БОЗ ДАР БОРАИ ТАЪСИРИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ

Ҳикояи ғамангези як дӯстам

Дӯстам музтариб ва парешонҳол ба назар метофт. 
– Тинҷӣ аст?  – пурсидам.
Гуфт:
– Ташвиши духтарам Майсара. «Наушник», аз афти кор, гӯшашро маъюб кардааст.
Вай ғамгинона нақл намуд:
– Майсара рӯзе ба наздам нишаст ва пурсид, телефони мобилиамро ба модарам диҳам, шумо бароям дигарашро харида медиҳед? 
Телефони хонагиамон кор мекунад, ба модарат, ки хонашин аст, телефони мобилӣ чӣ даркор? – гуфтам ман. Эътироз намуд: «Модарам ба кӯча намебароянд? Ҳоло одами бе «сотка» нест, додо!»
Медонам, дар дасти кӯдаки боғчаи бачагона ҳам ҳоло телефон. Лекин ту телефонатро надеҳ, ба модарат «сотка»-и русуми нав харида медиҳам, хуб? – гӯён ба чашмаш нигариста будам, духтари қадрасам чун тифли нозпарвард сар ба китфам гузошт: «Телефони мобилии замонавӣ ба хонуми хонашини шумо, ба духтаре, ки дар донишгоҳ мехонад, «сотка»-и оддии аз алмисоқ монда шудан мегирад? Айб аст. Дугонаҳоям чӣ хел телефон доранд, медонед? Аз они ман ногоҳ занг занад, ба гирифтан хиҷолат мешавам. Гӯё ҳама ба дастам менигаранд. Гап ҳамин: агар Айфони замонавӣ харида надиҳед, ба ман дигар сим назанед. Намебардорам!»
Ҳазломез гуфтам, ки бисёр хуб, ба ту телефон намекунам. Вай ҷиддӣ буд. Нигоҳи каҷе андохт ва бо қаҳр бархесту равон шуд. Ҳазл кардам, беҳтаринашро харида медиҳам, гуфтам аз пасаш.
Духтарам истод ва бо сари хам овоз баровард: «Ман ҳам ҳазл кардам. Кӣ мондааст ба ман телефони замонавиро?»
Се-чаҳор рӯз гузашт. Майсара бо ханда гап занад ҳам дар чашму рӯяш ҳарорати пештара нест. 
Дар нақлиёти ҷамоатӣ равонаам, духтарҳое, ки ҳамқади духтарам мебошанд, ҳар яке бо «мобил»-и худ андармон. Дар дасти ҳама «сотка»-и гаронбаҳо. Фақат ман телефони оддӣ бардошта мегардамгӯии Майсара, аз афт, ҳақ аст.
Худи ҳамон рӯз ба дӯкон даромадам. Ба нархҳо нигаристаму...
Хайр, чӣ шудааст? Ба духтарам мехарам, охир.
Майсара телефонро доду «додоҷони худам» – гӯён даст ба гарданам овехт. Хурсандии фарзанд магар шодию сурури падару модар нест? Ҳа, як мамнунии ӯ сад тилло.
Рӯзе Майсараро, ки дар хонаи дарун дарс тайёр мекард, ҷеғ задам. Садо нест. Овоз баланд кардам. Бефоида. Бо хаёле, ки хобаш бурдааст, ба дарун даромадам. Вай дар компутер чизе чоп мекард.
– Чанд бор ҷеғ задам, нашунидӣ?
Нигоҳи ӯ ҳамон дар компутер, дар гӯшаш «наушник». Омадани маро ҳис накард.
– Ба ту гап мезанам. Бедорӣ? – гуфтам бо шиддат. Вай як қад парид. «Наушник»-ро гирифт, саросема аз ҷой хест.
– Узр, додо, нашунидаам.
Падару духтар паҳлӯи ҳам нишастаем. Ман воқеаро, ки дар автобус рӯй дод, нақл кардам:
«Духтаре бо «наушник» дар курсӣ нишастааст. Бо майли тамом мусиқӣ гӯш мекунад ва паҳлӯяш рост истодани мӯйсафедеро пай намебарад. Кондуктор як не, ду маротиба ҷой додани ӯро пурсид, духтар, ки дар олами дигар аст, нашунид. Кондукторзан наздик рафту сими «наушник»-ро аз гӯшаш кашид, духтар ба худ омад ва хиҷолатомез аз ҷо хест, ба мӯйсафед ҷой холӣ кард».
Духтарам дар навбати худ, аз хусуси як дугонааш, ки мусиқишунавон роҳ рафта истода, аз баногоҳ аз наздикшавии мошине мегурезам гуфта, ба ҷӯйбори бетонии қади роҳ даромада рафта маъюб шудааст, гуфта дод.
Мусиқӣ!
Замонҳое мо ҳам ҷавон будем. Ҷавонҳоро мефаҳмем. Ба мусиқӣ ошуфта будаму куҷо равам, «магнитафон» бардошта мебурдам. Саҳл паст кун, — мегуфтанд падарам. Ҳоло  шароит дигар аст.  Баланд шуниданӣ бошӣ, марҳамат, «наушник» гузору плеерро бо тамоми овоз гузор. Овози берунаро намешунавӣ, мусиқиат касеро безобита намекунад. 
Вале як рӯз фикри мутахассисеро дар бораи зарари мусиқӣ шунида  истода, бо компутер чоп кардан шунида ва ташвиш кашида, ба Майсара гуфтам:
– Яктаашро кун.
– Маъқул, – розӣ шуд вай.
Аммо духтарам бо «наушник» акнун паҳлуи  мизи компутер камтар нишинад ҳам, пайваста мусиқӣ шуниданро канда намекард.
Ба суруду таронаҳои шӯх ва шиддатнок он қадар маҳлиё, баъзан чӣ кор карда истодани худро намефаҳмид. «Наушник»-и ӯ қаҳри модарашро меовард. Мегуфт: «Гапро намешунидагӣ шудагӣ, духтарам, ана он асбобро аз гӯшат гир!»
Шайдои мусиқӣ шуда, аз олами берунӣ куллан ҷудошавии духтарам, ба гӯшаш надаромада мондани гап маро ҳам ба ташвиш мегузошт. «Наушник»-ро зӯран гирифта мондем. Вале ӯ... бе ана он «дахмаса» ҳам гап занем, дуруст намешунидагӣ шуда монда буд. Ташвиши мо ба изтироб табдил ёфт: шунавоии Майсара бад шудааст? Дар ҳамин синну сол?
Ба духтурхона бурдем. Дар поликлиника баъди муоина гуфтанд, ки аз паиҳам зада истодани овози аз 100 детсибел баланд пардаи гӯш шикаст ёфтааст. Гӯё ба баногӯшам тарсакӣ зада бошанд, як қад паридам.
Бо ин тарз гӯши худ маъюб кардагонро дар хориҷ «авлоди айпод» мегуфтаанд.
Наход духтари ман ҳам...
Диламро ваҳм пахш намуд: акнун чӣ мешавад? «Наушник»-и духтарамро «асбоби шунавоӣ» иваз мекунад?..

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: