ҚАЗОҚИСТОН – ҲАМСОЯИ НАЗДИК, ШАРИКИ БОЭЪТИМОД ВА СТРАТЕГИИ МО

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев 14-15 апрел ба мамлакатамон бо боздиди давлатӣ ташриф овард.

Аз рӯзҳои аввали истиқлолият Ӯзбекистон аз роҳи рушди муносибатҳо бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла бо Қазоқистон, ки ба боварии тарафайн ва некҳамсоягӣ асос меёбад, рафт. Халқҳоямон аз азал ҳамчун ҳамсояҳои наздик ва бародар умр ба сар бурда, якдигарро дастгирӣ намудаанд. Дар тӯли солҳои гузашта ин алоқаҳо боз ҳам мустаҳкам гардида, онҳо ба мақсади ягона – шукуфоии ду мамлакат нигаронда шудаанд.
Дар мустаҳкам намудани шарикии стратегии байни давлатҳоямон ҳидматҳои Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Нахустин Президенти Қазоқистон – Елбасы Нурсултон Назарбоев бузурганд.
Ба туфайли сиёсати рӯшод ва прагматикии Президент, ташаббусҳои ӯ оид ба рушди равобити дӯстона ва муфид бо мамлакатҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама ҳамсоя, ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба дараҷаи нав бардошат шуд.
Ташрифи давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон 22-23 марти соли 2017 дар муносибатҳои мамлакатҳои бародарӣ давраи навро боз намуд. Ташрифи давлатии Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба мамлакатамон, ки 16-17 сентябри соли 2017 ба амал омад, идомаи пайвастаи мулоқот дар дараҷаи олӣ гардид.
Дар тӯли муддати кутоҳ дар робитаи дутарафаи ду мамлакат натиҷаҳои бемисл мушоҳида гардиданд. Вохӯриву мулоқоти мунтазами сарони ду давлат равобити байни мамлакатҳоямонро боз ҳам мустаҳкам намуданд.
Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев боз як қадами навбатии мустаҳкам намудани дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии байни мамлакатҳоямон мегардад.   
мсЧорабиниҳои асосии ташриф 15 апрел ба амал омаданд.
Истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар қароргоҳи Кӯксарой ба амал омад. 
Баъд аз маросим Шавкат Мирзиёев ва Қасим-Жомарт Тоқаев дар доираи танг вохӯрданд.
Президенти мамлакатамон сарвари Қазоқистонро бо ташрифаш ба мамлакатамон муборакбод намуда, таъкид кард, ки ин идомаи мантиқии мулоқоти сиёсии байни ду давлат мебошад. 
Мо ба ташрифи аввалини давлатиатон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  ба Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳем. Ин ифодаи саъю кӯшиши қатъӣ ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии байни мамлакатҳоямон мебошад. Қазоқистон барои мо ҳамсояи наздик, шарики боэътимод ва стратегӣ ба ҳисоб меравад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Президенти Қазоқистон ба сарвари давлатамон барои даъват ба Ӯзбекистон арзи сипос намуда, аз он изҳори боварӣ кард, ки музокирот сермаҳсул мегузарад. 
Халқҳоямонро умумияти таърих, дин, монандии забон ва арзишҳои миллӣ мепайвандад. Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, ва Нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев муносибатҳои байнидавлатиро ба дараҷаи куллан нав баровардед. Нигоҳ доштани ин суръатро вазифаи худ мепиндорам. Дар Қазоқистон ба ҳамкорӣ намудан бо Ӯзбекистони бародарӣ талаб калон аст, – таъкид намуд Қасим-Жомарт Тоқаев.
Имрӯз робитаи дутарафаи байни мамлакатҳоямон дар тамоми соҳаҳо пайваста ривоҷ меёбанд. Шартнома дар бораи дӯстии абадии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки соли 1998 имзо шудааст, Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки соли 2013 қабул шудааст, барои ҳамкории ба ҳамдигар муфид ҳамчун асоси мустаҳкам хидмат мекунанд.
Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар доираи чунин сохторҳои байналхалқӣ мисли СММ, СҲШ, ИДМ, Созмони ҳамкории исломӣ, Фонди байналхалқӣ оид ба наҷоти Арал самарабахш ҳамкорӣ менамоянд. Қазоқистон фаъолияти Фонди трастии бисёршарикиро, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон барои Назди Арал созмон дода шудааст, дастгирӣ менамояд.
Президентҳо бинобар мустаҳкам намудани ҳамкории минтақавӣ ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ мубодилаи афкор намуданд. Аз он ҷумла, созишнома дар бораи қабули чораҳои низомнок оид ба муборизаи якҷоя дар доираи сохторҳои ду ва бисёрҷониба бо терроризми байналхалқӣ, экстремизми динӣ, муомилоти ғайриқонунии анвои нашъа, ҷинояти муташаккили трансмиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таҳдидҳои дигар, хавфҳои пурзӯршавандаи бехатарии байналхалқӣ ба даст омаданд.

Сарони давлатҳо зарурати татбиқи лоиҳаҳои бузургро бинобар барқароркунии Афғонистон ва рушди муносибатҳои дарозмуҳлати некҳамсоягӣ бо ин мамлакат, аз он ҷумла дар соҳаҳои коммуникатсияи нақлиёт, таълим ва нигаҳдории тандурустӣ қайд намуданд.
Дар рафти музокирот дар дараҷаи олӣ сарони давлатҳо самтҳои пешомадноки ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон, инчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалкиро, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мебошанд, баррасӣ намуданд.
Дар музокирот дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайати расмии Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, таҳкими равобит дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсионӣ, маданиву гуманитарӣ эътибори алоҳида дода шуд.
Қазоқистон яке аз шарикони муҳими тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Ба туфайли рушди босуръати равобит дар соҳаҳои муҳими иқтисодиёт тӯли солҳои охир ҳаҷми муомилоти тарафайни мол қариб ба 50 фоиз баланд гардида, аз 3 миллиард доллари ИМА гузашт. 
Ҷонибҳо собит намуданд, ки кӯшиш мекунанд ин нишондиҳандаро дар солҳои наздик ба 5 миллиард доллар расонанд. Дар назди Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон вазифаи васеъ гардондани номгӯйи равобити тиҷоратӣ, ҷустуҷӯ намудан ва васеъ гардондани шаклҳои нави дарозмӯҳлати кооператсияи иқтисодӣ гузошта шуд. 
Ин ба мустаҳкам намудан ва вусъат додани ҳамкории муфиди иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави истиқболнок дар соҳаи савдо, сармоя, логистика, созмон додани технопаркҳои якҷояи саноатӣ, кластерҳои илмиву инноватсионӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ мусоидат менамояд. 
Ҷонибҳо ба ҷамъбасти Форуми якуми ҳамкории байниминтақавии байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки моҳи ноябри соли 2018 дар Чимкент, инчунин Форуми якуми минтақавии иқтисодии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи марти соли 2019 дар Тошканд ба амал омад, баҳои мусбат доданд.
Дар айни ҳол дар мамлакатамон 336 корхона ва 16 ширкат бо иштироки сармояи Қазоқистон, дар ҳудуди Қазоқистон – 199 корхонаи дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ӯзбекистонӣ созмон додашуда фаъолият нишон медиҳанд. Онҳо хидмати тиҷоратӣ, нақлиётиву логистикӣ ва дигар расонда, масолеҳи бинокорӣ ва номгӯи васеи молҳои истеъмоли халқӣ истеҳсол менамоянд.
Мамлакатҳоямон дар соҳаи мусофиркашонӣ ва боркашонии нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан самарбахш ҳамкорӣ менамоянд. Ин шабакаи муҳими коммуникатсионӣ барои мамлакатҳои сеюм нақши тронзитро иҷро менамояд. Ҷорӣ намудани сабукиҳои тарафайн ва имтиёзҳои иловагӣ ҳангоми кашондани борҳои савдои хориҷӣ аз қаламрави Ӯзбекистон ва Қазоқистон имконияти ба дараҷаи назаррас зиёд гардондани ҳаҷми савдои тарфайнро фароҳам меорад. 
Сарони давлатҳо рафти бомуваффақияти ҷараёни демаркатсияи сарҳадҳои давлатии Қазоқистону Ӯзбекистон, инчунин таъмин кардани фаъолияти самарабахши гузаргоҳҳоро бо мамнуният қайд намуданд, ки ба хеле беҳтар гардидани шароити зисти аҳолии ҳудудҳои наздисарҳадии ду мамлакат, беҳтар гардидани равобити транссарҳадии иқтисодӣ ва мубодилаҳои гуманитарӣ, фаъол гардидани рафту омади тарафайни шаҳрвандон хидмат менамояд.
Ҷонибҳо собит намуданд, ки аз васеъ гардондани ҳамкории тарафайни давлатҳои минтақа дар доираи Фонди байналхалқии наҷоти Арал якҷоя бо созмонҳои байналхалқӣ, институтҳои молиявӣ ва экологӣ дар кори татбиқи барномаву лоиҳаҳои муайян дар ҳавзаи Баҳри Арал манфиатдор мебошанд. 
Дар рафти музокирот оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт, логистика ва кооператсияи саноатӣ созишномаҳо ба даст омаданд. Зарурати коркарди чораҳои иловагӣ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиёт, васеъ гардондани нерӯи содиротӣ ва имкониятҳои транзитии мамлакатҳоямон таъкид гардид.
Маросими ба имзо расондани ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба амал омад. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев ба Изҳороти муштарак имзо гузоштанд. 
Қариб даҳ ҳуҷҷатҳои ба самтҳои гуногуни ҳамкории байни ду мамлакат алоқаманд имзо шуданд. Созишнома дар бораи тартиби эътироф намудани ҳуҷҷатҳое, ки резидентии андозиро тасдиқ менамоянд, дар бораи ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандони Қазоқистон, ки дар Ӯзбекистон кор мекунанд, ва шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Қазоқистон кор мекунанд, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муоҳида дар бораи ҳусни тафоҳум оиди созмон додани Маркази байналхалқии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии «Осиёи Марказӣ» аз ҷумлаи онҳост.
Ба ғайр аз ин, байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ Барномаи ҳамкорӣ дар солҳои 2019-2020, байни Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати иттилоот ва рушди ҷамъиятии Ҷумҳурии Қазоқистон муоҳида дар бораи ҳамкорӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар қабул шуданд.
Дар брифинг барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ сарони давлатҳо таъкид намуданд, ки музокирот дар руҳи ошкоро ва самимият  гузашт, тамоми ҷиҳатҳои ҳамкорӣ ҳаматарафа мавриди муҳокима қарор гирифта, ба созишномаҳои ба ҳар ду тараф муфид муваффақ гардиданд. Қайд гардид, ки созишномаҳо байни Президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки дар рафти ин ташриф ба даст омаданд, ҳуҷҷатҳои имзошуда ҳамкории мамлакатҳоямонро ба дараҷаи сифатан нав мебардоранд.
Дар нимаи дуввуми рӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев ҳамроҳи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ба майдони Мустақиллик ташриф овард. Меҳмони олимартаба ба муҷассамаи Истиқлолият ва накӯи, ки рамзи озодӣ, саъю кӯшиши нек ва ояндаи дурахшони мо мебошад, гул гузошт.

Матназар ЭЛМУРОДОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: