УСТОД АЙНӢ ВА «ҒИЁС-УЛ-ЛУҒОТ»

«Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддин (соли таълифаш 1827-1828) яке аз фарҳангҳои машҳур ва нисбатан калонҳаҷме мебошад, ки дар Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Эрону Афғонистон бештар паҳн шудааст ва дар назди аҳли илму адаб обрӯю эътибори зиёд дорад. «Ғиёс-ул-луғот» зиёда аз 17 ҳазор мақолаи луғавиро дар бар мегирад.

Аз таърихи фарҳангнигорӣ маълум аст, ки устод Айнӣ соли 1938 «Луғати нимтафсилии забони адабии ҳозираи тоҷик» ном фарҳанге танзим намудааст, ки он ҳоло ҷилди 12-уми «Куллиёт»-и Айниро ташкил мекунад. Нусхаи аслии ин луғат дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон гум шудааст. Соли 1966 луғатшинос Ҳофиз Рауфзода ва Камол Айнӣ варақҳои пароканда ва тавзеҳоти устод Айниро, ки ӯ дар поварақи осори адабиёти классикии тоҷик нигошта буд, ҷамъоварӣ намуда, онро дар шакли як луғати хонданӣ пешкаши муштариён намуданд.
Дар таҳияи ин луғат устод Айнӣ «Ғиёс-ул-луғот»-ро ҳамчун сарчашмаи боэътимод истифода бурдааст, ки дар ин хусус дар муқаддимаи фарҳанг чунин ишора дорад: «Манбаъҳои ин китоб дар панҷоҳ фоизи охирӣ аз китобҳои луғати кӯҳна – «Ғиёс-ул-луғот», «Бурҳони қотеъ» ва китобҳои классикии форсу тоҷик буда, дар панҷоҳ фоизи аввал забони зиндаи халқ аст, ки дар ин умри он қадар кӯтоҳнабудаи худам дар дафтари хотири худам ғун шудаанд».
Устод Айнӣ ишора менамояд, ки ин луғат барои ҷавононе, ки аз алифбои арабиасос бехабаранд ва барои адибони ҷавон, ки забони гуфтугӯйиро ба хубӣ намедонанд, таҳия шудааст:
«Аммо мо бо ин ҳама эҳтиёҷҳои гуногун дар дасти худ як китоби луғати тоҷикӣ ҳам надорем, аз китобҳои луғати кӯҳна «Ғиёс-ул-луғот» ва «Бурҳони қотеъ» барин якчанд луғат бо нусхаҳои бисёр кам дар байни мардум ё дар китобхонаҳо бошанд ҳам, аз онҳо фоида бурдани ҷавонон мумкин нест. Зеро якум он, ки онҳо бо алифбои араб ва бо тартиби алифбои араб навишта шудаанд. Дувум, аз нима зиёди мундариҷаи онҳо он луғатҳоеанд, ки тамоман мурда ва аз истеъмол баромада рафтаанд. Ва инчунин қисме аз онҳо маъниҳои аввал ва дар он луғатҳо баёншудаи худро гум карда, дар адабиёти имрӯзаи тоҷик маъниҳои дигар пайдо кардаанд».
Барои қисман қонеъ намудани ҳамин эҳтиёҷи хонандагон аз тарафи устод «Луғати забони адабии тоҷик» таҳия шуда буд.
Устод Айнӣ аз ҷавонӣ барои амиқу саҳеҳ фаҳмидани маънии калимаю ибораҳо ва истифодаи онҳо диққати махсус медодааст. Дар ин кор луғатҳои қадима, аз он ҷумла «Ғиёс-ул-луғот», ҳамеша дар рӯйи мизи кори ӯ будааст. Мувофиқи нақли шодравон Раҳим Ҳошим яке аз луғатҳои дӯстдоштатарини устод Айнӣ «Ғиёс-ул-луғот» будааст. Як миқдор истилоҳоти «номаълум»-и тоҷикӣ, ки имрӯз дар забони мо «ҳуқуқи комил» пайдо кардааст, бо кӯшиши устод ба забони имрӯзаи мо дохил шудааст ва дар ин кор «Ғиёс-ул-луғот» нақши муайяни  роҳбаладиро бозидааст. Устод рӯзе, бемуболиға, 20-30 бор онро мекушод, варақ мезад, ба воситаи муқобилаи маъноии калимаҳо бо якдигар калимаи мувофиқро ҷустуҷӯ менамуд. Аз бисёр варақ задан кунҷи саҳифаҳои китоб сиёҳ шуда буд. Раҳим Ҳошим оиди луғатдонии устод Айнӣ як хотираи худро ба тариқи зер меорад: боре устод дар бораи калимаи «тарҷумон» гап зада дар асл тоҷикӣ — тарзубон, ба маънии донандаи ду забон ва бунёдкунандаи матлабе аз як забон ба забони дигар будан ва ба арабӣ гузашта ба шакли тарҷумон даромадани онро ба муносибате гуфта буд. Баъд аз чандин моҳ ман барои санҷидани ин, ки устод ин калимаро чӣ навъ шарҳ медиҳад, маъно ва баромади онро пурсидам, он чиро, ки чанд моҳ пеш гуфта буд, айнан нақл кард, вале баъд аз тамом шудани гуфтугӯ, боз луғати «Ғиёс-ул-луғот»-ро, ки ҳама вақт дар болои столаш буд, гирифта ҳамон калимаро ёфта хонд ва ба дурустии ҳофизаи худ  бовар ҳосил карда, аз болои айнак ба тарафи ман нигоҳе кард, магар пай бурда буд, ки ман ин саволро қасдан додаам.
Дар гузашта дар доираҳои аҳли адаби тоҷик, дар байни шоирон, дӯстдорони шеър ва умуман шеърхонон яке аз машҳуртарин ва дастрастарини луғатҳо «Ғиёс-ул-луғот» метавон гуфт, ки ягона маъхази мӯътабари луғатшиносӣ ҳисоб меёфт ва тақрибан хонаи ҳеҷ шоир ва ҳеҷ як аз аҳли маърифат набудааст, ки дар он ин луғат набошад. Дурустии ин фикрро тавзеҳоти устод Айнӣ, ки Т.Зеҳнӣ дар мақолаи худ «Худомӯзӣ ё ин ки «Ғиёс-ул-луғот» оварда буд, низ тасдиқ мекунад: «Мазияти ин фарҳанг дар ин ҷост, ки калимаҳои дар адабиётамон маълумро интихобан ҳар якро бо як калима эзоҳ намуда, эзоҳи фарҳангҳои дигарро нақл кардааст. Устод мегуфт, ки дар замони пеш дар мадрасаҳои Бухоро тақрибан 20 ҳазор талаба мехонд ва ҳар муллобача як нусха «Ғиёс-ул-луғот» дошт ва аз ин сабаб ин луғат чанд бор дар Когон аз нав чоп шудааст. Устод таъкид менамуд, ки забони ин китоб содда ва ба тоҷикӣ (имрӯза) наздик буда, муаллиф тарзи талаффузи Мовароуннаҳрро низ қайд мекунад».
Яке аз шогирдони устод Айнӣ адабиётшинос, мунаққид ва яке аз мураттибону муҳаррирони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» Раҳим Ҳошим шиносии худро бо «Ғиёс-ул-луғот» ба таври зер ҳикоят карда буд: «Ман номи «Ғиёс-ул-луғот»-ро аввалин бор дар мактабе, ки дар Самарқанд хондаам, аз муассис ва муаллими калони ин мактаб, марди бисёр фозил Мулло Абдулқодир Шакурӣ шунидаам. Ин муаллим, ки китоби чандон зиёде надошт ва чунонки мо, шогирдонаш, пай мебурдем, яке аз қадрноктарин ва даркортарин китобҳояш ҳамин «Ғиёс-ул-луғот» буд. Дар мавриде агар вақти хондани шеър ё дар аснои сӯҳбат дар бораи маънои калимае баҳс ба миён ояд, дуруст муайян кардани калима лозим шавад, муаллим калиди китобдони худро ба яке аз шогирдон дода, мегуфт, ки рафта, «Ғиёс-ул-луғот»-ро биёрад. Ва онро кушода, чунин ба назар мерасид, ки (ӯ) аз он ба саволи бамиёномада ҷавоби қаноаткунанда меёфт, «муаммо»-ро ҳал мекард».
Имрӯз дастраси хонандагон гардидани  «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (иборат аз ду ҷилд), «Энсиклопедияи тоҷик» ва ба хатти кирилӣ нашр шудани «Ғиёс-ул-луғот» ва «Бурҳони қотеъ», фарҳангномаҳои гуногунҳаҷми якзабонаю дузабона гувоҳи ҷомаи амал пӯшидани орзуву умедҳои устод Айнист.

Амон ВОҲИДОВ, 
Заррина НУРУЛЛОЕВА,  
устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: