ҒОЛИБОНИ ОЗМУН-АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ МУКОФОТОНИДА ШУДАНД

Дар ҷашнворае, ки дар шаҳри Тирмиз мувофиқи қарори роҳбари давлат «Дар бораи баргузор кардани Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ» аз 1 ноябри соли 2018 созмон дода шуд, зиёда аз 160 иштирокдорони беш аз 75 кишвари ҷаҳон, намояндагони ЮНЕСКО, ISESCO – Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои таърих, илм ва фарҳанг, ҳамчунин меҳмонони ифтихорӣ аз Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок карданд.

Дар озмун-азназаргузаронии бахшиён – шоирон, оқинҳо ва жировҳо, ҷамоаҳои фолклорӣ, ки дар доираи ҷашнвора гузаронида шуд, намояндагони 20 кишвар, аз ҷумла Туркия, Русия, Эрон, Белгия, Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Муғулистон, Исроил, Ҷопон, Финляндия, Афғонистон маҳорати худро намоиш доданд. Ба маҳорати иҷрогарии онҳо аъзои ҳакамот аз ҷумлаи арбобони намоёни санъат ва маданият, олимон, мутахассисони соҳибтахассус аз Фаронса, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Туркия, Муғулистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ба тарзи сазовор баҳо доданд.
10 апрел дар саҳнаи замонавии тобистона, ки дар ҳудуди Қасри санъати шаҳри Тирмиз ҷойгир шудааст, ғолибон ва барандагони ҷоизаи озмун-азназаргузаронии байналхалқӣ мукофотонида шуданд.
Ба Гулнора Алламбергенова аз Қароқалпоқистон ва Ким Хуо Сун аз Куриёи Ҷанубӣ дипломҳои дараҷаи сеюм, ҳайкалчаи ҷашнвора ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА супурда шуданд.
Ҷойи дуюм ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 7000 доллари ИМА ба Илгам Бойбулдин (3500 доллар) аз Русия, ҳамчунин ба Ашик Алӣ ва Ашик Шамира (3500 доллар) аз Озарбойҷон дода шуд.
Ҷойи якум ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 доллари ИМА ба бахшии халқии Ӯзбекистон Абдуназар Поёнов ва Кервен Ёвбосаров аз Туркманистон насиб гардид.
Мувофиқи қарори аъзои ҳакамот мукофоти асосӣ – Гран-прии озмун-азназаргузарониро, ки дар доираи Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ гузаронида шуд ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 7000 доллари ИМА-ро Улҷон Бойбусинова аз Қазоқистон соҳиб гардид. Ба ғолибон дипломҳои махсус ва ҳайкалчаи ҷашнвора дар вазъи тантанавӣ супурда шуданд.
– Дар озмун-азназаргузаронии ҷашнвораи байналхалқӣ ман порчаеро аз ҳамосаи «Гӯрӯғли» иҷро кардам, – мегӯяд барандаи Гран-при У.Бойбусинова. – Хеле хурсандам, ки ба мукофоти олии ин ҷашнвораи бонуфуз сазовор гардидам. Озмун хеле шавқовар гузашт. Мо бо эҷодиёти даҳонакии халқии бисёр давлатҳо ва тарзи иҷрои онҳо шинос шудем. Мубодилаи таҷриба кардем. Сафари мо ба мавзеъҳои таърихӣ ва дидании вилояти Сурхондарё аз таассуроти фаромӯшнашаванда пур буд. Умуман ҳамааш хуб гузашт, рӯзҳое, ки ман дар ин сарзамини бостонӣ гузаронидам, дар хотирам як умр боқӣ хоҳанд монд.
Ғайр аз ин дар ҷараёни озмун ба ғолибони беш аз 10 номгӯй дипломҳо ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА супурда шуданд.
Дар конфронси бузурги илмиву амалӣ бино бар мавзӯи «Нақши санъати бахшигӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» бо иштироки олимони маҳаллӣ ва хориҷӣ маърӯзаи фолклоршинос, адабиётшинос ва санъатшиносони машҳур аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла аз ИМА, Олмон, Фаронса, Русия, Чин, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия шунида шуданд, ки ба мушкилоти рӯзмарраи соҳа бахшида шудаанд, ҳамчунин муаррифиҳо баргузор гардиданд. Дар ҷараёни конфронс мутахассисони хориҷӣ, санъатшиносон ва оҳангшиносон лоиҳаҳои вобаста ба мусиқаи ҷаҳониро пешниҳод карданд.
Дар шаҳраки этнографие, ки дар саҳна бунёд шудаасту дар он чорабиниҳои асосии ҷашнвора баргузор гардиданд, меҳмонон бо намоишгоҳи маснуоти санъат ва ҳунармандӣ, суннатҳои миллӣ ва маҳорати таомпазӣ, ки ба минтақаҳои мухталифи кишвари мо дахл доранд, шинос шуданд. Барои тамошои ҷойҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва дигар мавзеъҳои диданӣ, табиати мафтункори вилояти Сурхондарё сафарҳо ташкил карда шуданд.
Чорабинии мутантан бо барномаи бузурги консертӣ дар иштироки устодони санъат, бахшиён ва иҷрогарони ҷавон анҷом ёфт.
Дар тадбир вазири фарҳанг Б.Сайфуллоев иштирок кард.

Холмӯъмин МАМАТРАЙИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: