«ДАШТИ ПАҲНОВАР: ТАЪРИХ ВА МАДАНИЯТ»

Дар чаҳорчӯбаи барномаи «Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон бо номи «Дашти паҳновар: таърих ва маданият» намоишгоҳ дари худро боз намуд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ директори Осорхонаи миллии Қазоқистон Алмаз Шейкенович Нуразхон ва директори Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон Васила Файзиева, олимон, таърихнигорон иштирок карданд.
Пеш аз оғози намоишгоҳ дар Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон бо иштироки олимони таърихнигор, санъатшиносон, актёрон ва рӯзноманигорони ӯзбеку қазоқ нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар он таъкид гардид, ки мақсад аз ташкил намудани  тадбир тамошобинони хориҷиро бо мероси ғании таърихӣ ва мадании Қазоқистон ошно кардан мебошад. 
Дар намоишгоҳ муҷассамаи «Одами тиллоӣ» («Олтин одам»), ки рамзи Қазоқистон ба ҳисоб меравад, ба намоиш гузошта мешавад. Назар ба маълумоти таърихшинос, профессори Донишгоҳи миллии Евроосиё ба номи Л.Н. Гумилева Ҷамбил Артиқбоев охирҳои соли 1960 ва аввали соли 1970 дар ҳудуди Олмаато рӯйдоди археологӣ ба вуқӯъ омад. Аз ҷониби археологи машҳур Кемал Акишев ҳангоми ҷустуҷӯҳои археологӣ аз Иссиққӯрғон боқимондаҳои «Одами тиллоӣ»-и шоҳи сакҳо ёфт шудааст. Бозёфти нодир «Тутанхамони қазоқ» номгузорӣ шуда, яке аз кашфиёти бузурги аср ба шумор мерафт.
Имрӯзҳо лоиҳаи мазкур дар Белорусия, Озарбойҷон, Русия, Хитой, Полша, Корея ва Ҷумҳурии Тотористон бомуваффақият татбиқ мегардад. Дар намоишгоҳи «Одами тиллоӣ», ки дар ин давлатҳо баргузор шуд, зиёда аз 1 млн. тамошобин иштирок карданд. То охири соли 2020 дар 20 давлати дунё ба тамошо гузоштани намоишгоҳ пешбинӣ гардидааст.
Дар намоишгоҳи ҳолоина, ки дар Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон ташкил гардидааст, «Одами тиллоӣ»-ро бо либосҳои пурнақшу ороишҳои тиллоӣ, тирҳои тиллоӣ, бабр ва палангҳои барфӣ, архар, асп ва паррандаҳоро бо кулоҳи конусшакл дидан мумкин. Инчунин, бо ҷанговари сак – одами тиллоӣ, ки якҷоя бо бозёфтҳои археологӣ дафн карда шудааст, шинос шудан мумкин. 
Сак аз забони форсӣ гирифта шуда, маънои «мардҳои алпқомат»-ро дорад.
Аз қӯрғон зиёда аз 4 ҳазор зарфҳои тиллоӣ, порчаҳои либоси қадима ва дигар ашёҳои маишӣ дарёфт шудаанд.
Барои офаридани симои ҷанговари сак, ки аз боқимондаҳои предметҳои қабр сохта шудааст, аз тадқиқотчиён сабр, матонат ва машаққатро талаб намуд. Сюжети асар аз муборизаи қувваи некӣ ба бадӣ иборат аст. Тасвири декоративии ҳайвонҳо дар ашёҳои заргарӣ, миниатура, кандакорӣ дар чӯб, санг ва устухон, меъморӣ дар шакли умумӣ нигоҳ дошта шудаанд.
Дар экспозитсия косаи нуқрагини бо навиштаҷоти қадима, ки аз Иссиққӯрғон ёфт шудааст, ҷойи намоёнро ишғол кардааст. Дар намоишгоҳ зиёда аз 106 экспонат ба маърази тамошобинон гузошта шудааст. Экспонатҳои нодир як қисми хурди санъати қадимии Қазоқистон буда, аз мероси ба худ хоси фарҳанги Дашти Евроосиё дарак медиҳад.
Дар чорабинӣ ҷонишини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Камола Акилова ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ӯзбекистон Дархан Сатибалди иштирок карданд.

С. БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: