҳо мусоидат хоҳад намуд.
Дар поёни анҷуман ҳисоботи модераторони шуъбаҳо шунида шуд. Ҳифз ва инкишоф додани намунаҳои нодири санъати қадима, сириштани ин ба шуури насли ҷавон таклиф ва тавсияҳо ба миён гузошта шуданд. Тақдимоти нашрҳои тоза баргузор гардид.

Холмӯъмин МАМАТРАЙИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: