«НОМИ НЕКАШ БУВАД ҲАМЕША ПОБАРҶО»

Соли 1970-ум аз хидмати ҳарбӣ омадам ва тақдир маро бо адиби хушбаёну тарҷумон Ҳасан Ирфон (1900-1973) рӯ ба рӯ кард.

Камина қариб се сол ба ӯ шогирд будам. Воқеан ӯ асарҳои М.Горкий – «Бачагӣ», «Дар байни мардум», «Университетҳои ман», Даниэл Дефо – «Робинзон Крузо», Жюл Верн – «Бачаҳои капитан Грант», А.Толстой – «Ғалла», романҳои А.Чернишевский – «Чӣ бояд кард?», С.Бородин – «Ситораҳо дар осмони Самарқанд» ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Вай инчунин муаллифи романи «Дар кулбаи косибон» ва повести «Ду ёр аз ду диёр» мебошад. 
Бо устод дамҳои фориғ аз корҳои эҷодӣ ва лаҳзаҳои истироҳат дили беғам мезадем ва ӯ бо чеҳраи гарму суханҳои нарм саргузаштҳои аҷоиб мегуфт. Алалхусус, нақли вай дар бораи аллома Садриддин Айнӣ хеле хотирнишин буд, ки инҷониб дар повести «Зафар» истифода бурдаам. Инак, иқтибос аз китоб.
Соҳибхона баъди бо ҳаловат хӯрдани ноку ангур бо сачоқ лабу лунҷашро пок карду такя ба болин зада бо фароғат нишаст. Сипас доир ба шинос шудан бо Садриддин Айнӣ воқеаҳои аҷиберо гуфт.
– Ҳамон дар хотир дорам, – лаб ба сухан кушод Ҳасан Ирфон, – ҳангоме ки муаллимони собиқам Мулло Абдуқодир Шакурӣ ва Мулло Исматулло Раҳматуллозодаи Самарқандӣ: «Инак, домулло Садриддин Айнӣ» – гуфта мардеро дар пеши китобхонаи «Зарафшон»-и Самарқанд бо ман ошно карданд, аз дидори боз як муаллими дигари мактаби нав ба номи усули савтия басе шод гардидам. Домулло Айнӣ баъд аз омадан ба Самарқанд нав ба кори мактаби Раҳматуллозода даромада буд, зеро дар он замон аз халқи маҳаллии мо муаллимони мактаби нав дар тамоми кишвар ангуштшумор буданд. Муаллими мактаби нав аз Бухоро барои ман бисёр ҷолиб ва ҷозиб буд. Дилам ба Суҳбати ӯ муштоқ бошад ҳам, чун синну солам аз вай хеле хурд буд, ҷуръат намекардам, ки дари ин ганҷинаи илму донишро худам боз кунам. Фурсати муносиб меҷустам.
Домулло аз чанголи ҷаллодони Бухоро ба қарибӣ халос шуда бошад ҳам, лабонаш пуртабассум ва чеҳрааш доимо боз буд.
Бояд муаллимонам бо фаросат дарёфта бошанд, ки ман ба Суҳбати эшон моил ва роғибам.
– Гардед, ҳамагӣ ба ҳавлии мо меравем, – гуфт боре муаллим Мулло Исматулло, – суҳбате ба фароғат муяссар хоҳад шуд.
Суҳбат дар ҳавлии муаллим гарм шуд. Чун аз чӣ дар бисот доштани муаллимони собиқам ва ҳамкорони самарқандии дигарашон воқиф будам, ман бештар ба шунидани суханони гаронбаҳои «муаллими бухороӣ» ҳавас доштам.
Муаллимонам Шакурӣ ва Раҳматуллозода, Ҳоҷӣ Абдуллои Файёз, комиссари маориф ва домулло Айнӣ аз даъватшудагон буда, Ҳоҷӣ Абдулазиз бо дутору садои дилфиреби худ ва Мирзоако бо тору лаҳни дилнавозаш базми хосси моро хуб фораму дилнишин гардонданд. Ин ду санъатгари моҳир, ки аксар аз шеърҳои обдори Ҳофиз ба навбат месуруданд ва худ менавохтанд, маҷлисиёнро бе май масту мадҳуш намуданд.
Чун домулло Айнӣ он вақтҳо нав ба Самарқанд омада буданд, дар чандин базмҳои хос ман шарафи хидматгузорӣ ба Устод ва санъаткорони номиро доштам. Вале инро ҳам гуфтанам лозим аст, ки ҳар ду ҳофизи номдори мо дар ин хел маҷлисҳо ҳеч гуна музду миннатдорӣ қабул намекарданд. Хусусан, ин хислати хоксоронаи онҳо бештар домуллоро роғиби суҳбат ва ҳамнишини онҳо карда буд. «Инҳо ҳунарпешагони фосиднашудаи моанд, ки маю пул ба ахлоқашон таъсир накардааст» – мегуфт ӯ. Онҳо низ домуллоро бештар барои ин дӯст медоштанд, ки мақомдон ва оҳангшинос, шоир, фозил ва адиби сухансанҷ буд, ба қадри ҳунари асил мерасид.
– Ироқро ба Ҳиҷоз бурдеду, Ҳоҷӣ-ака, бо сурури Фарғона фуровардед? – гуфт он шаб домулло ба Ҳоҷӣ Абдулазиз.
– Ман ғуломи фазлу камолат, ай домуллои бухорӣ, – гуфт табассумкунон Ҳоҷӣ Абдулазиз, – дар ин ҷо ғайр аз ту касе ба ин пай бурда наметавонист...
Домулло Айнӣ суҳбати ҳофизони серғавғоро дӯст намедошт. Шавқуну талотӯп фақат ба мастон маъқул мешавад, ки майнаашон бозори калоба асту ғайр аз ғавғо чизе ба гӯшашон намедарояд ва аз мусиқӣ ғайр аз дафу сурнай чизе ба табъашон намефорад.
Дар соҳаи адабиёт домулло Айнӣ баҳри амиқе буд, ки аз кадом китоби форсӣ-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ё арабӣ сухан ба миён ояд, ӯ аз он маълумот ба камол дошт. Баёноти вай агар пурра ва пухта набошад, ҳаргиз ба тахмин чизе нагуфта, мефармуд: «Ба фалон тазкира ё баёз назар кунед, ё ба куллиёт ё қомуси фалон адиб муроҷиат намоед».
Дар соҳаи луғатдонӣ ва луғатшиносӣ, ба гумонам, дар Тӯронзамин камтар касе ба домулло Айнӣ расида метавонист. Ӯ худ як қомуси зиндае буд. Решаи арабӣ ё тоҷикӣ, ё туркӣ доштани ҳар калимаро ӯ бехато мегуфт. Дар хотир дорам, рӯзе дар давраи чанде аз фузало, ки Мирзо Абдулвоҳид Мунзим, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва Лоҳутӣ дар болои ба кадом забон тааллуқ доштани калимаҳои «дабба» ва «гул» баҳс афтод. Баъд аз кашмакаши бисёр ба китобҳои фарҳанг муроҷиат карданд ва гуфтаҳои домулло Айнӣ дуруст баромад.
Солҳои 1925-1926 дар нашриёт мутарҷим будам. Тарҷумаҳои ман ва Ализодаро дар ибтидои ташкили саридораи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд барои таҳрир ба муҳаррирони адабии нашриёт – домулло Айнӣ, домулло Ҳамдӣ ва муаллим Зеҳнӣ медоданду сонитар, масъулони нашриёт ин таҳрирро лозим надонист. Домулло Айнӣ бо хоҳиши худ тарҷумаҳои моро пеш аз супурдани мо ба нашриёт гирифта, дар чанд шаб хонда мебаромад: «Ин барои ошно шудани ман бо осори нависандагони рус зарур аст, ман осори бисёре аз онҳоро нахондаам», – мегуфт. Устод Айнӣ барои зиёд кардани маълумоти худ чунин ғайрату ҳиммате ба кор мебурд.
Ҳасан Ирфон хомӯш монд ва магар чизе ба хотираш расид, ки қоҳ-қоҳ зада хандид. Як ҷунбида боз хубтар нишаст.
– Домулло Айнӣ барои аввалин маҷаллаи тоҷикӣ – «Шӯълаи инқилоб» бо асосгузори он Саидризо Ализода бисёр заҳмат кашид, – нақлашро идома намуд соҳибхона, – нашрия на танҳо дар Осиёи Миёна, ҳатто дар Эрону Афғонистон низ мухлисони бешумор пайдо кард. Вале муаммои коғаз ба миён омад. Идораи маҷалла ва комиссариати корҳои миллӣ маро ба Тошканд фиристоданӣ шуданд, ки коғази чоп биёрам. Домулло Айнӣ хеле ҷавон, яъне нуздаҳсола будани маро дар он рӯзҳои мушавваш, пуртаҳлука далел оварда, маслиҳат дод, ки бо ягон одами калонсол ва ботаҷриба якҷо равам. Чун дар идораи маҷалла каси ба ин кор муносиб набуд, худ довталаб шуд, ки бо ман ба Тошканд меравад. Ман аз ин ҳамсафарӣ ва ҳиммату ғайрати баланди он устоди дурандеш як умр миннатдор мебошам.
Мо баъд аз ду рӯз ба роҳ баромадему аз набудани поезд се шаб дар чойхонаи истгоҳи роҳи оҳан хоб рафтем. Ба назарам, аввалҳои соли 1919 буд. Аз шиддати сармо дар кӯчаву хиёбонҳо касе дида намешуд. Бо ҳаракати ташкилотҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ сардорони роҳи оҳан як вагони фарсудаи дараҷаи чаҳорумро, ки ягон шишаи солим надошт, ба мо нишон доданд: «Омада савор шавед, бо аввалин поезд ба Тошканд равон мекунем», – гуфтанд.
...Наздики саҳар ман бедор шуда, дидам вагони мо гаҳворавор меҷунбад ва ҳаво чунон гарм шудааст, ки ғарқи арақ гашта, баданам сахт мехорад. Тамоми либосҳоямро кашида, бо як кампал хобидам. Аз домулло хабар гирифтам, ӯ бедор нашуда буд ва арақ аз сару рӯяш ҷорӣ шуда бошад ҳам, ба хоби сахт рафта буд. Даруни вагон ором бошад ҳам, аз гармии вагон дигар хобам набурд. Мардум гӯсфандвор чунон ҷафс бар катҳои болоӣ ва поин ва дар зери онҳо, ҳатто бар замини вагон хоб рафта буданд, ки сӯзан афтад, ба замин намерасид. Дар баландӣ хуфтагон ба обу арақ ғӯтида бошанд ҳам, бар замин хуфтагонро аз гармӣ парвое набуд... 
– Мо шаби дароз роҳ рафтем-ку, – гуфт домулло, – ман гумон мекардам ба наздики Тошканд расида бошем. Ин чи бозиест, ки фалак бо мо мебозад?
Мусофирони дигар ҳам ҳамдигарро ҷеғ зада, пасу пеш аз вагон фаромадан гирифтанд. 
Вақтҳои хуфтан тараддуди паровозҳо зиёд шуда буд, ки боз мусофирони чашмбароҳ зудтар худро ба вагон расонданд. Бо таъкиди домулло мо зудтар ҷойи худро ба даст оварда, каме бо ҳамсоягони афғони худ, ки чопор бошанд ҳам, мардони хушсаводе буданд, ба суҳбат даромадем. суҳбат чунон гарм гирифт, ки то нисфи шаб давра гарм буд. Чойники тунукаи мо беист бар сари оташдони картошкапазии Николаи гӯлахбон мерафту меомад. Вагон боз хеле тафсиду қисме аз мусофирон бар заминҳо гӯсфандвор дароз кашиданд. На ин шаб ва на фардо шаб аз «поезди Ашхобод» дараке нашуд. Моҷарои шабгардию рӯзистии вагони «улфатии» мо чаҳор рӯз давом намуд. Ҳар рӯз, ки мо бо телефон аз вокзал бо идораи маҷалла гап мезадем, онҳо нидои ҳайрат мебароварданд: «Эй вой, ҳанӯз шумо нарафтаед?».
– Қисса кӯтоҳ, ман ва домулло Садриддин Айнӣ хеле сарсону саргардон шуда барои «Шӯълаи инқилоб» коғаз овардем, – хулоса намуд Ҳасан Ирфон, – сафари мо ҳар қадар пурзаҳмат бошад ҳам, вале хотирнишин буд. Ҳаққо, ки умри домулло Садриддин Айнӣ сарфи қалам ва эҳёи забони модарӣ гардид. Ман аз он фахр дорам, ки шоҳиди зиндаи ҷоннисории устод ҳастам. Дар соли 1963 нисбати ӯ хотирот навишта, бо чунин байте анҷом дода будам:
Садриддин Айнии мо бирафт аз дунё,
Номи некаш бувад ҳамеша побарҷо!
– Ин байт аз шумо аст? – бо ҳисси қаноатмандӣ пурсид яке аз ҳозирон, – аз шоирӣ ҳам хабар доштед-дия.
– Чаро не? – боз табассум дар лабони Ҳасан Ирфон дамид, – аз наср ба назм як қадам аст.
– Нағз, нағз, акнун бо иҷозати шумо ба мо ҷавоб, ки мисли ҳикояти сафаратон дар роҳ намонем, – гуфтем мо.
Ҳар се беғаш хандиданд. Табъи соҳибхона болида гашт. Маълум буд, ки аз ташрифи меҳмонон хурсанд шудааст. Ҳозирон «суҳбат боқӣ» гуфта даст ба омин бардоштанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: