КИНО — БЕҲТАРИН ВОСИТАИ ТАРБИЯ

Кино санъати волоест, ки дар асоси ҳикоя, қисса, романи нависандагон ва сенарияҳо офарида мешавад.

Дар он, ки ҳунари намоишист, актёрон тавассути  амалкарди қаҳрамонон матлабу маъниеро ба фаҳми тамошобин мерасонанд. Хурду калон аз ин санъати воло баҳрабардоранд. Мо ҳар рӯз тавассути телевизион филмеро тамошо мекунем. Чандест, ки намоиши сериалҳои гуногун расм шудааст. 
Бале, кино  беҳтарин воситаи тарбия аст. Зеро дар экран манзара, ҳодисаю воқеаҳо ва ҳолатҳои равонӣ чун дар ҳаёт пеши назари бинанда зинда таҷассум меёбанд. Мисолан, киноҳои бахшида ба мавзӯи ҷанг ва таърихӣ бинандаро дар рӯҳи ватанпарварӣ ва худшиносӣ тарбия менамоянд...
Санъати кинои кишвар аз замони пайдоишаш шебу фарози зиёдеро пушти сар гузоштааст. Пас, мактаби худро дорад...
Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт чанде қабл доир ба мавзӯъҳои «Дар бораи чорабиниҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи филмҳои бадеӣ, мустанад ва мултипликатсионӣ» ва «Доир ба ҷорӣ намудани сохтори кинопрокати ягона дар ҷумҳурӣ ва филмҳое, ки  дар минтақаҳо намоиш дода мешаванд», нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ ходимони Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино», киносозон, режиссёрони шинохта, киношиносон ва намояндагони киностудияҳои давлативу хусусӣ ширкат ҷустанд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки кинои кишвар имрӯз по ба зинаи нави рушду такомул ниҳодааст. Қарорҳои Президенти мамлакат «Дар бораи чорабиниҳо доир ба рушди минбаъдаи кинематографияи миллӣ», аз 7 августи соли 2017, «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба рушди киноиндустрияи миллӣ» , аз 24 июли соли 2018, ба рушди соҳа такони нав бахшиданд. 
— Тӯли ду соли охир лоиҳаҳои 39 филми бадеӣ, 48 филми мустанад ва 14 филми кӯтоҳметража мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ин миқдор 27 филми бадеӣ, 46 филми мустанад ва 10 филми кӯтоҳметража ба истеҳсолот роҳхат гирифтанд. Дар айни ҳол 19 филми бадеӣ, 40 филми мустанад, 8 филми мултипликатсионӣ, 2 филми кӯтоҳметража барои намоиш омодаанд, — изҳор дошт ҷонишини сардиректори Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино» Шуҳрат Ризоев. — Пайдост,ки барои офаридани филме моҳҳо сипарӣ мегарданд. Дар паси ин рақамҳо маблағи зиёди давлатӣ ва меҳнати киносозон нуҳуфтааст...
Дар ин фосила офарида шудани филмҳои миллии сифатан нав: «Исломхоҷа» — дар бораи вазири ислоҳотхоҳи хоразмӣ, бахшида ба муҳаддиси бузург — «Абӯисо Муҳаммади Тирмизӣ», «Халқпарвар» — доир ба мавзӯи муборизаи пешинагон алайҳи муғулони  ғосиб, бахшида ба қисмати Саид Аҳмад — «Саид бо Саида», «Берлин — Оққӯрғон» — дар мавзӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон ... аз ҷустуҷӯҳои пайгиронаи киносозон дарак медиҳад.
— Корҳо оиди  банаворгирии филмҳо дар бораи Ҷалолуддин Мангубердӣ, Исҳоқхон Ибрат, Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, Умархон ва Нодирабегим ва Абдулло Авлонӣ давом доранд, — гуфт дар идомаи суханаш ҷонишини сардиректор.
— Тибқи барномаи давлатӣ дар маҳалҳо  кинотеатрҳои замонавӣ бунёд мегарданд, — гуфт намояндаи Маркази кинопрокати ҷумҳурӣ.— Дар семоҳаи аввали соли равон маркази мазкур дар шаҳри Тошканд ва шуъбаҳои вилоятӣ филмҳои давлатии «Исломхоҷа», «Дилбари сарвқоматам», «Ҳаёт», «Берлин — Оққӯрғон», «Парвоз», «Нони гарм», «Модар», «Хақпарвар» ва 6 филми киностудияҳои хусусиро ба маърази намоиш гузошт.
Мутахассисони соҳа дар фосилаи баромадҳо ба суолҳои журналистон посух доданд ва ба пешниҳодоташон рӯйи эътибор гардонданд.
Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки Ӯзбекистон ҷумҳурии сермиллат аст. Бояд ин ҷиҳат, чуноне ки дар филми «Суюнчи» («Муждагонӣ») - и ватанӣ ва филмҳои хориҷӣ ба назар мерасад, дар кинои мамлакат таҷассум ёбад. Дар яке аз эпизодҳои  филми «Суюнчи» персонажҳо бо забони қазоқӣ ҳарф мезананд. Тоҷикону ӯзбекон дӯсту бародаранд ва қудою андагӣ доранд. Гоҳо мешавад, ки дар як оила бо ду забон — ӯзбекӣ ва тоҷикӣ ҳарф мезананд. Инъикос ёфтани чунин ҳолатҳои табиӣ дар кинои мамлакат ба дӯстиву бародарӣ ва ҳамбастагии халқҳои минтақа мусоидат менамояд. 

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: