ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАЙДОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ҚАДАМ МЕГУЗОРАД

Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллии пойтахт доир ба мавзӯи «Қадами аввалини Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба майдони байналхалқии молиявӣ» анҷумани матбуотӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ мутахассисони соҳа, намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок карданд.
Қайд гардид, ки дар кишварамон ислоҳотҳои васеъмиқёс идома доранд. Ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодиёти Ӯзбекистон аҳамияти муҳим касб менамояд. Яке аз вазифаҳои муҳим ба даст даровардани рейтинги мустақили байналхалқӣ ва ба бозорҳои ҷаҳон баровардани нахустин облигатсияҳои мустақили Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Мо бояд бештар ғами содироти молу маҳсулотро хӯрем. Қарзи ҷумҳурии мо аз давлатҳои хориҷӣ он қадар зиёд нест, ҳамагӣ 20 фоизро ташкил медиҳад. 
Саволе ба миён меояд, маблағи аз облигатсияҳо афтида ба куҷо сарф мешавад? Қисми зиёди он тавассути бонкҳо ба иқтисодиёт равона карда мешавад. Бояд гуфт, ки агентиҳои байналхалқии рейтинг ба воситаи нишондоди мустақил паҳлуҳои қудратманду заифи Ӯзбекистонро дар чаҳорчӯбаи андозаҳои ҷаҳон таҳлил намуда, ба қобилияти пардохти мамлакат баҳо медиҳанд. Баҳои онҳо бобати ба як қарор омадани сармоягузорон нақши муҳим дорад.
Масалан, сармоягузоре, ки барои коркарди маҳсулоти бофандагии Ӯзбекистон маблағ гузоштанӣ шавад, аввал нишондиҳандаҳои макроиқтисодиёт, устувории сохтори молия, шаффофияти сохтори андоз, ҳаҷм ва имкониятҳои рушди бозори дохилӣ, конвертатсияи озоди асъори миллӣ, қимати он нисбати дигар асъорҳо, динамикаи он ва дигар омилҳоро меомӯзад. Ҳисоботи агентии рейтинги мустақил ба аксарияти саволҳои ӯ ҷавоб дода метавонад.
– Андозаи байналхалқӣ оинаи инъикоскунандаи ислоҳотҳои дар кишварамон татбиқшудаистода низ мебошад,– изҳор намуд ҷонишини вазири молия Одилбек Исоқов. – Барои беҳбудии зиндагии мардум ва дар арсаи байналхалқӣ ҷойи муносиби худро пайдо кардани мамлакат боз ба чиҳо эътибор доданамонро ёдрас менамояд.
Ба сабаби он, ки мавзӯъ наву ҷолиб буд, мутахассисон ба саволҳои зиёди журналистон ҷавоб доданд. Аз ҷумла, савол дода шуд, ки рейтинги байналхалқии кредит чист? Назар ба посухи мутахассисон, он мизони байналхалқиест, ки қобилияти пардохти қарзгирандаро муайян менамояд. Ҳар як сармоягузор пеш аз ба лоиҳае сармоя гузоштан, қобилияти пардохти қарзгирандаро санҷида, баъд ба як қарор меояд.
Дар поёни чорабинӣ ба саволҳои дигар низ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: