ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАЙАТИ АМОРАТИ МУТТАҲИДАИ АРАБРО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 апрел ҳайати Аморати Муттаҳидаи Арабро таҳти сарварии вазири оид ба корҳои ҳукумат ва оянда Муҳаммад бин Абдуллоҳ ал-Қарқовӣ қабул кард.

Сарвари давлатамон ҳайати бонуфузи АМА-ро, ки дар мамлакатамон мебошанд, самимона хайрамақдам гуфта, ба рушди муназзами муносибатҳои сернақшаи Ӯзбекистону АМА баҳои баланд дод.
Қайд гардид, ки вохӯриҳои самарабахш дар дараҷаи олӣ, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Абу-Дабӣ ва Дубай ба амал омаданд, дар мустаҳкам намудани шарикӣ ва амиқсозии ҳамкории амалии байни ду давлат аз оғоз ёфтани зинаи нав далолат медиҳанд.
Бинобар натиҷаҳои ташриф созишномаҳои муҳим ба даст омада, силсилаи ҳуҷҷатҳои зиёди дуҷониба, аз он ҷумла, бинобар пеш бурдани лоиҳаҳои пешомадноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ба маблағи умумии беш аз 10 миллиард доллар ба имзо расиданд. Ба мақсади татбиқи васеъмиқёси онҳо дар мамлакатамон «Харитаи роҳ»-и дахлдор қабул гардид.
Дар рафти қабул муҳим будани идома додани мулоқоти фаъол ва мубодилаҳои пуршиддат дар дараҷаи созмонҳои давлатӣ, марказҳои илмӣ, ширкату корхонаҳои бонуфуз, инчунин институтҳои бонку молия таъкид гардиданд.
Ба масъалаҳои ҳамкорӣ бинобар ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами Аморати Муттаҳидаи Араб дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва рушди инноватсионӣ эътибори алоҳида дода шуд.
Дар бораи якҷоя аз ҷониби экспертҳои ду мамлакат  тайёр намудани таклифҳои дақиқ бино бар роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои устувор созишнома ба даст омад.
Вазир ал-Қарқовӣ ба сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев барои пазироии самимӣ миннатдорӣ изҳор намуда, салом ва таманноҳои беҳтарини Президенти АМА Шайх Халифа бин Зоид Ол Наҳайён, валиаҳди Абу-Дабӣ, муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи АМА Шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳайён ва ноиб-президент, Сарвазири АМА, ҳокими Аморати Дубай Шайх Муҳаммад бин Рошид ал-Мактумро расонд.
Меҳмон ба дигаргунсозиҳои васеъмиқёси соҳаи бунёди давлатӣ ва ҷамъиятии мамлакатамон, ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ баҳои баланд дода, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии байни Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб пайравии қатъӣ доштани роҳбарияти мамлакаташро таъкид намуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: