ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ИМА БИНО БАР МАСЪАЛАҲОИ ОШТӢ ДАР АФҒОНИСТОНРО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 апрел Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бинобар масъалаҳои оштӣ дар Афғонистон Залмай Ҳалилзодаро, ки дар мамлакатамон бо боздиди амалӣ меҳмон мебошад, пазируфт.

Сарвари давлатамон меҳмонро гарму ҷӯшон истиқбол намуда, рушди муназзами ҳамкории сернақшаи Ӯзбекистону Амрикоро, ки аз мулоқоти рӯшод ва боварии тарафайн асос меёбанд, қайд намуд.
Алоқаҳои сермаҳсул дар дараҷаҳои гуногун, ҳамкории конструктивии сиёсӣ, алоқаҳои пайвастаи байнипарлумонӣ, лоиҳаҳои нави муштараки тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, васеъ гардидани мубодилаи гуманитарӣ – ҳамаи ин аз ибтидои давраи нав дар шарикии стратегии Ӯзбекистон ва ИМА далолат медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Амрико, инчунин рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Ба ҳолат ва пешомади ҳамкории ду мамлакат бино бар танзими вазъият дар Афғонистон баҳо дода шуд.
Президент қайд намуд, ки Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои анъанавии некҳамсоягӣ бо Афғонистон аҳамияти муҳим дода, тарафдори таъмин кардани устуворӣ ва ҳиссаи амалӣ гузоштан ба барқароркунии иқтисодии ин мамлакат мебошад.
Зарурати мутобиқсозии самарабахши саъю кӯшиши ҷомеаи байналхалқӣ дар кумак ба роҳандозии ҷараёни осоиштаи сиёсӣ дар Афғонистон бо назардошти сарварии халқи афғон таъкид гардид.
Залмай Ҳалилзода ба Президент барои пазироии самимӣ миннатдории амиқ изҳор намуда, саломи Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва котиби давлатӣ Майкл Помпеоро расонд.
Намояндаи махсус ба сиёсати мамлакатамон, ки ба расондани кӯмаки ҳамаҷониба ба Афғонистон, аз он ҷумла бо роҳи пеш бурдани лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ нигаронда шудааст, баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки ИМА саъю кӯшиши конструктивии Ӯзбекистонро бинобар кӯмак ба музокироти осоиштаи байниафғонӣ, аз он ҷумла ташаббус оиди баргузор намудани раунди навбатии мулоқот дар Самарқанд бо иштироки намояндагони ҳукумати Афғонистон дастгирӣ менамояд.
Ба ғайр аз ин, соли ҷорӣ баргузор намудани ҷамъомади вазирони Конфронси ҳаштуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ бино бар Афғонистон (RECCA VIII) дар Тошканд имконияти коркарди стратегияи минбаъдаи ҳамкории давлатҳои ҳамсояро бино бар расондани ёрии амалӣ дар осоиштагии мамлакат фароҳам меорад.
Дар хотима омодагии ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Амрико ва васеъ гардондани ҳамкорӣ дар масъалаҳои танзими Афғонистон ба мақсади таъмин кардани сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақа қайд гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: