ОБОДИИ МАҲАЛЛА – ОБОДИИ КИШВАР

Солҳои истиқлоли кишвар маҳалла ҳамчун институти алоҳида ба сифати сохтори иҷтимоии ба халқ наздик ба иштирокчии фаъоли ислоҳоти демократӣ табдил ёфт.

Ба мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҷамоатҳои худидоракунӣ, ошкор намудани мушкилоти аҳолӣ ва ёрии амалӣ расондан ба онҳо, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии идораҳои маҳаллӣ ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти онҳо қабул гардидани Фармони Президент «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани мақоми идораи маҳалла дар кор бо мушкилоти аҳолӣ» аз 2 апрели соли ҷорӣ дар ин самт қадами муҳими ҳуқуқӣ гардид.
Дар брифинге, ки Шӯрои ҷумҳурии мувофиқсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти мавзӯи «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани мақоми институтҳои маҳалла дар кор бо мушкилоти аҳолӣ» ташкил намуд, мазмун ва моҳияти Фармони мазкур таҳлил гардид. 
Дар ҷамъомад мутасаддиёни масъули Шӯрои ҷумҳурии маҳалла, раисони маҳаллаҳои вилоят ва ноҳияҳои шаҳри Тошканд иштирок карданд.
– Аксар фаъолияти идораи маҳаллаҳоро бештар дар кори гурӯҳи оштикунонӣ ва расондани ёрии моддӣ ба қишри камбизоати аҳолӣ мешиносанд, – таъкид намуд раиси Шӯрои ҷумҳурии мувофиқсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон Ш.Ҷавлонов. – Минбаъд идораҳои маҳаллаҳо дар асоси фармони тозаинтишоршуда фаъолияти худро барои ҳалли муроҷиат ва мушкилоти аҳолӣ мувофиқи низоми ҳамкории «Маҳалла – сектор – Қабулгоҳи халқӣ – маҳалла» ба роҳ мегузоранд. Ба мақсади такмил додани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар назди ҷамоатҳои шаҳрвандон муовинони раис: оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва маънавиву маърифатӣ, оид ба кӯмакрасонӣ ба соҳибкорӣ, оид ба масъалаҳои соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ ва корҳои ободонӣ ҷорӣ карда мешавад. Инчунин барои нигаҳдории барқарории муҳити иҷтимоиву маънавии маҳаллаҳо аз таркиби кормандони собиқи мақомоти ҳуқуқу тартибот ва куҳансолон бо мақсади аз таҷрибаи бойи ҳаётии онон истифода бурдан гурӯҳи «Пирони маслиҳатгӯ» ташкил меёбад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки раисони маҳалла ба ҳар як маҷлису ҷамъомадҳои ҳокимиятҳои ноҳияҳо даъват мешуданд. Баъзеи онҳо барои иштирок аз ҳудудҳои дур (60-80 км) меоянд. Дар фармон ба маҷлису чорабиниҳое, ки ба вазифа ва самтҳои фаъолияти идораи маҳаллаҳо дахл надоранд, даъват кардани раисони маҳалла манъ карда шудааст. Баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти идораҳои маҳаллаҳо соли ҷорӣ давра ба давра ба 1,5 баробар зиёд кардани музди меҳнати раисон ва котибони масъули ҷамоати шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.
Инчунин дар фармони мазкур биноҳое, ки алҳол аз он ҷамоатҳои шаҳрвандон истифода мебаранд ва моликияти давлатӣ ба шумор мераванд, якҷо бо заминҳои ба онҳо мутааллиқ, аз рӯихат гузаронида, ба моликияти ҷамоати шаҳрвандон дода мешавад. Тавре ки раиси Шӯрои ҷумҳурии маҳаллаҳо Шавкат Ҷавлонов таъкид намуд, қариб 70 фоизи биноҳои ҷамоатҳои шаҳрвандони ҳудудҳои ҷумҳурӣ мувофиқи талаби замон намебошанд. Дар фармон зина ба зина дар асоси лоиҳаҳои намунавӣ сохтан, аз нав таъмир кардан ва таъмири ҷории онҳо қайд шудааст.
– Аз ин пас раисони маҳаллаҳое, ки бори аввал интихоб шудаанд, аз асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ ва вазифаҳои раисии идораҳои маҳалла такмили ихтисос мекунанд, барояшон семинарҳои хонишӣ ташкил мегардад, – мегӯяд дар суҳбат муовини раиси Шӯрои мувофиқсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони вилояти Тошканд Зулхумор Ҷӯраева. – Раисони маҳаллаҳо аз рӯи мушкилоти рӯзмарраи маҳаллаи худ ба роҳбарони секторҳо ва Қабулгоҳҳои халқӣ дар ҳар се моҳ маълумот пешниҳод мекунанд, муаммоҳо дар секторҳо дида баромада, мушкилоти ҷиддитарин ба Қабулгоҳҳои халқӣ тавсия мегарданд.
Шабакаи телевизиону радиои «Mahalla» ҳамчун ҳамкори асосии доири масъалаҳои равшанкунии фаъолияти ҷамоати шаҳрвандон муайян гардида, бо Интернети баландсуръат таъмин намудани ҷамоати маҳаллаҳо ва ба роҳ мондани пойгоҳи электронии маълумоти «Маҳалла» супоришҳо дода шудаанд.
Дар аснои таъмини иҷрои Фармон: мавқеъ ва аҳамияти ҷамоати худидоракунии маҳаллаҳо боз ҳам мустаҳкам мегардад, самти кор бо аҳолӣ ва ҳамкории байниҳамдигарӣ куллан такмил меёбад, бар ивази зиёд шудани музди меҳнати раисон ва котибони масъули ҷамоати шаҳрвандӣ самаранокии фаъолияти онҳо меафзояд.

Г. КАБИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: