ШАҲРВАНДОНИ ӮЗБЕКИСТОН СИЁСАТИ ДАВЛАТРО ДАР СОҲАИ САЛОМАТИИ РЕПРОДУКТИВӢ ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

Дар партави вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбари давлати мо дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон» муайян шудаанд, Маркази омӯзиши афкори умуми ҷумҳурӣ «Ижтимоий фикр» дар мавзӯи «Афкори омма дар бораи воситаҳои репродуктивии шаҳрвандон, саломатии репродуктивӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ» пурсиш баргузор кард.

Мақсади асосии пурсиш ин ошкор кардани пешрафти воситаҳои репродуктивии шаҳрвандони Ӯзбекистон, маънидодкунии  мафҳумҳои «саломатии репродуктивӣ» ва «ҳуқуқи репродуктивӣ», омӯхтани дараҷаи саводнокии шаҳрвандон дар масъалаҳои ба нақшагирии оила ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Дар пурсиш шаҳрвандони Ӯзбекистон – намояндагони табақаҳои мухталифи аҳолӣ аз тамоми гушаву канорҳои ҷумҳурӣ, мардон ва занони тамоми синну сол, вакилони миллат ва динҳои гуногун иштирок карданд. 
Дар Ӯзбекистон дар доираи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 бобати мустаҳкам намудани идораи оила, саломатии модару кӯдак, дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқ кардани тарзи ҳаёти  солим сиёсати ягонаи давлатӣ татбиқ карда мешавад. Ин кор баъд аз қабул шудани Қонун «Дар бораи ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон», ки 11 марти соли 2019 аз ҷониби Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ба имзо расид, ба сатҳи нав баромад. Дар қонун самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон, аз ҷумла инкишоф ва такмил додани низоми ҳифзи саломатии репродуктивӣ, тарбия намудани муносибати бошуурона ва масъулиятшиносона нисбат ба таваллуди кӯдакони солим, фароҳам овардани имкониятҳои баробари мардон ва занон ҳангоми татбиқ намудани ҳуқуқҳои репродуктивии онҳо, баланд бардоштани маданияти тиббии шаҳрвандон дар соҳаи мазкур сабт ёфтаанд. 
Дар ҷамъияти мо оила мавқеи муҳими идораи ҷамъиятии худро нигоҳ медорад, ки тарбияи сазовори насли наврасро таъмин менамояд, кӯдакон аз ҷумлаи арзишҳои бузурги ҳаётӣ боқӣ мемонанд ва мавҷудияти оилаи хушбахту мустаҳкам шарти зарурӣ аст. Аксарияти иштирокдорони пурсиш (73,9 фоиз) бар онанд, ки мазмун ва арзиши асосии оила ин мавҷудияти фарзандон мебошад. 
Мувофиқи пурсиш пешбинии шаҳрвандон бинобар миқдори мувофиқи мақсади кӯдакон дар оила ошкор карда шуд. Ҳамин тариқ, аксарияти ӯзбекистониён бар онанд, ки дар оила се (35 фоиз) ё худ чор (30,8 фоиз) кӯдак бошад. 13,2 фоизи пурсидашудагон, асосан шаҳрвандони вилоятҳои Сурхондарё (34,8 фоиз), Хоразм (19 фоиз) ва Қашқадарё (18,8 фоиз) мехоҳанд дар оилаҳояшон панҷ ва бештар аз он фарзанд бошад.
Тадқиқот нишон дод, ки дар аксар оилаҳои ӯзбекистониён қарор бобати таваллуди тифли нав якҷо бо зану шавҳар қабул карда мешавад ва яке аз омилҳои асосӣ ҳангоми қабул кардани ин қарор муқаррар намудани миқдори фарзандон дар оила (31,5 фоиз) мебошад. Барои таваллуди кӯдаки навбатӣ, бинобар ақидаи пурсидашудагон, саломатии модар (22,5 фоиз), ҳамчунин аҳволи моддии оила (21,7 фоиз) шартҳои муҳим ба шумор мераванд.  
Тадқиқот ҳамчунин ошкор намуд, ки аҳолӣ аз мафҳумҳое чун «саломатии репродуктивӣ» ва «ҳуқуқи репродуктивӣ» огоҳии зарурӣ надоранд, 37,2 фоизи пурсидашудагон ба савол дар бораи оё шумо мавҳуми «саломатии репродуктивӣ»-ро медонед, ҷавоби муътамад доданд, 23 фоизи пурсидашудагон медонанд, ки «ҳуқуқи репродуктивӣ» чӣ маънӣ дорад. Тавре ки пурсиш собит сохт, ҷавонон дар ин масъалаҳо маълумоти кофӣ надоранд: дар байни иштирокдорони 18-19 солаи  пурсиш 19,1 фоизи пурсидашудагон бо мафҳуми «саломатии репродуктивӣ» ошноӣ доранд, бо мафҳуми «ҳуқуқи репродуктивӣ» бошад, 10,6 фоизи пурсидашудагон шиносанд. Бинобар ин бояд корҳоро дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ ва тиббии ҷавонон фаъолтар кард, корҳои тарғибу ташвиқ ва маънидодкуниро дар байни аҳолӣ, пеш аз ҳама, дар байни ҷавонон ба роҳ монд ва баргузор намуд. 
Мониторинги афкори ҷамъиятӣ дар шуури ӯзбекистониён бинобар масъалаи ба нақшагирии оила тағйироти мусбатро ошкор сохт: шаҳрвандон дарк мекунанд, ки ба нақшагирӣ чораи зарурӣ ва мусбати ташаккул додан ва мустаҳкам кардани оила ба шумор меравад, вай имкон медиҳад кӯдакон солиму бардам бошанд, дорои ҳаёти сифатан хуш ва таълими хуб гарданд. Дар давраи тадқиқот афзоиши шумораи пурсидашудагоне, ки ба муҳимияти ба нақшагирии оила муътақиданд, афзудааст: соли 2019-ум аз ин хусус 72,5 фоизи иштирокдорон изҳори ақида кардаанд (соли 2018-ум ин нишондиҳанда 63,8 фоиз буд). 
Умуман, натиҷаҳои пурсиши афкори умум самаранокии чораҳои бинобар ҳифзи модару кӯдак андешидаи давлат, таъмин шудани кафолати татбиқи ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон, бо ахбори дастрас ва боварибахш таъмин гардидани аҳолиро дар соҳаи ҳифзи саломатии репродуктивӣ ва ба нақшагирии оила тасдиқ карданд. Пурсиш нишон дод, ки аксарияти мутлақи ӯзбекистониён сиёсати давлатро дар ин соҳа дастгирӣ менамоянд ва эътимод доранд, ки қабул шудани Қонун «Дар бораи ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон» корҳоро бинобар такмил додани низоми ҳифзи саломатии репродуктивии шаҳрвандон, таъмин гардидани дастрасӣ ва сифати хидматҳои тиббиро дар соҳаи мазкур ба дараҷаи сифатан нав мебардорад, ба беҳтар шудани дараҷаи донишҳои тиббӣ ва маданияти тиббии аҳолӣ, дар шаҳрвандон ба миён омадани муносибати бошуурона ва масъулиятшиносона ба таваллуди кӯдакони солим мусоидат менамояд, тарз ва услуби ҳаётеро оммавӣ месозад, ки ба ҳифз ва мустаҳкам кардани саломатии репродуктивии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. 

М. АНИСИМОВА, мувофиқи маводи маркази «Ижтимоий фикр», хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: