ӮЗБЕКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН: ШАРИКИИ СТРАТЕГИРО МУСТАҲКАМ НАМУДА

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14-15 апрели соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба мамлакатамон бо боздиди давлатӣ ташриф меорад.

Ташрифи аввалини давлатии сарвари Ҷумҳурии Қазоқистон аз идома додани сиёсати хориҷи рӯшод ва конструктивии мамлакат нисбати ҳамсояҳои наздики худ, ки ба он Нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев асос гузоштааст, шаҳодат дода, инчунин ба мустаҳкам намудани риштаҳои таърихии дӯстӣ ва бародарии халқҳои ӯзбеку қазоқ, васеъ гардондани рӯзномаи ҳамкории мамлакатҳоямон дар дараҷаҳои гуногун даъват менамояд. 
Он чиз ҷолиби диққат аст, ки ин яке аз аввалин ташрифҳои Қосим-Жомарт Тоқаев ба мамлакати хориҷӣ ба сифати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.
Имрӯз муносибатҳои сернақшаи байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба дараҷаи сифатан нави рушд баромад. Чунин ҷаҳиш ба туфайли иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев амалӣ гардид, ки ба таҳкими алоқаҳои некҳамсоягӣ ва минбаъд амиқгардонии ҳамкории дуҷониба дар асоси тамоюлҳои боварии тарафайн ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар нигаронда шудааст.
Ҳуҷҷатҳои асосии ҳуқуқии муносибатҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон «Шартнома дар бораи дӯстии абадии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон», ки моҳи октябри соли 1998 имзо шудааст, инчунин «Шартнома дар бораи шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» аз 14 июни соли 2013 мебошанд. Умуман, пойгоҳи шартномавиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба беш аз 200 созишнома ба ҳисоб меравад.
Манфиатдории мамлакатҳо ба минбаъд васеъ гардондани ҳамкории ҳамаҷониба моҳи феврали соли 2019 дар пойтахти Қазоқистон, ки дар он ҷо давраи навбатии машварати сиёсӣ дар дараҷаи муовинони вазирони корҳои хориҷии ду мамлакат ба амал омад, тасдиқ шуда буд. Дар рафти музокирот пешомади самтҳои роҳандозии шарикӣ бино бар ҷанбаи васеи масъалаҳо, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мебошанд, баррасӣ гардиданд.
Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар доираи созмонҳои байналхалқӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва сохторҳои дигар бинобар масъалаҳои муҳими рӯзнома дар Осиёи Марказӣ фаъол ва самарабахш ҳамкорӣ мекунанд.
Бо ташаббуси Ӯзбекистон созмон дода шудани Минтақаи аз силоҳи ядроӣ озоди Осиёи Марказӣ (МСЯООМ), инчунин бино бар пешниҳоди Қазоқистон 29 август эълон шудани Рӯзи байналхалқии мубориза бар зидди озмоишҳои ядроӣ ҳамчун мисоли равшан хидмат мекунанд.
Қазоқистон шарики боэътимоди тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Тӯли солҳои охир дар кооператсияи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, равобит байни бизнес-ҷомеаҳо афзоиши назаррас мушоҳида мегардад.
Имрӯз дар мамлакатамон бо иштироки сармояи Қазоқистон 339 корхона фаъолият нишон медиҳад, ки аз онҳо 290-тояшон муштарак ва 49 тояшон бо сармояи садфоизаи Қазоқистон мебошанд. Намояндагии 16 ширкати Қазоқистон ба рӯйхат гирифта шудааст. Соҳаҳои асосии фаъолияти онҳо амалиёти тиҷоратӣ, хидматрасонии нақлиётиву логистикӣ ва дигар, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва молҳои истеъмоли халқ мебошанд. Муомилоти тарафайни дуҷонибаи мол дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта 53 фоиз баланд гардида, ба 3,022 миллиард доллар расид.
Байни минтақаҳои ду мамлакат механизми нави ҳамкорӣ роҳандозӣ гардид. Моҳи ноябри соли 2018 дар Чимкент Форуми якуми ҳамкории байниминтақавии Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба амал омад, ки дар доираи он ҷамъомади дувуми Шӯрои корчаллонони «Қазоқистон – Ӯзбекистон», сессияи панелӣ бино бар маҷмӯи агросаноатӣ, инчунин намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии истеҳсоли ду мамлакат баргузор гардиданд.
Ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ аз бисёр ҷиҳат Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ (КМБ) оид ба ҳамкории дуҷониба, ки соли 1997 созмон дода шудааст, мусоидат менамояд. 17 ҷамъомади КМБ ба амал омад, навбатиаш соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Мисоли равшани рушди муназзами алоқаҳои дӯстии байни ду халқ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Соли Ӯзбекистон эълон шудани соли 2018-ум гардид. Дар доираи он беш аз 80 чорабинӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва маданиву гуманитарӣ ба амал омаданд. Дар байни онҳо «Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон», «Соли сайёҳии Ӯзбекистон дар Қазоқистон», «Рӯзи кинои Ӯзбекистон» ва ғайра мебошанд.
Дар идомаи ин ташаббуси муҳим ва ба мақсади таҳкими минбаъдаи мулоқоти ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Қазоқистон соли 2019-ум дар Ӯзбекистон Соли Қазоқистон эълон гардид.
Алоқаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳани Ӯзбекистон ва Қазоқистон фаъол ривоҷ меёбанд.
Инак, кушода шудани роҳи нақлиёти автомобилие, ки аз ҳудуди ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон мегузарад, Тошканд ва Самарқандро мепайвандад, ба роҳ мондани ҳаракати поезди тезгарди «Тошканд – Алмаато» ва хатсайрҳои автобусӣ байни шаҳрҳои ду мамлакат ба назаррас баланд гардидани савдои тарафайн, ба роҳ мондани алоқаҳои корӣ, интенсификатсияи равобити байни доираҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.
Яке аз муносибатҳои асосии таркибии Ӯзбекистону Қазоқистон ҳамкории маданиву гуманитарӣ ба ҳисоб меравад, ки дар нигоҳ доштан ва таҳкими сулҳу осоиши байниэтникӣ ва ризоият, тарбия намудани ҳисси эҳтиром ва боварӣ, якҷоя ғанӣ гардондани маданият ва қаринсозии минбаъдаи халқҳои мамлакатҳоямон нақши муҳим мебозад.
Имрӯз дар Ӯзбекистон садҳо ҳазор нафар қазоқҳо умр ба сар мебаранд. Барои нигоҳ доштани маданият, забон, анъана ва урфу одати халқи қазоқ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Инак, дар тамоми мамлакат мактабҳо бо забони қазоқӣ фаъолият нишон медиҳанд. Таълими олӣ ва касбиро бинобар самтҳои гуногун бо забони қазоқӣ дар донишгоҳҳои Гулистон ва Қароқалпоқ, донишкадаҳои омӯзгории Нуқус ва Ҷиззах фаро гирифтан мумкин.
Дастаҳои милливу фолклорӣ ва эстрадии қазоқӣ бомуваффақият фаъолият нишон медиҳанд. Дар Чирчиқ дастаи ҳунарии қазоқии «Домбра», ноҳияи Бӯстонлиқ – дастаи «Дорин», вилоятҳои Тошканд ва Хоразм дастаҳои фолклориву суруд ва суруду рақс фаъолият доранд.
Ҷамоаҳои эҷодии Қазоқистон мунтазам дар Ҷашнвораи байналхалқии «Шарқ тароналари» дар Самарқанд иштирок мекунанд. Ҳайати бонуфузи Қазоқистон таҳти сарварии вазири фарҳанг ва варзиш Аристанбек Муҳамедиули дар Фестивали якуми байналхалқии санъати бахшӣ, ки дар ин рӯзҳо дар Тирмиз баргузор гардид, иштирок кард. Бо хушҳолӣ таъкид бояд кард, ки мувофиқи қарори аъзои ҳакамоти байналхалқии фестивал Гран-прии азназаргузаронӣ-озмунро намояндаи Қазоқистон Улҷан Байбусинова ба даст овард.
Муносибатҳои ҳамаҷониба ва муфиди Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар зинаи навбатии рушди муназзами худ қарор дорад, ҳамоиши ояндаи Ӯзбекистону Қазоқистон дар Тошканд бобати ба пешомаду форматҳои нав баромадани шарикии стратегии ду давлати бародар имконият фароҳам меорад.

ОИ «Дунё». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: