«БАЧЕМ, АЙНАКАТРО ГИРИФТӢ?»

Ҳастии ҳамсояамон Раъноапа низ лабрези ғаму андӯҳ:

– Ман дар мактаби миёна муаллимаам, ҳамсарам дар яке аз институтҳо чун устод фаъолият мебаранд. Калониамон дар донишгоҳ, хурдӣ дар литсейи академӣ мехонад. Саҳарии бармаҳал аз хона мебароем.
– Модарҷон, ҳама чизамро гирифтам, – мегӯяд писарам аз дар баромада истода.
– Ман ҳам, – мегӯяд хоҳараш, – хавотир нашавед.
Ҳарду, охир, ифодаи «чизҳои даркориро гирифтед?»-и дар гунаам аксёфтаро мехонанд-дия.
– Хуб, нағз равед. Телефон мекунем!
Бачаҳоро гуселонда, дар ташвиши ҳамсарам, ки низ аз дар баромаданист, ба вай наздик мешавам: телефони мобилӣ, калид ва айнаки чашми ӯ дар рӯи миз.
Як рӯз худам «сотка»-амро дар хона гузошта, ба кор омадаам. Дар чӣ аҳвол будам, ба худам аён.
Бо хаёле, ки рӯзи ман ба онҳо наафтад, ба «телефон аз хотир набаромад?» гуфтан одат кардам.
Ба институт дохилшавии писарам дар оилаамон ҳодисаи муҳим гардид. Дере нагузашта пастшавии қобилияти биноиаш бошад... ману падарашро карахт намуд. 
Хайр, ҳеҷ гап не. Онҳое, ки айнак гирифтаанд, каманд? 
Акнун писарамро, ки аз хона баромаданист, суол мекунам: «Айнакатро гирифтӣ?»
Аз мактаб баргашта, дар айвони чароғон рӯзномаҳоро варақ мезадам, сарлавҳаи «Мӯйсафеди газетахон» эътиборамро кашид. Мақоларо хонда баромадам. Он дар хусуси шахси сермутолиае буд, ки ба ҳаштод наздик шуда бошад ҳам бе айнак мехондааст. Офарин!
Духтарам даромада омад.
– Инро бихон, – гуфтам рӯзномаро нишон дода.
– Дар чӣ бора будааст?
– Дар хусуси мӯйсафеде, ки бе айнак рӯзнома мехонад. Лекин акои ту аз ҳоло айнак гирифт.
Духтарам рӯзномаро ба даст гирифт. Зеҳн монда нигарист. Аз чашмаш дур карда, бо ҳиҷҷа хонданаш ғашамро овард.
– Чашмат намегузарад?
Духтарам нигоҳи худ гурезонд:
– Дар рӯзи равшан як навъ-ку, лекин шабонгаҳ дар чароғ... нағз хонда наметавонам. 
Маро барқ зад гӯё:
– Чӣ гуфтӣ?!
Духтари шонздаҳсолаамро ба шифокор нишон додам.
– Хоҳарҷон, ба телефон бисёр нигоҳ мекунед? – ин буд аввалин суоли  окулист.
Садои «ту!» ба сарам чун гурзӣ фуромад: «Ту ба ҳамааш айбдор. Ба ҳамааш айбдор-ту! Ту!»
Ба духтарча хурсанд шавад гуфта, айфон гирифта додагӣ ту не? Ба дили духтари хурдсол-ку нигаристӣ, чаро солимиашро фикр накардӣ? Зиёӣ шуда истода, қоидаи аз телефон дуруст истифодабариро ба фарзандон фаҳмондӣ ё не? Бачагии онҳо андармон бо телефон, бо шабу рӯз ба он зеҳн монда нигаристанҳо, ба он саргарм шуданҳо гузашт, вале ту бепарво.
Бо айнак гаштаҳо кам-мӣ, гӯён худро таскин медодӣ, вақте чашми писарат хира шуд. Акнун духтарат низ дар ин  синн дар сафи «чаҳорчашм»-ҳост?
Ба фарзандонам, ки саҳарии барвақт барои ба хондан рафтан омода мешаванд «айнак фаромӯш нашуд?» мегӯяму дунё гумоне ба чашмам торик мегардад. 
Нури дидаҳои барвақт ба айнак гирифтан маҳкумшудаам!

М. ШОДИЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: