ҲАМЕША ДАР ДИЛУ ДИДАҲО

Сардафтари навини адабиёти тоҷику ӯзбек, устод Садриддин Айнӣ пас аз ба Самарқанд омадан, беҳтарин ва машҳуртарин асарҳои худро дар ҳамин шаҳр эҷод кард.

 Дар шафати майдони Регистон соҳиби ҳавлӣ шуд, ки эҷодхонаи ӯ ба ҳисоб мерафту аз тамоми дунё меҳмонони олиқадр барои сӯҳбат бо адиб ба ин ҷо ташриф меоварданд.
Устод Садриддин Айнӣ барои ташкил кардани мактаби миёнаи рақами 22-юми гузари Сӯзангарон саҳми муносиб гузоштааст. Вай дар таҳкурсии бинои таълимгоҳ хишти аввал гузошта буд, ки он соли 1936 ба расмият кушода шудааст. Воқеан, солҳои тӯлонӣ таълимгоҳи мазкур номи ӯро гирифта, муҷассамааш дар ҳавлии мактаб қарор дорад.
15-уми апрели соли равон дар мактаби мазкур ҷашни устод баргузор гардид.
Ҳозирон аввал зери пояи пайкараи соҳибҷашн гулҳои тару тоза гузошта, барои хотира акс гирифтанд. Сипас, дар толори мактаб ҷамъомади тантанавӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ба он директори мактаб Нодира Ҳайдарова ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода, равшанфикр Амина Шарофиддинова, соҳибкор Толиб Усмонов ва дигарон ба сухан баромада, доир ба ҳаёт ва фаъолияти соҳибҷашн ҳарф заданд. Толибилмони мактаб дар асоси повести «Мактаби кӯҳна» саҳнаи аҷоиб намоиш доданд.
Шоир Шукуруллозода китобҳои нави худро ба мактаб тӯҳфа намуд. 
Рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба муносибати зодрӯзи устод Айнӣ «Айнишиносӣ дар Самар-қанд» ном китоби махсусро ба дасти чоп супурд.  
Ҳамон рӯз як гурӯҳ равшан-фикрони Самарқанд ба муно-сибати зодрӯзи шоири оташқалб Пайрав Сулаймонӣ ба қабристон рафта, ояте аз Қуръони карим тиловат намуданд ва рӯйи мар-қадаш гулдастаҳо гузоштанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: