ПАЙВАНДГАРИ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚ

Пайвандҳои адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек таърихи қадима дошта, ба қаъри замонҳо мерасад.

 Ҳуҷҷатҳои хеле пурарзиши суғдӣ ҳанӯз пеш аз истилои араб дар Осиёи Миёна ба мавҷуд будани муносибатҳои дӯстона дар байни ин ду халқ гувоҳӣ медиҳанд. Дар аввалин ёдгории хаттии туркии «Қутадғу билик» муаллифи он ба робитаи бевоситаи адабиву фарҳангии ин ду халқ ишора карда, дар ин замина онҳоро меросшарику меросбари таъриху адабу фарҳанги ҳамдигар медонад ва ба василаи тоҷикон зинда мондани «афсонаи Рустаму Суҳробро» таъкид мекунад. Асрҳо пас Алишер Навоӣ дар «Муҳокимат-ул-луғатайн» низ ба сароҳат нигошта буд: «Дар байни ҷавону пир, балки ҳамаи калону хурди ин ду тоифа (тоҷикону ӯзбекон  — шарҳи мо) ихтилот (наздикӣ) ба як андоза аст. Ҳар қадар ин якро бо он як омезиш ва гуфтор бошад, он якро ҳам бо ин як ба ҳамон андоза такаллум ва гуфтор ҳаст». Тимсоли ҳамин гуна робитаву пайванди воқеӣ дар таърихи ин ду халқ худи Навоӣ ва Ҷомӣ будаанд, ки назирашро таърих кам дар ёд дорад.  
Баъди асрҳои дигар шоири тоҷик Боқӣ Раҳимзода дар матни наздикӣ ва баҳамомезии  халқҳои ӯзбеку тоҷик  гуфтааст:
Фарқи ҳама мардумони дигар осон,
Лекин шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик
Бинанда чунин суоле орад ба миён:
Эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбеки ё тоҷик?
Дар ҳақиқат яке аз имтиёзҳои робитаи тоҷикону ӯзбекон дар он аст, ки ҳар яке аз онҳо дар натиҷаи муносибатҳои наздики иқтисодиву адабӣ ва фарҳангӣ ва мубодилаи онҳо ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст. Ин ду халқ дар як хоку об зиста, меҳнат карда, неъматҳои моддиву маънавӣ ба вуҷуд овардааст, ки ҳаммонанди онро дар муносибатҳои халқҳои дигар дидан душвор аст.
Тоҷикону ӯзбекони ин обу хок дар неку бад дар дарозои таърих  шарик ва ғамхори ҳамдигар буда, дар муборизаҳо ба муқобили бегонагон  аз як гиребон сар бароварда, талхиҳои рӯзгор ва шириниҳои зиндагиро ҳамеша бо ҳам чашидаанд. Ин омилҳо дар ҷараёни ҳамгириҳои иҷтимоиву адабӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек дар тӯли асрҳо муассир ва  таъсиргузор будааст. Ин қаробат ва пайванди босамар дар навбати аввал ба қувватнок шудани алоқа бо ҳамдигар ва якдигарро ғанӣ сохтани адабиёту фарҳанги ҳар ду халқ  мусоидат намудааст.
Шоирону нависандагон ва мутафаккирони тоҷику ӯзбек маҳсули эҷодии худро ба ганҷинаи умумие ҳамроҳ кардаанд, ки аз он ҳар ду халқ баҳравар мешаванд. Ҳамин тариқ, дар халқҳои мо дар давоми асрҳо тарзи тафаккур ва завқи бадеии ягона ба вуҷуд омадааст. Чӣ дар адабиёти даҳанакӣ ва чӣ китобӣ мавҷуд будани мавзӯъҳои муштарак, тарзи баёни муштарак, қаҳрамонони муштарак, шакл ва услубҳои муштарак, тарзи баён ва ифодаи мароми муштарак ба  ин далели қотеъ аст.
Ҳамчунон ки Ҷомӣ ва Навоӣ  дар асри понздаҳ дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули робитаҳои гуногунҷанбаи халқҳои тоҷику ӯзбек таъсири судманд ва созанда доштаанд, дар асрҳои баъд низ ин робитаҳо босамар будааст, ки  ба вуҷуд омадани адабиёти зуллисонайн (дузабона) ба ин гуфта гувоҳ аст. Ин равиши таъсиргузор дар мисоли шахсиятҳои адабӣ дар замони Шӯравӣ низ босамар ва муассир буд, ки намунааш фаъолиятҳои адибони тоҷик устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода  ва ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ғафур Ғулом, Шароф Рашидов, Комил Яшин ва дигарон мебошад.
Дар инкишоф ва пешрафти робитаҳои адабиву фарҳангии ин ду халқ дар рӯзгори охир нақши шоири тоҷик Мирзо Турсунзода хеле бузург аст. Ӯ бо Ӯзбекистон ҳусни таваҷҷӯҳи хосса дошт. Соли 1927, баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе, шоир таҳсилашро дар Дорулмуаллимини Тошканд идома медиҳад ва баъдтар таассуроти он айёмро дар достони «Ҳасани аробакаш» ба тасвир мекашад, ки намунааш ин қитъа аст:
Менамудам нигоҳ роҳравон
Бо муҳаббат ба кишвари ӯзбек.
Дӯстиро тарона мекардам,
Аз забони қаламкаши тоҷик.
Мирзо Турсунзода дар соли 1930 ба Душанбе бармегардад, вале  муҳаббати ин кишвар, ба қавли худаш «ҳамсояи киромӣ» дар дилаш бештар мегардад. Муҳаббати Ӯзбекистон ва фарзандони боҳунари он шоирро ба сурудани шеърҳо вомедорад. Агар дар достони «Барои Ватан» дар қатори дигар халқҳо муборизаи ӯзбеконро алайҳи фашизм васф карда бошад, дар шеъри «Қонуни бародарӣ» шуҳратёр шудани «Замини сабзу самарабахши Ӯзбекистон»-ро таъкид мекунад, Ғафур Ғуломро бародари ҷонӣ ва ҳамқаламу ҳамфикри худ мешуморад. Шеъри «Барно йигит», ки ба Ғафур Ғулом бахшидааст,  чеҳраи нуронии шоири маъруфи ӯзбекро муҷассам намудааст. Мирзо Турсунзода чеҳраи шоири ӯзбекро ҳамчун падари ғамхор, сардори оила ва бобои меҳрубону ғамхор тасвир карда, ба ин васила муҳаббати худ ва халқи тоҷикро ба Ғафур Ғулом ва халқи ӯзбек ифода мекунад:
Бо муҳаббат гӯямат: барно йигит,
Хушқаду хушқомату доно йигит.
Кӯҳ ҳам дорад сафедӣ бар сараш,
Рӯд ҳам дорад сафедӣ бар сараш.
Назми ту кори ҷавонӣ мекунад,
Бо ҷавонон зиндагонӣ мекунад.
Шӯр андозад ба дил оҳанги ӯ,
Ранг бахшад ранги моро ранги ӯ.
Кам нагардад табъи оташбори ту,
Қувваи ашъори ту, ашъори ту.
Ин шеърро Ҳамидӣ тарҷума карда ва дар рӯзномаи «Ӯзбекистон маданияти» (1963, 7 сентябр) ба чоп расидааст. Шоири тоҷик шеъри «Марҳабо»-ро «ба дӯсти содиқи мардуми тоҷик», шоираи ӯзбек Зулфия бахшида, ба ин васила муҳаббаташро ба занону модарони ӯзбек самимона баён кардааст.  Дар шеър ҳисси ватандӯстии шоира, пайванди ӯ бо халқу кишвараш дар маркази диққати шоир истодааст:
Ҳар куҷо, ки рафт гуфтугӯйи ту,
Ӯзбекистон буд дар паҳлӯйи ту.
Мирзо Турсунзода ба воситаи Зулфия симои умумиятёфтаи духтари муборизи ӯзбекро, ки беҳтарин хислат ва фазилатҳои халқи худро таҷассум кардааст, ба вуҷуд овардааст. Ин шеър таронаи муҳаббат ва ормони бародаронаи шоири тоҷик дар ҳаққи духтари ӯзбек аст, ки бо самимият суруда шудааст. 
Ӯзбекистон дар осори манзуму мансури шоири тоҷик ҷойгоҳи хос дошта, вай муҳаббат ва самимияташро ба халқ ва обу хоки кишвари мо самимона ва содиқона ифода мекунад. Шароф Рашидов дар мақолаи «Дӯсти мо, бародари мо» навиштааст: «Даҳаи адабиёту санъати тоҷик, ки соли 1968 дар Ӯзбекистон баргузор гардид, маро ба хотир меояд. Он вақт бисёр вохӯриҳо, муҳокимаҳои эҷодӣ ва суҳбатҳо на фақат дар вазъияти расмӣ, балки дар сари дасторхон, дар ҳавлии ӯ дар Душанбе ва дар хонаи ман дар Тошканд ҷой дошт. Ин вохӯриҳо бо Мирзо Турсунзода дар дилу хотири ман осори амиқ гузоштааст. Ӯ дониши фаровон дошт ва мусоҳиби бисёр оқилу доно буд, як дақиқа ҳам вазифаи  баланду масъулиятноки шоирро фаромӯш намекард. Ҳар вақт ва ҳар як калому сатрро вай бо ҳаёти одамони оддӣ, бо нафъу фоидаи онҳо, бо муборизаи онҳо барои ояндаи дурахшон андоза ва қиёс мекард. Вай дар ин хусус сухан ронда, бо қаноатмандии бузург дар бораи комёбиҳои барҷастаи дар солҳои Ҳокимияти Советӣ на фақат дар соҳаи маданият, санъат ва адабиёт, балки пеш аз ҳама дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва иқтисодиёт бадастовардаи халқҳои ӯзбеку тоҷик гап мезад». 
Мирзо Турсунзода  паёмовар ва омили фаъоли ҳаракат ба сӯйи ваҳдат ва ҳамгироии халқҳои ӯзбеку тоҷик буд ва  табиист, ки ба андозаи хидмати шоистааш дар дилу дидаи ин ду халқ ҷой ҳам гирифтааст. 
             
Ҷумъақул ҲАМРОЕВ,
доктори илмҳои филология, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: